Иттиҳоми тозаи Ожонси зиддифасод алайҳи Зайд Саидов
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, иттиҳоми тозае матраҳ кардааст. Дар ин бора Шуҳрат Қудратов, яке аз вукалои оқои Саидов рӯзи ҷумъаи 30-уми май хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳамакнун мақомҳои ин ожонс муваккили ӯро ба сирқати маболиғи будҷе тавассути ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” муттаҳам карда ва алайҳаш парвандаи ҷадиди ҷиноӣ боз кардаанд.
Ҳарчанд ин парванда панҷ моҳ қабл, яъне дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ боз шуда, аммо вакилони дифоъи оқои Саидов дар ин бора тоза мутталеъ шудаанд.
Шуҳрат Қудратов иттиҳомоти Ожонси мубориза бо фасодро бепоя медонад. Ба гуфтаи вай, Зайд Саидов бо ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” ҳеҷ иртиботе надорад. Ҳарчанд ожонси зиддифасод иддаъо карда, ки оқои Саидов “раҳбари ғайрирасмии “Тоҷсохтмон-байналмилал” мебошад”.
Оқои Саидов авохири моҳи майи соли гузашта пас аз он ки аз тасмими худ ба таъсиси ҳизби “Тоҷикистон нав” хабар дод, ба ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Дар поёни соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон оқои Саидовро ба иттиҳомоти таҷовуз ба номус, чандзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ барои 26 сол ба зиндон маҳкум кард. Ҳамзамон, бархе аз дороиҳои Зайд Саидов низ ба тасарруфи давлат даромаданд.
