Додситонии Бадахшон нооромии ахир дар Хоруғро таҳқиқ мекунад

  • 5 Декабр, 2013
Хоруғ
Image caption Масъулон мегӯянд, ки дар иттифоқоти рӯзи 29 ноябр дар Хоруғ шаш нафар аз кормандони интизомӣ захмӣ шудаанд

Додситонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар мавриди нооромиҳои рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, паврандаи ҷиноӣ боз карда ва ба таҳқиқи он идома медиҳад.

Тавре ки Муҳаммад Арбобов, додситони ин вилоят, рӯзи панҷшанбеи 5 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, дар ин робита ҳануз касе боздошт нашуда ва таҳқиқи парванда афроди мазнун дар ин рӯйдодро муъайян хоҳад кард.

Дар робита бо ончи оқои Арбобов бетартибиҳо (беназмиҳо) меномад, мақомҳои додситонии маҳаллӣ бар асоси се моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Вай дар ин бора гуфт: “Рӯзи 30 ноябр аз сӯйи ин ниҳод дар робита бо бетартибиҳои умумӣ, нишон додани муқобилият ба намояндагони давлат ва тасарруфи аслиҳа тибқи моддаҳои 188 (қисми як) 199 (қисми 4) ва 328 (қисми ду)-и қонуни ҷазои Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз кардем. Дар вақти тафтиш (таҳқиқ) мо муъайян хоҳем кард, ки чанд нафар дар ин бетартибиҳо ширкат кардаанд.”

Оқои Арбобов гуфт, ки дар иттифоқоти рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Хоруғ шаш нафар аз кормандони амниятӣ ва пулис аз сӯйи афроди ширкаткунанда лату кӯб шуда ва ҷароҳоти мухталиф бардоштаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ се адад аз мошинҳои марбут ба кормандони амниятӣ ва пулис хароб шуда ва афроди муътариз тапончаи як корманди пулисро тассаруф кардаанд.

Ба гуфтаи додситони вилояти Бадахшон, он рӯз шуморе аз сокинони Хоруғ нисбат ба боздошти Шерик Абдулҳамидов, як сокини ин шаҳр, ки ба ҳамли аслиҳа муттаҳам шуда буд, эътироз кардаанд. Сипас, афроди муътариз бо рафтори худ ҷараёни таҳқиқи ин қазияро мухтал сохтаанд.

Аммо иддае аз сокинони маҳаллаи мавсум ба Хлебзавод, маҳалли боздошти оқои Абдулҳамидов ва иттифоқоти мобаъди он, мегӯянд, ки кормандони интизомӣ бидуни ҳукми боздошт вориди манзили ӯ шудаанд ва ин амал боъиси таҷаммӯъ ва норизоятии сокинон дар ин макон шудааст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Файзулло Нозимов, раиси бахши умури дохилаи ин вилоят, пулиси Хоруғ ин сокини шаҳрро ба занни ҳамли ғайримуҷози аслиҳа боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Оқои Нозимов рӯзи панҷшанбеи 5 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, оқои Абдулҳамидов, ки корманди Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон аст, ба ҳамли ғайримуҷози аслиҳа (тапонча) муттаҳам шудааст.

Вай афзуд: “Шерик Абдулҳамидов довталабона ба кормандони интизомӣ таслим шуд ва ба ҷурмаш иқрор карду гуфт, ки омода аст барои ин кор ҷавоб диҳад.”

Оқои Нозимов ҳамчунин хабар дод, ки вазъият дар шаҳри Хоруғ комилан ором аст ва кормандони интизомию амниятӣ машғули таҳқиқи парванда ҳастанд.

Охири ҳафтаи гузашта расонаҳои маҳаллӣ аз вуқӯъи нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ ва аз талоши маъмурони давлатӣ барои боздошти як сокини ин шаҳр ба занни ҳамли маводди мухаддир хабар дода буданд.

Гузоришҳо ҳокӣ аз он буд, ки иддае аз сокинони маҳаллаи мавсум ба “Хлебзавод”-и шаҳри Хоруғ нисбат ба ин иқдоми кормандони интизомӣ мухолифат нишон дода ва аз фарди мазнун ҳимоят кардаанд.

Аз сӯйи дигар, бисёре аз сокинони Хоруғ мегӯянд, ки пас аз амалиёти маргбори нерӯҳои давлатӣ дар моҳи июли соли 2012 ба ҳар гуна иқдомоти кормандони амниятӣ ва пулис дар ин вилоят эътимод надоранд.

Дар ин амалиёти якрӯза ва муштараки нерӯҳои интизомӣ, амниятӣ ва артиши Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар, аз ҷумла шумори бисёре аз ғайринизомиён ва сарбозону маъмурони давлатӣ кушта шуданд.

Ин амалиёт ба эътирозоти густарда ва вокунишҳои тунди мухолифони давлат, диплумотҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон доман зад.

Матолиби муртабит