Асрори ниҳони деворҳои қалъаи Ямчун дар Бадахшон
Бозмондаҳои Қалъаи Ямчун дар иртифоъи беш аз ду ҳазору 500 метра метр аз сатҳи дарё дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон қарор дорад.

Дар даврони Шӯравӣ анҷом додани ковишҳо дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ қатаған буд ва аз ин рӯ донишмандони тоҷик мегӯянд, ки бисёре аз саҳифаҳои таърихи қалъаҳои мавҷуд дар Бадахшони Тоҷикистон, аз ҷумла қалъаи Ямчун норувшан боқӣ мондаанд.

Яке аз мавзӯъоти матруҳа дар мулоқоти ахири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳбари ЮНЕСКО, ё Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид масъалаи ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кардани чанде аз амокини таърихӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла чанд қалъаи таърихӣ дар Бадахшон буд.

Яке дигар аз мавзӯъоте, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Ирина Бокова дар ҷараёни мулоқоти ҳафтаи қаблӣ баррасӣ карданд, эъзоми ҳайъати сеюме аз бостоншиносон ба кӯҳистони Помир ва анҷоми таҳқиқот дар он ҷо буд.

Ин диж, ки ба таъбири дигаре аз он ба унвони Қаҳқаҳа-қалъа унвон мекунанд бо гузашти ҳазорсолаҳо то ҳол ҳашамати худро аз даст надодааст.

Ҳокимони Қалъаи Ямчун бародарон Қаҳқаҳа ва Заринбор буданд ва дар миёни сокинони рустоҳои наздики ин қалъа ривояте дар мавриди ҷанги Алӣ бо деве бо номи Қаҳқаҳҳа вуҷуд дорад.

Таҳқиқотҳои бостоншиносон ҳокист, ки беш аз панҷ диже, ки дар мавзеъи Вахони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон воқеъ ҳастанд дар даврони қабл аз ислом бунёд шудаанд.

Ҳамчунин таҳқиқотҳои бостоншиносон ҳокист, ки ин дижҳо, аз ҷумла дижи Ямчун дар қуруни 3 ва 1 қабл аз солшумории мелодӣ бунёд шудаанд.

Бостоншиносон мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз комилан нобуд шудани боқимондаҳои қалъаи Ямчун ин макони таърихӣ ниёз ба бозсозӣ ва тармим дорад.

Тоқи ба таври камони қалъаи Ямчун ва саддаҳои ду сӯйи он то ҳол боқӣ мондаанд.

Ишкошим дар 110-километрии шаҳри Хоруғ, воқеъ аст ва окодемисян Бобоҷон Ғафуров, донишманди фақиди тоҷик бар он ақида буд, ки Ишкошим ва ё ба таъбири дигар Саккошим қадимтарин минтақа ва макони зисти халқҳои орёнажод буда ва қабилаҳои саккоиҳо он ҷо зиндагӣ мекарданд.

Коршиносон мегӯянд, бо рушди зербанои бозори кӯҳнавардӣ ва бостоншиносӣ, Тоҷикистон метавонад ба унвони як кишвари мавриди таваҷҷӯҳи кӯҳнавардони ҷахон матраҳ шавад.

Бунёдгарони дижи Қаҳқаҳа ин дижро бо дарназардошти амниятӣ макони онро чунин интихоб кардаанд, ки аз манораҳои амниятии ин диж чаҳор сӯйи атроф ба хубӣ дида мешуд.

Бисёре аз амокини таърихӣ, аз ҷумла қалъаҳои Қаҳ-Қаҳҳа, Карон ва ҳамсоли онҳо дар даврони Шӯравӣ макони марзбонон буд ва гуфта мешавад, ки қисмате аз ин қалъаро марзбонон чун тамрингоҳ истифода бурда ва қисматҳое аз девораҳои он аз тир ва бамб нобуд шуда буд.

Тоқҳои тиркаши бархе аз деворҳои ин қалъа низ вуҷуд доранд.

Қалъаи Ямчун дар ҳудуди ҷамоъати Вахони ноҳияи ишкошим воқеъ буда ва аз ду сӯйи рӯдхонаҳои кучаке бо номи Ямчун ва Вичкут мегузаранд.

Ин диж, ки ба таъбири дигаре аз он ба унвони Қаҳқаҳа-қалъа унвон мекунанд бо гузашти ҳазорсолаҳо то ҳол ҳашомати худро то андозае аз даст надодааст.
