Хонаи Озодӣ: Боздошти Содиқов ба "нопадид шудан" шабеҳ аст

  • 18 Июн, 2014
Александр СодиқовImage copyrightBBC World Service
Image caption Хонаи Озодӣ мегӯяд, ки боздошти оқои Содиқов "ба нопадид шудан" шабеҳ аст

Созмони Хонаи Озодӣ бо пахши баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба аъзои хонаводаи Александр Содиқов ва ҳамкоронаш дар бораи маҳал ва шароити нигаҳдорияш дар боздошт иттилоъ бидиҳанд.

Ин созмон, ки аз ниҳодҳои муътабари байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад, ҳамчунин хостори дастрасии ин пажӯҳишгари боздоштшуда ба хадамоти вакили мудофеъ шуда ва гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир боздошти ӯ "шабеҳи нопадид шудан" аст.

Дейвид Креймер, раиси Хонаи Озодӣ, гуфтааст: "Давлати Тоҷикистон бояд ба аъзои хонаводаи Содиқов ва ҳамкоронаш дар бораи маҳал ва шароити нигаҳдорияш дар боздошт иттилоъ бидиҳанд. Содиқов бояд аз хадамоти вакили мудофеъе, ки худаш интихоб карда, фавран бархурдор шавад."

Александр Содиқов, шаҳрванди Тоҷикистон ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Эксетери Бритониё рӯзи душанбеи 16 июн, соъати 12:15 ба вақти маҳаллӣ, дар шаҳри Хоруғ пас аз анҷоми мусоҳибае бо Алим Шерзамонов, аз фаъъолони маҳаллии мухолифи давлат, тавассути маъмурони амниятӣ боздошт шуд.

Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 17 июн бо пахши баёнияеэълом кард, ки оқои Содиқов ба занни ҷосусӣ барои кишваре солис боздошт шудааст. Дар баёнияи ин ниҳод омада, ки вай қабл аз сафар ба Хоруғ бо як диплумоти хориҷӣ дидор дошта ва гӯё барои "анҷоми маъмурияти ҷосусӣ" аз ӯ пул гирифтааст.

Дар ин баёния омадааст: "Ҳангоми вохӯрии махфӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Содиқов А.И. вазифадор карда шуд, ки ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар карда, бо риъоят кардани талаботи махфикорӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алим Шерзамонов ва дигарон вохӯрӣ кунад. Ҳангоми мулоқот аз шаҳрванд Шерзамонов А. тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ (ҷосусӣ) дорад, маълумот дастрас намояд."

Аммо Донишгоҳи Эксетери Бритониё, ки аз донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо пахши итилоъияе ин иттиҳомро рад карда ва хабар дод, ки оқои Содиқов барои анҷоми пажӯҳише дар бораи мунозеъот дар кишварҳои осиёи Миёна ба шаҳри Хоруғ рафта буд.

Дуктур Ҷон Ҳизершо, устоди Донишгоҳи Эксетер ва раҳбари илмии оқои Содиқов, низ, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ба сар мебарад, дар суҳбат бо ASIA-Plus иддиъои ниҳодҳои амниятиии Тоҷикистонро дар бораи "ҷосус будани" Александр Содиқов рад карда ва гуфтааст, ки "ӯ ҷосус на, балки пажӯҳишгар аст!"

Оқои Ҳизершо, ки раҳбарии пружеи "Зуҳури қудратҳо ва мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна"-ро ба уҳда дорад, мегӯяд, ки оқои Содиқов дар чорчӯби ин тарҳ ба анҷоми пажӯҳиш дар Тоҷикистон машғул аст.

Созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, ки аз замони боздошташ дар ду рӯзи пеш, аъзои хонаводаи оқои Содиқов танҳо соъати 9-и шаби 16 июн аз ӯ занги телефунӣ дарёфт кардаанд. Дар ин тамоси телефунӣ, ӯ натавонистааст иттилоъ бидиҳад, ки аз сӯи кӣ боздошт шуда ва дар чи шароите нигаҳдорӣ мешавад.

Бо вуҷуди хабарҳои расида аз Хоруғ, ки оқои Содиқов гӯё рӯзи 17 июн озод ва ба Душанбе мунтақил шуда, аъзои хонавода ва ҳамкорони ӯ ҳаргиз ӯро надидаанд ва дар бораи маҳалли будубошаш иттилоъе надоранд.

Зимнан, Би-би-сӣ низ борҳо саъй кард бо ӯ тамоси телефунӣ барқарор кунад, вале гӯшии ӯ хомӯш аст.

Александр Содиқов, ки худ зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аст, дар гузашта дар бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, кор мекард. Вай дар солҳои ахир дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо ба унвони унвонҷӯ (PhD) ба таҳсил машғул буд.

Оқои Содиқов ҳамчунин сардабири башхи Осиёи Миёнаи торнамои "Global Voices Online" буд, ки мақолоташ дар торнамои "Tajikistan Monitor" низ ҳамвора мунташир мешуд. Вай дар мақолоти худ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекард.

Матолиби муртабит