Фасод дар Тоҷикистон: Кормандони пулис ҳамчунон пешсафанд

  • 17 Январ, 2014
пулImage copyrightRIA Novosti
Image caption Додани ришва дар Тоҷикистон ба амре маъмулӣ табдил шудааст

Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар соли 2013 иртикоби 57 мавриди ҷинояти марбут ба фасод аз сӯйи 44 корманди пулис ошкор шудааст.

Дар гузориши ин ниҳод, ки рӯзи ҷумъаи 17 январ мунташир шуд, ҳамчунин омдааст, ки 22 корманди вазорати дифоъ низ ба иртикоби 25 ҷурми марбут ба фасод мутаҳҳам мешаванд. Дар 42 мавриди фасод 24 корманди Кумитаи молиёт низ гумонбар будаанд.

Дар соли гузашта ҳамчунин шаш нафар аз кормандони Идораи гумрук ба иртикоби 9 ҷурми мушобеҳ ва ҳафт кормандои бахши қазоия дар иртикоби 7 мавриди фасод мутаҳҳам дониста шудаанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омада, ки дар соли гузашта миёни кормандони худи Ожонсии мубориза бо фасод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Ожонси мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ду мавриди ба фасод даст задани кормандони ҳар кадом аз ин ниҳодҳо ошкор шудааст.

Гуфта шуда, ки дар соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1325 мавриди фасод ва ҷароими иқтисодӣ ошкор шудааст, ки 83,4 милюн сомонӣ зарари молӣ ба дунбол доштааст. Аз ин маблағ танҳо 26,9 милюн сомонӣ ба будҷеи кишвар баргардонда шудааст.

Ба эътиқоди соҳибназарон, дар ин иттилоъия масъулони Ожонсии мубориза бо фасод аз кормандони додситонии Тоҷикистон аслан ном набурдаанд. Ҳарчанд, ба эътиқоди онҳо, “фасодкории” додситонҳо миёни мардуми Тоҷикистон “вирди забонҳо” шудааст.

Аз сӯйи дигар, маркази матбӯъотии Ожонси мубориза бо фасод хабар медиҳад, ки дар соли гузашта дар 52 вазорату ниҳоди марбут ба онҳо бозрасии молӣ анҷом дода шуда ва ба маблағи беш аз 102 милюн сомонӣ зарари молӣ ошкор шудааст. Аз ин маблағ танҳо ҳудуди 59 милюн сомонӣ ҷуброн карда шудааст.

Маркази матбӯъотии Ожонси мубориза бо фасод аз ҷумла аз ошкор шудани мавориди зиёди фасод дар бахши энержӣ ва саноеъ, кишоварзӣ, обрасонӣ, нақлиёт, тандурустӣ, омӯзишу парвариш, сармоягузорӣ ва гумрук хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, мавориди бештари фасод ба бахши энержӣ марбут аст. Аз ҷумла, ин мушкил дар фаъъолияти ширкати “Барқи тоҷик” ва ниҳодҳои марбут ба он бештар эҳсос мешавад.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сокинон мегӯянд, ки бо пардохти маблағе имкон дорад аз пардохти маблағи ҳангуфти истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон муъоф шаванд.

Гуфта мешавад, ки дар як соли ахир бидеҳиҳои “Барқи тоҷик” ба кумитеи молиёт то 242 милюн сомонӣ, умдатан ба дунболи пардохт нашудани қимати истифода аз нерӯи барқ афзоиш ёфтааст.

Вале кормандони Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки масъулони арсаи энержии шаҳри Душанбе дар гузоришҳои худ мизони воқеъии бидеҳиҳоро 2-3 маротиба бештар аз воқеъ нишон додаанд.

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон борҳо эътироф кардаанд, ки фасод аз мушкилоти умда дар сутӯҳи мухталифи давлати ин кишвар аст ва бидуни ҳалли он рушди иқтисодӣ имконнопазир аст.

Вале бо вуҷуди талошҳои ниҳодҳои вижаи интизомии Тоҷикистон, то ҳол фасод ба яке аз бахшҳои аслии ҳаёти ҷомеъа табдил шуда ва замони аз байн рафтани ин мушкил норӯшан аст.

Матолиби муртабит