Ошуфтагии авзоъ пас аз тирандозии маргбор дар Хоруғ
Image copyrightBBC World ServiceВуқӯъи як тирандозӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, мунҷар ба марги се нафар аз сокинони маҳаллӣ шуда ва вазъияти шаҳрро ошуфта кардааст.
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, тирандозӣ дар чаҳорроҳи марказии шаҳр, дар фосилае наздик ба идораи пулиси маҳаллӣ, иттифоқ уфтода ва дастикам се кушта ва чаҳор захмӣ барҷо гузоштааст.
Пизишкони бемористони шаҳри Хоруғ низ таъйид карданд, ки ду нафар аз афроде, ки ҳудуди соъати 12:00 ба вақти маҳаллӣ бо нишонаҳои ҷароҳат аз гулӯла ба бемористон мунтақил шудаанд, ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Ба гуфтаи онҳо, чаҳор нафари дигари захмӣ, ки имрӯз ба бемористон интиқол ёфтаанд, дар вазъи вахим қарор дошта ва таҳти муроқибати пизишкон ҳастанд. Дертар хабар расид, ки як маъмури пулис низ дар ин ҳодиса кушта шудааст.
Як манбаъи маҳаллӣ, ки аз бемористони Хоруғ дидан карда, мегӯяд, ки ду нафар аз афроди кушташуда роҳгузарон будаанд, ки яке аз онҳо тоза аз Душанбе омадааст. Вай дар бораи ду нафар аз маҷрӯҳон гуфт, ки яке аз ноҳияи рия (шуш) ва дигарӣ аз китфаш тир хӯрдааст.
Бархе аз манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки нерӯҳои вижаи пулис (ОМОН) ба самти мошине, ки дар роҳ ҳаракат мекард, тирандозӣ кардаанд. Би-би-сӣ ба таври мустақил наметавонад ин хабарро таъйид кунад.
Гузоришҳо ҳамчунин ҳокист, ки дар вокуниш ба ин воқеъа бархе аз сокинони маҳаллӣ дар назди сохтмони идораи пулис ҷамъ шуда ва сохтмони пулис ва ду худравро, ки эҳтимолан ба пулис мутаъаллиқ буда, ба оташ кашидаанд.
Як сокини шаҳри Хоруғ гуфт: "Дуди ғализе аз сохтмони идораи пулис ва додситонӣ ва додгоҳ ба ҳаво мехезад. Иддае аз ҷавонон вориди ин сохтмонҳо шудаанд ва аснодро ба берун андохта, месӯзонанд. Маъмурони пулис дар идораи пулис нестанд, гӯё фирор кардаанд."
Дар қисматҳои дигари шаҳри Хоруғ зоҳиран вазъияти ором аст, вале мардум башиддат нигарон ҳастанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд садои тирандозӣ дар маҳал ҳамчунон шунида мешавад. Масъулони ҳукумати вилояти Бадахшони Тоҷикистон вуқӯъи нооромиҳо дар шаҳри Хоруғро таъйид карданд.
Диловар Хоссабеков, раҳбари дафтари раиси вилояти Бадахшон, рӯзи чаҳоршанбеи 21 май кушта шудани ду нафар дар ин нооромиҳоро таъйид кард ва гуфт: "Дар ҳоли ҳозир масъулони зидахли давлатӣ машғули таҳқиқи воқеъа дар шаҳри Хоруғ ҳастанд."
Оқои Хоссабеков аз ироаи иттилоъоти бештар дар мавриди нооромиҳо ва вазъи кунунии шаҳри Хоруғ, маркази вилоят худдорӣ кард.
Як манбаъи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки субҳи имрӯз кормандони пулиси вижа (ОМОН) дар шаҳри Хоруғ амалиёти боздошти афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддирро анҷом медоданд.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои вижаи пулис талош доштанд мошинеро мутаваққиф кунанд, вале худрав ба роҳи худ идома дод. Дар вокуниш ба ин амр, нерӯҳои пулис ба сӯи мошин тир андохтаанд.
Тобистони соли 2012 нерӯҳои низомӣ ва интизомии Тоҷикистон амалиёте густарда барои боздошти афроди муттаҳам ба қатли раиси бахши кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Хоруғ анҷом дода буданд, ки беш аз 40 кушта барҷой гузошт.
Ин амалиёт рӯзи 24 июли соли 2012 дар пайи кушта шудани Абдулло Назаров дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Женерол Назаров рӯзи шанбеи 21 июли он сол дар як муноқиша бо афроди номаълум дар наздикии шаҳри Хоруғ дар рустои мавсум ба Ниводак кушта шуд.
Баъд аз чаҳор рӯзи ин амалиёт, Додситонии кулли Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард, ки чаҳор тан аз фармондеҳони собиқи мухолифон, Толиббек Айёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Имомназар Имомназаров ва Ёдгор Маҳмадасламов дар ин ҳодиса даст доранд.
Амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ он замон ба тазоҳуроти садҳо сокини шаҳр доман зад. Моҳи августи ҳамон сол Имомназар Имомназаров, яке аз ин фармондеҳон, дар манзилаш дар шароити машкук кушта шуд.
Ин амалиёт ҳамчунин хисороти ҳангуфте бар иқтисод ва иҷтимоъи вилоят барҷо гузошт.
