Ожонси мубориза бо фасод: Марги омӯзгор ба мо марбут нест

  • 2 Июл, 2013
Сирдарё
Image caption Расонаҳо мегӯянд Ҷаннат Усмонова ба далели нанг аз ҷомеъа дар пайи муттаҳам шудан дар ришвагирӣ худро ба дарё партофтааст

Бахши вазорати умури дохила дар вилояти Суғд мегӯяд, таҳқиқи сабаби марги Ҷаннат Усмонова, омӯзгори 64 солаи шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Ин хонуми солманд, ки омӯзгори Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд будааст, чанде қабл аз он, ки ҷасадаш дар наздикии рӯдхонаи Сирдарё пайдо шавад аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасод бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт ва сипас таҳти шароити "тарк накардани шаҳр" раҳо шуда буд.

Ожонси мубориза бо фасоди вилояти Суғд Ҷаннат Усмоноваро дар гирифтани ришва ба манзури кумак ба пазироии як шогирди мактаб ба коледҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муттаҳм карда буданд.

Ин ожонс рӯзи сешанбе ба хабаргузориҳо ҳар гуна иртибот ба қазияи марги хонуми Усмоноваро рад карданд. Онҳо таъйид карданд, ки алайҳи ӯ тибқи моддаи 319 қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд ва ӯ бо имзои нома дар мавриди тарк накардани вилоят ӯро аз боздоштгоҳ озод шуда буд.

Ҳарчанд наздикон ва расонаҳо дар бораи худкушии Ҷанат Усмонова ба далели нанг аз ҷомеъа сӯҳбат мекунанд, кормандони пулис мегӯянд, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин омӯзгори собиқадор худкушӣ кардааст ё хайр.

Акбар Шарипов, сухангӯйи пулиси вилояти Суғд дар сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ дар робита ба ин қазия гуфт: "Рӯзи 27 июн ҳамсари Усмонова бо мо шикоят аз нопадид шудани ӯ овард. Ҷасади ин хонум рӯзи 29 июн аз ноҳияи Спитамен аз наздикиии рӯдхона пайдо шуд. Ҳоло таҳқиқот барои мушаххас кардани сабаби марги вай идома дорад.”

Дар ҳамин ҳол яке аз интиқодҳои пайваста дар мавриди фаъъолияти Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ин аст, ки кормандони он умдатан бо қазияҳои ришвагирии пизишкон ва омӯзгорон машғул буда, вале дар мавориди мубориза бо фасод дар сутуҳи болоии мақомоти давлатӣ кори назаррасе анҷом надодаанд.

То ҳоло дар Тоҷикистон ҳеҷ парвандае дар робита ба даст доштани вазирон ё раисони ниҳодҳои умдаи давлатӣ боз нашуда буд.

Парвандаи ҷиноие, ки Ожонси мубориза бо фасод алайҳи Зайд Саидов, вазири пешини саноеъи Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ боз кард, нахустин парванда ин ожонс алайҳи як вазири собиқ аст, ки пас аз чанд соли барканории ӯ аз мансаби вазирӣ аст.