Номаи Қудратов ба созмонҳо ва давлатҳо дар бораи Зайд Саидов

  • 15 Июл, 2014
ҚудратовImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Қудратов аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ҳалли қазияи Зайд Саидов дархости кумак кардааст

Яке аз вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, дар номае ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар хостори таваҷҷуҳ ба сарнивишти оқои Саидов ва мусоъидат ба таъмини ҳуқуқи ӯ шудааст.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов, рӯзи сешанбеи 15 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар мавриди қазияи Зайд Саидов ба куллияи додгоҳҳои Тоҷикистон шикояти инстинофӣ ирсол шуда ва дар ин замина ба раиси ҷумҳурию додситонии кулли кишвар низ муроҷиъа шуда буд.

Оқои Қудратов гуфт, ки ба далели он ки талошҳо барои ҳалли мунсифонаи қазияи Зайд Саидов дар дохили Тоҷикистон натиҷа надод, вакили мудофеъ маҷбур шудааст, ки аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар ин замина дархости кумак кунад.

Дар ин нома, ки ба он замимае 19-сффҳаӣ бо далоили навоқис дар раванди бозрасӣ ва муҳокимаи Зайд Саидов изофа шуда, ба аъмоли ба гуфтаи оқои Қудратов ғайриқонунии ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, аз ҷумла, бо вуҷуди масунияти намояндагӣ доштан боздошт шудани оқои Саидов, қонуншиканӣ ва бедодгарӣ ба ҳангоми бозрасӣ ва мусодираи ғайриқонунии амволи ӯ ишора шудааст.

Ҳамчунин, ба фишору таъқиби вукалои мудофеъи Зайд Саидов, аз ҷумла, боздошти Фахриддин Зокиров бо баҳонаи дар муддати муқаррар пардохт накардани бидеҳиҳои бонкӣ таъкид шудааст.

Дар моҳи ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи дигари Зайд Саидовро, бар асоси шикояти Моҳира Бобораҷабова, як "ҷабрдидаи таҷовуз" дар қазияи оқои Саидов, муҳокима ва 200 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Зимнан, 25 декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва мубтакири таъсиси ҳизбе ба номи "Тоҷикистони нав"-ро барои 26 сол ба зиндон маҳкум карда ва амвол ва дороиҳои оқои Саидов ва бархе аз наздикону пайвандони ӯ мусодира шуд.

Додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор парванда дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, ришваситонӣ ва маҳрум кардани худсаронаи инсон аз озодӣ мурҷим шинохта буд.

Зайд Саидов дар моҳи майи соли гузашта ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт ва равонаи боздоштгоҳ шуд. Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ӯро пушти дарҳои баста оғоз кард.

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, робитаи ҷинсӣ бо як фарди зери синни қонунӣ, водор кардан ба сиқти ҷанин ва ахозӣ ё тамаъҷӯиро матраҳ кардаанд.

Аммо дар номаи вакили мудофеъ ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ боздошти оқои Саидов дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сабаби аслии боздошти вай эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" арзёбӣ шудааст.

Матолиби муртабит