Боздошти муъовини раиси донишгоҳи тиббӣ ба ҳангоми ришваситонӣ
Раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як мақоми аршади Донишгоҳи тиббии ин кишвар ҳангоми ришваситонӣ хабар додааст.
Фаттоҳ Саидов мегӯяд, ки ин ниҳод дар як моҳи ахир беш аз 20 парванда дар робита ба даст доштани омӯзгорони донишгоҳҳои олии Тоҷикистон дар ришваситониро таҳқиқ кардааст.
Оқои Саидов, рӯзи душанбеи 29 июл дар нишасти матбӯъотии ожонсӣ гуфт, ки ахиран маъмурони ин ниҳод Самариддин Иброҳимов, муъовини раиси донишгоҳи пизишкиро ҳангоме, ки ӯ мехостааст аз модари як довталаб ҳашт ҳазор дулор ришва бигирад, боздошт кардаанд.
Масъулони ин ниҳод дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 319 қисми чор, яъне ришвагирӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.
Гуфта мешавад юоздошти ин омӯзгор дар пайи ворид шудани шикоят аз модари ин довталаб сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бештар аз боздошти пизишкон ва омӯзгорон барои ришвагирӣ иттилоъ медиҳанд, вале масъулони ин ниҳод наметавонанд даст доштани мақомоти баландпоя дар фасод дар Тоҷикисторо собит кунанд.
