Қодири Қосим: 'Давлат аз тоҷирону соҳибкорон ҳимояти молӣ мекунад'
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Кумитеи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон эълом кард, дар буҷдеи соли ҷории ин кишвар барои ҳимояти молӣ аз бахши хусусӣ ва тоҷирони ҷудогона ё инфиродӣ 30 милюн сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Қодири Қосим, раиси ин кумите, ки рӯзи ҷумъаи 14 март тарҳи Қонуни “Ҳимоят ва дастгириии давлатии соҳибкорӣ”-ро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки дар ин санад таъсиси Сандуқи ҳимояти молӣ аз соҳибкорон ва пуштибонии молии будҷеҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ аз соҳибкорони манотиқи мухталифи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Оқои Қосим равзанаи воҳид барои сабти номи тоҷирону соҳибкорон, таъсиси Шӯрои машваратии беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва барномаи ҳимоят аз соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020-ро аз тадобири мушаххаси давлати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи фаъъолияти соҳибкорон ва рушди бахши хусусӣ унвон кард.
Аммо Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, ин суолро матраҳ кард: "Чаро бо вуҷуди ин гуна тадобир сатҳи тавсеъаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон пойин рафта ва ин кишвар дар Феҳристи озодии соҳибкории Бонки Ҷаҳонӣ ва Муассисаи Байналмилалии Молӣ дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар зинаи 143-ум қарор дорад?"
Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар гузориши Идораи омори Тоҷикистон низ дар соли гузашта дар муқоиса бо солҳои пешин соҳибкорону тоҷирони бештар фаъъолияти худро қатъ кардаанд, ширкатҳои хусусӣ баста шудаанд ва ин тамоюл идома дорад.
Қодири Қосим, раиси Кумитеи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, эътироф кард, ки дар муқоиса бо панҷ сол қабл вазъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бадтар шуда ва барои таҳқиқи илали ин амр аз ҷумлаи масъулони вазорату идороти зирабти кишвар гурӯҳи корие таъсис шудааст.
Ин дар ҳолест, ки як манбаъи Анҷумани миллии соҳибкории кӯчаку мутавассити Тоҷикистон далели ин амрро ба мизони болои молиёт ва аворизи гумрукӣ марбут хонд, ки иддаи зиёди соҳибкоронро варшикаста кардааст.
Ин соҳибкори тоҷик, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки интизор мерафт пас аз тасвиби Қонуни ҷадиди молиёти Тоҷикистон дар авоили соли гузашта роҳ барои фаъъолияти озоди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ боз шавад.
Аммо бо вуҷуди аз 21 адад то 10 адад коҳиш ёфтани анвоъи молиёт мизон ё ҳаҷми ин молиёт афзоиш ёфтааст. Масалан, соҳибкорону тоҷирон барои замин ё амволи ғайриманқул танҳо як навъ молиёт пардохт мекунанд, аммо мизони он дар муқоиса бо молиёти қаблӣ коҳиш наёфтааст.
Масъулони Кумитеи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ба навбаи худ камбуди сармоя ва боло будани баҳраи вомҳо дар бонкҳои ин кишварро аз мушкилоти умда дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ хонда ва гуфтанд, ки дар соли гузашта Маркази дастгирии соҳибкорони ин кумите ба 26 соҳибкор ба миқдори 28 милюн сомонӣ воми бо баҳраи андак тавзеъ кардааст.
Гуфта мешавад, баҳраи ин вомҳо аз 8 дарсад барои корхонаҳои тавлидӣ то 12 дарсад барои соҳибкорони инфиродӣ буда ва муддати пардохти онҳо аз 3 то 5 солро ташкил медиҳад. Баҳраи вомҳо дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон болиғ ба 20 дарсад аст.
Дар ҳамин ҳол, Исмоъил Талбаков, намояндаи порлумон гуфт, ки Қонуни ҷадиди “Ҳимоят ва дастгириии давлатии соҳибкорӣ”, ки бо аксари кулли оро дар порлумон тасвиб шуд, роҳҳои ислоҳи вазъи соҳибкорӣ ва беҳтар кардани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар Феҳристи озодии тиҷорати Бонки Ҷаҳонӣ ва Муассисаи Байналмилалии Молӣ дарҷ шуда ва иҷрои ин амр ба уҳдаи Кумитеи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ вогузор шудааст.
