Кормандони интизомӣ шеваи ҷадиди ташхис ва бозрасии ҷиноёти фасодро меомӯзанд

  • 17 Июн, 2013
Давраҳои омӯзишӣ
Image caption Ҳарчанд масъулони намояндагии САҲУ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки барои ширкат дар ин давраи ду рӯза ниҳодҳои марбута ширкати 15 нафар аз кормандони хешро таъйид карданд

Дар Тоҷикистон барои кормандони ниҳодҳои мубориз бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ, давраҳои бозомӯзии ду рӯзаи шеваи ҷадиди мубориза бо фасод оғоз шудааст.

Ин давраҳо ба ибтикори намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ё OSCE дар Тоҷикистон доир шуда ва дар меҳвари аслии он шеваи ҷадиди ташхис ва бозрасии ҷиноёти марбут ба фасод бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин замина қарор дорад.

Давраҳои бозомӯзи, рӯзи душанбеи 17 июн дар бинои намояндагии САҲУ дар шаҳри Душанбе оғоз ёфтанд ва ин намояндагии барои тадрис дар ин давра муррабии ботаҷрибаро аз кишвари Туркия даъват кардааст.

Белол Шан, муррабии ин давраи омӯзишӣ мегӯяд ки фасод масъалаи доғи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст ва ниёзи баргузории чунин давраҳои дар ин кишварҳо вуҷуд дорад.

Оқои Шан мегӯяд, ки ҳадаф аз баргузории чунин давраҳо аз миён бурдани фасод дар тамоми кишварҳои ҷаҳон будааст. Ин давраҳои бозомӯзии ду рӯза зери шиъори “Тавсеъаи ташхис ва баррасии ҷиноёти марбут ба фасод” доир мешаванд.

Дар ҷараёни рӯзи аввал, барои кормандони ниҳодҳои интизомии дар мавриди таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар роҳи мушаххас кардани анвоъи мухталифи фасод, кашфи ҷиноёти марбут ба он дарсҳои назариявӣ тадрис хоҳад шуд. Ва дар рӯзи дуввуми дарваҳои омӯзишӣ қарор аст, ки ширкаткунандагон ин назарияро таҷриба кунанд.

Image caption Оқои Шан мегӯяд, ки муррабии ин давраи омӯзишӣ мегӯяд ки фасод масъалаи доғи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст ва ниёзи баргузории чунин давраҳои дар ин кишварҳо вуҷуд дорад

Ҳарчанд масъулони намояндагии САҲУ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки барои ширкат дар ин давраҳои ду рӯза ниҳодҳои марбута ширкати 15 нафар аз кормандони хешро таъйид карданд.

Вале дар рӯзи аввали давраҳо шаш нафар аз кормандони онҳо, се нафар аз Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, як корманди вазорати умури дохила ва ду корманди кумитаи молиёт ва додситонӣ ширкат доштанд.

Ин дар ҳолест, ки коршинсоси сиёсӣ мегӯянд, боло будани сатҳи фасоди молӣ ва идорӣ дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ дар Тоҷикистон бар тасвири ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ латма задааст.

Зеро ба гуфтаи онҳо дар ҳоле ки ҳуқуқи мутавассит дар Тоҷикистон ҳудуди 80 дулорро ташкил медиҳад, аз миён бурдани ришваситонӣ ва фасоди молию идорӣ дар ин кишвар ғайримкон аст.

Соҳибназарон муътақиданд, ки агар аз мавориди густардаи фасоди молӣ ва ришвагирӣ дар Тоҷикистон бамавқеъ ҷилавгирӣ нашавад, ин кишвар нахоҳад тавонист дар ояндаи наздик аз буҳрони иқтисодӣ, кит дар он солиёни зиёд қарор дорад, раҳоӣ ёбад.

Маҷаллаи омрикоии "Forbes" дар гузориши худ бо номи "Беҳтарин кишварҳо барои тавсеъаи тиҷорат", ки дар авохири соли 2012 мунташир кард, Тоҷикистонро ба феҳристи 13 кишвари фасодзадатарини ҷаҳон шомил карда буд.

Аммо масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон арзёбии ин маҷалла дар бораи мизони болои фасод дар ин кишварро "ғайримунсифона ва сатҳӣ" унвон карданд.

Матолиби муртабит