'Лату кӯби шадиди' шуморе аз ҷавонон тавассути пулис дар Рӯшон
Image copyrightBBC World ServiceҲафт тан аз сокинони ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон мавриди лату кӯби шадиди кормандони пулис қарор гирифта ва дастикам яке аз онҳо дар бемористон бистарӣ шудааст.
Тавре ки шоҳидони айнӣ мегӯянд, лату кӯби ин афрод рӯзи сешанбеи 18 март бар рӯйи пуле иртиботӣ дар наздикии рустои Вамари ин ноҳия рух додааст.
Бар гуфтаи Азизхон, яке аз пайвандони афроди лату кӯбшуда, пулис мошини мутаъаллиқ ба Худоёр Сардоров, сокини рустои Вамарро, бо шаш сарнишини он дар посгоҳ мутаваққиф кардааст.
Дар ин ҳангом ду мошини ҳомили кормандони гурӯҳи вижаи пулис ва Файзулло Нозимов, раиси бахши умури дохила дар вилояти Бадахшон низ мошинҳоеро дар назди ин посгоҳ мутавақиф кардаанд.
Азизхон рӯзи панҷшанбеи 20 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки миёни ҷавонон ва кормандони пулис муноқишае рух дода ва бархе аз кормандони мусаллаҳи нерӯи вижаи пулис (ОМОН) "бо истифода аз туфанги Колошников ҷавононро шадидан лату кӯб кардаанд."
Дар натиҷа, ҳамаи ҷавонон бо ҷароҳоти мухталиф ба бемористони ноҳияи Рӯшон дар рустои Вамар интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад Худоёр Сардорови 23-сола дар ин ҳодиса аз ноҳияи сутунмуҳра осеб дида пойҳояш аз кор мондааст.
Ба гуфтаи пайвандони Худоёр, ӯ бо таваҷҷуҳ ба вазъи бади саломаташ аз бемористони ноҳияи Рӯшон ба бемористони марказии вилоят дар шаҳри Хоруғ мунтақил шуда ва таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.
Як шоҳиди айнии дигар, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, иттилоъ дод, ки комрандони пулис ба мошинҳои мутаъаллиқ ба ин ҷавонон низ гулӯла шиллик карда ва онҳоро хароб кардаанд.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Алим Шерзамонов, раҳбари бахши маҳаллии ҳизби сусиёл-демукрот дар Бадахшон, субҳи рӯзи 19 март дар маркази ноҳияи Рӯшон ҳудуди 300 нафар аз сокинон таҷаммӯъ карда ва аз мақомот хостаанд кормандони пулисеро, ки дар луту кӯби ҷавонон даст доштанд, боздошт ва муҷозот кунанд.
Оқои Шерзамонов, ки ба иттифоқи иддае аз намояндагони ҷомеъаи маданӣ аз шаҳри Хоруғ ба ин ноҳия рафтааст, мегӯяд: "Афроди муътариз ҳамчунин дархости аз кор барканор кардани раиси пулиси вилоятро, ки дар саҳнаи задухӯрд ҳозир буд, карданд. Зеро онҳо ба ин боваранд, ки дар сурати дар кор мондани ӯ имкони расидагии мунсифона ба ин қазия вуҷуд нахоҳад дошт."
Таҷаммӯъи сокинони Рӯшон то зуҳри дирӯз идома дошта ва баъд аз он ки кормандони зидахл ваъдаи расидагӣ ба ин қазияро карданд, поён ёфтааст. Гуфта мешавад дар ҷойи воқеъа беш аз 30 адад пӯша (гилза)-и гулӯлаҳои шилликшуда низ пайдо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, бахши додситонӣ дар ноҳияи Рӯшон баъд аз дарёфти шикоят аз қурбониёни лату кӯб тибқи моддаи 314-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми "сӯиистифода аз мақом бо истифода аз силоҳ" парванда боз кардаанд. Ба гуфтаи иддае аз пайвандони ҷавонони латукӯбшуда, имрӯз онҳо ба кормандони додситонӣ дар ин бора шаҳодат додаанд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин воқеъа ибрози назар накардааст. Аммо Файзулло Нозимов, раиси бахши умури дохилаи вилояти Бадахшон, дар суҳбати кӯтоҳе ба Би-би-сӣ гуфт, ки вазъият дар вилоят ором аст ва ҳеҷ гуна воқеъае ахиран дар ин минтақа рух надодааст.
Оқои Нозимов муноқишаи пулис бо ҷавонон ва хушунат алайҳи онҳоро амре одӣ ("это нормално") хонд.
Тайи солҳои ахир мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз корбурди густардаи шиканҷа аз сӯйи маъмурони пулиси Тоҷикистон интиқод кардаанд. Мавориде аз шикоёти пайвандони қурбониёни шиканҷа дар додгоҳҳо баррасӣ шуда ва шокиён ғаромат дарёфт кардаанд.
Аз ҷумла, дар пойизи соли 2013 додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Вазорати умури дохиларо муваззаф кард, ки ба хонаводаи Баҳромиддин Шодиев, ки ҳадафи шиканҷа қарор гирифта буд, 15 ҳазор сомонӣ, ки муъодили беш аз се ҳазор дулор аст, ғаромат пардохт кунад.
Авоили соли милодии ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур низ парвандаи Абдураҳмон Додов, бозраси парвандаи Баҳромиддин Шодиевро анҷом дода ва ин маъмури пулисро дар марги Шодиев муқассир дониста ва ӯро барои ду сол равонаи зиндон кард.
Дар соли 2013 Вазорати адлияи Тоҷикистон низ муваззаф шуд ба ҳамсари Исмоъил Бачаҷонов, ки дар яке аз зиндонҳои ин кишвар дар асари шиканҷа даргузашт, 30 ҳазор сомонӣ ғаромат пардозад.
