Оташсӯзӣ дар Роштқалъа ва кушта шудани ду маъмури оташнишонӣ

Ду корманди идораи оташнишонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон ба ҳангоми иҷрои вазифа кушта шуданд.
Бино ба иттилоъи бахши вазорати кишвар дар вилояти Бадахшон як мошини оташнишонӣ дар ноҳияи Роштқалъа, ки роҳии маҳалли оташсӯзӣ дар ин ноҳия буд, дучори сонеҳа шуд. Дар натиҷаи ин сонеҳа ду корманди идораи оташнишонӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
Оташсӯзӣ дар сохтмони ҳукумати ноҳияи Рошткалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон шаби сешанбеи 3-юми декабр сурат гирифт.
Бино ба иттилоъи бахши навбатдории Идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон, шаби сешанбеи 3 декабр, нахуст соъати 19.30 дар сохтмони ҳукумати ин ноҳия оташсӯзӣ рух дода ва нерӯҳои оташнишонӣ тавонистаанд, онро маҳор кунанд. Бар асари оташсӯзӣ ду утоқ ва роҳрави ин бино осеб дидаанд.
Аммо нимашабӣ ба далели боди сахт бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъа дубора оташ гирифта ва куллияи 16 утоқи он ба коми оташ рафта ва сохтмонро комилан тахриб шудааст.
Феълан кумисиюни вижа ба раҳбарии Шодихон Ҷамшедов, раиси ҳукумати вилояти Бадахшон илали ин ҳодисаро бозрасӣ мекунад.
Маъмулан бо фаро расидани фасли сармо сокинони Тоҷикистон ба иллати камбуди гози табиъӣ барои пухтани ғизо ва гарм кардани манзил аз нерӯи барқ фаровон истифада мекунанд, ки дар бархе мавориди ин амр ба оташсӯзӣ мунҷар мешавад.
Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли гузашта дар ин кишвар 1263 мавриди оташсӯзӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 24 нафар, аз ҷумла, 12 ноболиғ ё навҷавон ҷон бохтаанд.
Манобеъи Вазоарти умури дохила беэҳтиётӣ ба ҳангоми истифодаи оташ, таҷҳизоти хароби барқӣ ва риоят накардани тадобири амнияти сӯхторро аз илали оташсӯзӣ дар Тоҷикистон унвон кардаанд.
