Шаффофияти Байналмилал: Афзоиши фасод дар Эрон ва Афғонистон, коҳиш дар Тоҷикистон

  • 3 Декабр, 2013
Image caption Рутбаи Эрон дар ҷадвали ҷаҳонии фасоди идорӣ ва иқтисодӣ бадтар шудааст

Мизони фасоди давлатӣ дар Эрон ва Афғонистон афзоиш ва дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Гузориши солонаи созмони Шаффофияти Байналмилал дар мавриди фасоди идорӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар соли 2013, ки рӯзи сешанбеи 3 декабр, мунташир шудааст, нишон медиҳад, ки дар миёни кишварҳои мавриди баррасӣ Афғонистон раддаи 174, Тоҷикистон раддаи 154 ва Эрон радаи 144-ро дар ихтиёр гирифтаанд.

Бар асоси гузориши соли гузаштаи ҳамин созмон, Афғонистон дар раддаи 174, Эрон дар раддаи 133 ва Тоҷикистон дар раддаи 157 қарор доштанд. Ба ин тартиб, тайи як соли гузашта фасод дар Афғонистон ва Эрон бештар шуда ва вазъият дар Тоҷикистон андаке беҳбуд ёфтааст.

Дар тадвини феҳристи кишварҳо аз лиҳози фасоди идорӣ ва иқтисодӣ, Созмони Шаффофияти Байналмилал ба ҳар кишваре нумраеро ҳам ихтисос медиҳад, ки аз нумраи 100 ( ба таври куллӣ фоқиди фасод) то сифр (комилан фосид) тағйир мекунад.

Дар ҷадвали соли 2013 нумраи Эрон 25 аз сад, нумраи Афғонистон 8 аз сад ва нумраи Тоҷикистон 22 аз сад буд. Арқоми марбут ба саломати идорӣ ва иқтисодӣ барои Эрон дар соли гузашта 28 буд, ки дар соли ҷорӣ камтар шуда ва ҳокӣ аз афзоиши фасод аст. Барои Афғонистон ва Тоҷикистон ин нумра тағйире наёфта ва тағйир дар рутбабандии онҳо ношӣ аз ҷобаҷоӣ дар рутбаи соири кишварҳо будааст.

Дар соли ҷорӣ кишварҳои Донморк, Зелонди Нав, Финлонд, Суэд, Нурвеж, Сингопур, Суис, Ҳуланд, Устролиё ва Конодо раддаҳои 1 то даҳ солимтарин кишварҳои ҷаҳонро дар ихтиёр гирифтанд, ки ба истиснои беҳбуди рутбаи Нурвеж аз рутбаи 9 ба рутбаи 5, тафовуте бо рутбабандии соли гузашта надорад. Болотарин нумра дар раддабандии ҷаҳонӣ, 91 аз 100 буда, ки насиби Донморк ва Зелонди Нав шуд.

Дар мавриди бадтарин кишварҳои ҷаҳон ҳам бар асоси ин гузориш, Сумолӣ бо нумраи 8 фосидтарин кишвари ҷаҳон буд ва пас аз он кишварҳои Куреи Шимолӣ, Афғонистон, Судон, Судони Ҷанубӣ, Либӣ, Узбакистон, Туркманистон ва Сурия қарор гирифтаанд.

Image caption Мардуми Афғонистон ҳамчунон бо фасоди идорӣ ва иқтисодӣ даст ба гиребон ҳастанд.

Дар соли гузашта даҳ рутбаи бадтарини кишварҳои ҷаҳон дар ихтиёри Сумолӣ, Афғонистон, Судон, Мионмор (Бирма), Узбакистон, Туркманистон, Ироқ ва Венезуэло қарор дошт. Муҳимтарин тағйир тайи як соли гузашта беҳбуд дар вазъияти Мионмор (Бирма) буда, ки коршиносон онро ношӣ аз раванди озодсозии фазои сиёсии он кишвар донистаанд. Рутбаи ин кишвар беҳтар шуда ва аз 172 (нумраи 15 аз сад) дар соли 2012 ба 136 (бо нумраи 27) дар соли ҷорӣ тағйир ёфтааст.

Дар мавриди соири кишварҳои ҷаҳон Олмон дар соли ҷорӣ раддаи 12-ро ба худ ихтисос дод, ки як дараҷа беҳтар аз соли гузашта буд, дар ҳоле ки Жопун аз раддаи 17 ба раддаи 18 нузули рутба ёфтааст.

Иёлоти Муттаҳида дар раддаи 19 боқӣ монд ва Ҷумҳурии Халқи Чин ҳам монанди соли гузашта раддаи 80-ро дар ихтиёр гирифт ва мавқеъияти он дар ҷадвали ҷаҳонии фасод тағйире наёфт. Вазъият дар Бритониё беҳтар шуда ва рутбаи ин кишвар аз 18 (бо 74 имтиёз аз сад) дар соли гузашта ба 14 (бо 76 нумра аз сад) дар соли ҷорӣ иртиқо ёфтааст.

Меъёрҳои андозагирӣ

Созмони Шаффофияти Байналмилал аз соли 1995 ҳарсола гузоришеро дар мавриди фасоди идорӣ ва давлатӣ дар кишварҳои ҷаҳон таҳия ва мунташир мекунад, ки дар канори таҳлиле аз авомили эҷоди фасод дар ин кишварҳо шомили шохисе барои ҳар кишвар ва мавқеъияти он дар раддабандии ҷаҳонӣ аст.

Image caption Озодии фазои сиёсӣ дар (Мионмор) Бирма ба коҳиши фасод дар он кишвар кумак кардааст.

Дар таҳияи ин гузориш фасод ба унвони "сӯистифода аз қудрат барои интифоъи шахсӣ" таъриф шуда ва назари мардум ва коршиносон дар ин замина мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Ба гуфтаи ин созмон арзёбии фасод дар ҳар кишвар бояд дастикам мабнӣ бар се манбаъ, шомили назархоҳӣ аз мардум ва ё муассисоти молӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин арзёбии коршиносон ва мутахассисон бошад.

Гузоришҳои ин муассиса дар мавориди мухталиф мавриди истифодаи коршиносон ва пажӯҳишгарон қарор мегирад, ки аз ҷумла метавон ба иртиботи фасод бо сохтори сиёсӣ ва бахусус озодиҳои сиёсӣ ва ҳамчунин тавсеъи иқтисодӣ ишора кард.

Дар мавриди аввал низоми сиёсии озод ба мардум имкон медиҳад, то афроди мавриди назари худро барои тасадии симатҳои адвлатӣ интихоб кунанд ва аз онон бихоҳанд то наҳваи амалкарди ташкилоти давлатиро аз наздик зери назар дошта бошад ва ҳамчунин битавонанд дар сурати мушоҳида мавориди фасоди онро бидуни воҳима пайгирӣ кунанд.

Дар ин ҳол, ин назарро низ метавон матраҳ кард, ки дар низомҳои озод, мардум нисбат ба ҳукуматгарон ва коргузорони онон эътимоди бештаре доранд ва қоъидатан дар назархоҳиҳо вуҷуди каҷравӣ дар ононро камтар муҳтамал медонанд. Дар муқобил, низомҳои ғайриозод илова бар фароҳам крдани замина аз сӯйи мардум фосид дониста мешавад.

Матолиби муртабит