'Назорат бар даромад ва масрафи пули мақомот унсури калидии мубориза бо фасод аст'

  • 5 Июн, 2013

Дар Анҷумани дуввуми мубориза бо фасоди Уруосиё дар Белорус гуфта шуда, ки унсури калидӣ дар мубориза бо фасод, назорат бар мутобиқати мизони масрафи пули мақомоти давлатӣ бо даромадашон будааст.

Ин нишаст, ки зери унвони “Мекониcмҳои мубориза бо фасод, меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳалли миллии он” баргузор шуд, масъулони ниҳодҳои мубориза бо фасоди кишварҳои мустақилли ҳамсудро гирди ҳам оварда ва

Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ дар он ширкат дошт.

Тибқи иттилоъи “Парламентская газета”-и Русия, Сергей Наришкин, раиси Думои он кишвар дар ифтитоҳи ҳамоиш гуфтааст: “Қонун дар бораи мутобиқати мизони масраф аз сӯйи мақомоти давлатӣ бо даромади онҳо, унсури аслӣ дар мубориза бо фасод дар шароити имрӯз аст.”

Вай дар ин замина бар зарурати назорати намояндагони мардумӣ ба мизони даромади мақомоти давлатӣ ва мизони харҷи онҳо таъкид кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон Қонуни мутобиқати мизони масраф аз сӯйи мақомоти давлатӣ бо даромади онҳо вуҷуд надоштааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар Анҷумани дуввуми мубориза бо фасоди Уруосиё дар бораи беҳбуди маконисмҳои қонунӣ ва молии муқобила бо фасод дар Кишварҳои Мустақилли Ҳамсуд суханронӣ

кардааст.

Дар ин ҳамоиш коршиносони мубориза бо фасод аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Кишварҳои Мустақилли Ҳамсуд, Олмон, Омрико ва Фаронса ширкат доштанд.

Таъкид ба мубориза бо фасод ва таҳти назорат гирифтани мизони даромад ва ҳазинаҳои масрафи мақомти давлатӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон таҳти назорат гирифтани ҳазинаи даромад ва масрафи мақомоти давлатӣ мушкил аст.

Зеро гуфта мешавад, ки аксаран мақомоти давлатӣ дороиҳои хешро ба номи худ сабт намекунанд ва раиси Ожонси мубориза бо фасод низ дар нашисти охири ин ниҳод зимни посух ба пурсиши хабарнигорон ин нуктаро таъйид кард.