Духтари 18-сола падарашро ба зарби чоқу захмӣ кард

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз захмӣ шудани падаре аз дасти духтари 18-солааш дар вилояти Суғди ин кишвар хабар додааст.
Пулис алайҳи Қурбоной Зоҳидова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ин вилоят бар асоси моддаи 110 қисми яки қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне расонидани осеби ҷисмонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Вазорати кишвар иттилоъ дода, ки ин духтари 18-сола баҳангоми даъвои падар бо модар, барои дифоъ аз модараш падарашро захмӣ кардааст.
Пулис мегӯяд, таҳқиқоти муқаддамоти мушаххас карда, ки Ҳотамбой Зоҳидови 49-сола, падари Қурбоной ҳангоми даъво бо ҳамсараш дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Духтари ӯ нахуст хостааст падарашро битарсонад ва ба ӯ корд кашида, вале дар натиҷаи бархурд шиками ӯро захмӣ кардааст.
Дар таърихи ҳаводиси ҷиноие, ки пулиси Тоҷикистоно то имрӯз гузориш додааст, ҳодисаи кордкшии духтар ба падар дар асари хушунати хонаводагӣ собиқа надоштааст.
Ҳануз маълум нест, ки сарнавишти ин духтари ҷавон чӣ хоҳад буд, вале қонуни ҷазои Тоҷикистон барои содир кардани ин ҷурм аз панҷ то даҳ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.
Бархе аз ҷомеъашиносон бо ишора ба мавҷудияти мавориди зиёди хушунат алайҳи занон дар хонаводаҳои тоҷик, рафтори Қурбоной Зоҳидоваро тавҷеҳ дода ва мегӯянд, ки эҳтимол дорад ӯ аз хушунат нисбат ба модараш ҷилавгирӣ кард. Онҳо мегӯянд додгоҳ бояд ин қазияро бо таваҷҷӯҳ ба боло будани мавориди хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон баҳои дуруст бидиҳад.
Бар асоси хабарҳои расмӣ дар ду моҳи ахир дар ин кишвар беш аз даҳ қазияи даъвоҳо ва хушунати хонаводагӣ сабт шудааст, ки қурбониёни бештари онҳо занон ва кӯдакон будаанд. Барои мисол дар авоили моҳи ноябр пулис аз боздошти як сокини ноҳияи Ёвон хабар дода буд, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам шудааст.
Соҳибназарон мегӯянд, вазъи бади иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ аксар вақт боиси даъво дар хонаводаҳо, бавижа миёни занону шавҳарон мешавад, зеро тибқи омор хушунати хонаводагӣ дар хонаводаҳои камбизоъат бештар рух медиҳад.
