Тамдиди муҳлати нигаҳдории Зайд Саидов дар боздоштгоҳи амниятӣ
Image copyrightBBC World ServiceМуҳлати нигаҳдории Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ ва мубтакири таъсиси ҳизбе ба номи "Тоҷикистони нав" дар боздоштгоҳи Кумитеи давлатии амнияти миллии ин кишвар барои ду моҳи дигар тамдид шуд.
Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин тасмимро додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи сешанбеи 17 июн бо дархости бозрасони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иттихоз кардааст.
Ба гуфтаи оқои Қудратов, 16 январи соли ҷорӣ ин ожонс алайҳи Зайд Саидов парвандаи ҷадид боз карда ва ӯро бар асоси моддаҳои 245 (қисми 4)-и Қонуни кайфарӣ ба "тасарруфи амвол ба миқдори махсусан калон" ва моддаи 340-и ин қонун ба иттиҳоми "ҷаъли аснод ва тақаллуб" муттаҳам карда буд.
Ҳамакнун бозрасони ин ниҳод аз додгоҳ хостаанд, то муддати нигаҳдории оқои Саидов дар боздоштгоҳи кумитеи амният то поёни бозрасии ин парванда тамдид шавад. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ин дархостро пазируфтааст.
Зимнан, 25 декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва мубтакири таъсиси ҳизбе ба номи "Тоҷикистони нав"-ро барои 26 сол ба зиндон маҳкум кард ва амвол ва дороиҳои оқои Саидов мусодира шуд.
Додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор парванда дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, ришваситонӣ ва маҳрум кардани худсаронаи инсон аз озодӣ мурҷим шинохта буд.
Шуҳрат Қудратов гуфт, ки чун ҳукми додгоҳи олӣ ба маърази иҷро даромадааст, муваккили ӯ бояд аз боздоштгоҳи Кумитеи амнияти миллӣ ба зиндон мунтақил мешуд.
Оқои Қудратов гуфт, ки шикояти истинофии вукалои мудофеъи Зайд Саидов пазируфта нашуда ва онҳо қасд доранд пас аз марҳилаи назоратӣ аз ин ҳукм ба Кумитеи ҳуқуқи башари Созмони Милал, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва созмонҳои дигари ҳуқуқи башари байналмилалӣ шикоят баранд.
Зайд Саидов дар моҳи майи соли гузашта ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт ва равонаи боздоштгоҳ шуда буд. Дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ӯро пушти дарҳои баста оғоз кард.
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи оқои Саидов ҳашт иттиҳом, аз ҷумла ришваситонӣ, чандҳамсарӣ, сӯиистифода аз мақом, тақаллуб, таҷовуз ба номус, робитаи ҷинсӣ бо фарде ноболиғ, водор кардан ба сиқти ҷанин ва ахозӣ ё тамаъҷӯиро матраҳ кардаанд.
Аммо таҳлилгарон боздошти оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва сабаби аслии боздошти вайро эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" арзёбӣ карда буданд.
