Мендез: Вазъи мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон беҳбуд наёфтааст

  • 12 Феврал, 2014
МендезImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Мендез гуфт, ки дар Тоҷикистон дар самти мубориза бо шиканҷа пешрафти чашмгире сурат нагирифтааст

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури шиканҷа мегӯяд, ки аз замони дидори ахираш аз Тоҷикистон дар соли 2012 дар ростои мубориза бо шиканҷа дар ин кишвар пешрафти чашмгире ба даст наомадааст.

Хуон Мендез рӯзи чаҳоршанбеи 12 феврал дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон аз муассисоти боздоштӣ, боздоштгоҳҳои пулис ва амниятӣ ва зиндонҳои ин кишвар дидан карда ва бо раиси Маҷлиси намояндагон, вузарои хориҷа ва умури дохила ва омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Оқои Мендез гуфт, ки то ҳол мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон ба таври густарда вуҷуд дорад, аммо дар соли милодии гузашта танҳо чаҳор парванда дар ин бора боз шудааст, ки ин рақам ночиз аст.

Вай афзуд, ки дар ҳоле ки алайҳи омилони шиканҷа парванда боз мешавад, вале онҳо на барои истифода аз шиканҷа, балки бештар "суиистифода аз мақоми хидматӣ" муҷозот мешаванд, ки ин муҷозот сабук аст ва бо меъёрҳои кунвонсиюни байналмилалӣ алайҳи шиканҷа мутобиқ нест.

Оқои Мендез ҳамчунин аз он ибрози нигаронӣ кард, ки дар гузашта бархе аз омилони шиканҷа дар Тоҷикистон афв шудаанд, ки ин амр ҳам хилофи муқаррароти кунвонсиюни зидди шиканҷа аст. Вай афзуд, ки яке аз далоили густариши шиканҷа дар Тоҷикистон беҷазо мондани омилони ин ҷурм аст.

Гузоришгари вижаи СММ дар умури шиканҷа дар моҳи майи соли 2012 низ вориди Тоҷикистон шуда буд. Вай он замон бо вазъи 17 муассисаи боздоштӣ, боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар ошно шуда ва бо пайвандони афроде, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, дидор карда буд.

Ӯ ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон ба ниҳодҳои зидахли ин кишвар тавсия дода буд, ки муддати мулоқоти зиндониёни ҳабси абад бо пайвандонашон бештар шуда ва давлат прутукули илҳоқии Кунвонсиюни манъи шиканҷаро тасвиб кунад.

Тоҷикистон дар соли 1996 ба ин кунвонсиюн пайваста, аммо прутукули илҳоқиро то кунун имзо накардааст. Оқои Мендез гуфт, ки мақомоти тоҷик пешниҳоди ӯ дар бораи имзои ин прутукулро иҷро накардаанд.

Хуон Мендез гуфт, ки дар дидори қаблиаш мақомоти Тоҷикистон ваъда дода буданд, ки ба созмонҳои алайҳи шиканҷа иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро медиҳанд, аммо ин ваъда ҳам иҷро нашудааст. Вай бори дигар аз вазорати адлияи Тоҷикистон хостааст, ки ба Салиби Сурх иҷозаи дидор аз зиндонҳоро бидиҳад.

Яке аз пешниҳодҳои гузоришгари вижаи СММ дар соли 2012 ислоҳи қонуни кайфарии Тоҷикистон ва изофа кардани мафҳуми "шиканҷа" ба он буд, ки ин пешниҳод иҷро шудааст.

Таъмини дастрасии боздоштшудагон ба вакили мудофеъ билофосила пас аз боздошт низ аз ҷумлаи пешниҳодҳои оқои Мендез дар ду сол қабл буд. Ҳарчанд ин пешниҳод аз лиҳози қонунӣ иҷро шуда, вале дар амал мақомот онро иҷро намекунанд, яъне рӯи коғаз мондааст.

Вай гуфт: "Борҳо таъкид кардем ва ҳоло ҳам таъкид мекунем, ки боздоштшудагон худашон бояд вакили мудофеъи мустақиллеро киро кунанд, на ин ки давлат барои онҳо вакил таъйин кунад, зеро дар ин сурат бозрасӣ ба таври шаффоф ва озод анҷом намешавад."

Хуон Мендез ба мақомоти тоҷик пешниҳод кардааст, ки дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар барои назорат ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа дурбинҳои назоратӣ насб шаванд. Ба гуфтаи ӯ, шиканҷа умдатан ба ҳангоми боздошт ва барои дарёфти эътироф аз сӯи маъмурон сурат мегирад.

Дар посух ба ин суол, ки оё мавзӯъи шиканҷа ва марги Умедҷон Тоҷиев, як фаъъоли ҳизби наҳзати исломӣ, низ дар дидорҳои ӯ бо мақомоти тоҷик баррасӣ шуд, оқои Мендез гуфт, ки ин масъалае инфиродӣ дар меҳвари гуфтугӯҳои ӯ қарор надошта, зеро ӯ дар маҷмӯъ ба низоми зиндонҳо ва вазъияти шиканҷа мепардозад.

Гузоришгари вижаи СММ дар умури шиканҷа аз давлати Тоҷикистон ибрози сипосгузорӣ кард, ки ба ӯ ҳам дар соли 2012 ва ҳам дар ин ҳафта иҷозаи вуруди бидуни барномарезӣ ба зиндонҳо ва муассисоти бастаро додааст. Аммо ӯ гуфт, ки имкон надошт хабарнигорон ё намояндаҳои ҷомеъаи маданиро ҳамроҳ бигирад.

Хуон Мендез гуфт: "Мо ҳаргиз нагуфтаем, ки вазъи зиндонҳо хуб аст, танҳо гуфтем, ки ба мо имкон доданд, ки ворид шавем ва аз ин кор хушҳолем. Метавонам бигӯям, ки имкони боздид кардан аз зиндонҳо дар Тоҷикистон ҳатто нисбат ба Қирғизистон беҳтар аст."

Масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар моҳи гузашта таъкид доштанд, ки дар соли гузашта ҳеҷ мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои ин кишвар сабт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ зимни як баёния аз марги мармузи Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, узви фаъъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар бемористони Идораи зиндонҳои шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ карда буд.

Ҳамчунин, ин ниҳод аз марги Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Дилшодбек Муродов, Исмоъил Бачаҷонов, Исмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов ва Ҳамзаалӣ Икромзода дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои Тоҷикистон ёдовар шуда буд, ки гумон меравад бар асари шиканҷа ҷон бохтаанд.

Матолиби муртабит