Иттиҳомоти тоза алайҳи Зайд Саидов ва мусодираи "Тоҷикатлас"
Image copyrightBBC World ServiceОжонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҷароими сангини иқтисодӣ панҷ парвандаи дигар алайҳи Зайд Саидов, тоҷири зиндонии саршинос, боз кардааст.
Масъулони ин ожонс гуфтанд, ки се парванда бар асоси моддаи 245 (қисми 4)-и Қонуни ҷиноӣ, ба иттиҳоми "тасарруфи амвол ба миқдори махсусан калон" ва ду парванда бар асоси моддаи 340-и ин қонун, ба иттиҳоми "ҷаъли аснод ва тақаллуб" аоайҳи оқои Саидов ва сармуҳосибаш боз шудааст.
Дар авохири соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидовро ба иттиҳоми таҷовуз ба номус, чандзанӣ, гирифтани ришва ва тақаллуб ба 26 сол (бо мусодираи амвол) маҳкум ба зиндон карда буд.
Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод, рӯзи сешанбеи 4 феврал дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки феълан бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ амволи Зайд Саидов тавқиф шуда ва аз ин миён танҳо корхонаи “Тоҷикатлас” дар шаҳри Душанбе ба нафъи давлат мусодира шудааст.
Раиси Ожонси мубориза бо фасод гуфт, ки оқои Саидов пас аз хусусӣ кардани ин корхона 222 адад аз таҷҳизоти атласбофиро ба қимати арзон ба корхонаҳои Чин фурӯхтааст.
Ҳарчанд масъулони Вазорати саноеъ ва фанноварии ҷадиди Тоҷикистон ахиран мавӯъи эҳёи корхонаи “Тоҷикатлас”-ро матраҳ карданд, аммо мақомоти ин ожонс ин корро душвор хонданд.
Ба гуфтаи онҳо, барои харидории таҷҳизот ва роҳандозии корхонаи “Тоҷикатлас” сармояи ҳангуфте лозим аст. Ба далели мушкилоти иқтисодӣ будҷеи давлати Тоҷикистон имкони сармоягузорӣ дар ин тарҳро надорад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Саидов, бо ҳукми Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон давлат ошхона ва фурӯшгоҳи мӯдеро, ки дар сохтмони Вазорати саноеъ воқеъ буда ва дар замони вазири саноеъ будани Зайд Саидов хусусӣ шуда буданд, дубора ба моликияти худ даровардааст.
Бар асоси қавонини Тоҷикистон утоқ ё қисматҳое аз як сохтмони давлатӣ хусусӣ намешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар бештари сохтмонҳои давлатӣ ошхона, рестурон ё нукоти мухталифи хидматрасонӣ хусусӣ шудаанд.
Фаттоҳ Саидов гуфт: "Пас аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми Суди (Додгоҳи) олӣ масъалаи амволаш дида (баррасӣ) мешавад. Дар ҷараёни бозрасӣ маълум хоҳад шуд, ки кадом амвол ба таври тақаллубкорона ба номи хешовандон сабт шудааст. Агар чунин ҳолат ошкор шавад, амвол (-и Зайд Саидов) мусодира мешавад."
Оқои Саидов дар мавриди сарнавишти муҷтамаъи тиҷории “Пойтахт” дар шаҳри Душанбе, ки ба Зайд Саидов мутаъаллиқ аст, гуфт, ки то замони баррасии парвандаҳои иқтисодии Зайд Саидов даромади ин муҷтамаъ ба ҳисоби бонкии вижаи Ожонси мубориза бо фасод ворид мешавад.
Вай афзуд, ки дар сурати муҷрим шинохта шудани Зайд Саидов аз сӯйи додгоҳ, маблағи ҷамъшуда дар ин ҳисоб ба будҷеи давлати Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд.
