Боздошти як масъули бахши маъориф дар Қурғонтеппа ба занни ришваситонӣ
Бахши Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегӯяд, як масъули Донишкадаи такмили ихтисос барои кормандони бахши маъорифи минтақаи Қурғонтеппа ба зани ришваситонӣ боздошт шудааст.
Ин манбаъ хабар дод, ки Сангак Қарабоев, роҳбари ин донишкада ба занни ситонидани ришва ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.
Ҳикматулло Исматов, масъули Бахши Ожонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки Сангак Қарабоев бо шикояти Насим Собиров, як сокини шаҳри Қурғонтеппа боздошт шудааст.
Оқои Исматов афзуд, алайҳи Сангак Қарабоев тибқи моддаи 247, қисми 3, яъне "ришваситонӣ бо миқдори калон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Барони нахустин бор нест, ки дар ин минтақа як масъули бахши маъориф ба занни даст доштан дар фасод боздошт мешавад.
Қаблан масъулони Ожонсии мубориза бо фасод дар ин минтақа алайҳи се устоди донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба занни ришваситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд, аммо дертар "ба хотири собиқаи корӣ ва унвонҳои илмӣ" парвандаҳо алайҳи онҳо баста шуда буданд.
Коршиносон ночиз будани маъоши устодону омӯгоронро яке аз далоили аслии мавориди зиёди ришваситонӣ дар муассисоти омӯзиш ва парвариши кишвар арзёбӣ мекунанд.
