Назарот: Чаро амалиёти кормандони интизомӣ муҷиби эътироз шуд?
Image copyrightBBC World ServiceТазоҳуроти серӯза дар шаҳри Хоруғ баъд аз зӯҳри дирӯз баъд аз ба даст омадани тавофуқи мақомоти давлатӣ бо намояндагони ҷомеъаи маданӣ ба поён расид.
Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки бархе аз дархостҳои тазоҳуркунандагонро пазируфтаанд, аммо посух ба яке аз онҳоро танҳо баъд аз баррасии бештари он хоҳанд дод.
Ин тазоҳурот баъд аз воқеъаи тирандозӣ ба сӯйи худраве, ки ба гуфтаи кормандони интизомӣ афроди ҷониятпеша савори он будаанд ва кушта ва захмӣ шудани иддае аз сокинони шаҳр, рӯзи 22 май оғоз шуда буд.
Бештари афроде, ки дар майдони марказии шаҳри Хоруғ дар се рӯз таҷаммуъ карда буданд, дархост доштанд, ки масъулони муттаҳам дар ин тарандозӣ муҷозот шаванд ва иддае аз кормандони интизомӣ дар вилояти Бадахшон аз вазоифашон сабукдӯш шаванд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон амалиёти кормандони интизомӣ дар макони таҷаммуъи мардум, яъне дар хиёбони марказии шаҳри Хоруғро як амали нодуруст ва ғайриқонунӣ хонданд.
Аз сӯйи дигар намояндагони аҳзоби дигар муборизаи кормандони интизомӣ бо ҷиноякорӣ, аз ҷумла қочоқчиёни маводди мухаддиро як амри зарурӣ дар ин кишвар медонанд.
Усмон Солеҳ, сухангӯйи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон
Тавре ки аз ахбори расмии вазорати умури дохилӣ фаҳмидем, дар он худрав як гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд, буданд ва онҳоро кормандони интизомӣ таъқиб кардаанд. Ва замоне, ки пеши мошини онҳоро мегиранд онҳо ба тирандозӣ шурӯъ мекунанд ва дар ҷавоб низ тир меандозанд, ки дар натиҷа ду нафар қурбонӣ шудаанд.
Аз рӯйи маълумотҳои шахси сейум, ки низ аъзои ин гурӯҳ буда, онҳо қочобар буданд ва таъқиб шудаанд. Чизи дигар ин аст, ки бар асари ҳамин воқеъа мардум, шояд тарафдорони онҳо (афроди захмӣ ва кушташуда) бошанд, хонасӯзӣ ва биносӯзӣ шуд, ки ин қобили қабул нест. Ҳамчунин ҳамла ба бинои кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Хоруғ анҷом гирифт, ки ин ҳам роҳи ҳалли масъала нест.
Воқеъият аст, ки мубориза бо ҷароимпешаҳо ҳамин тавр сурат гирифт, чунки тибқи нақша замоне ки онҳоро таъқиб мекунанд, онҳо дар маркази шаҳр омада меистанд ва ин боъиси таъассуф аст.
Раисти ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирорӣ дастур дод, ки ин воқеъа таҳлил ва санҷиш шавад ва то кадом ҳад будаеи дурустии кори ҳад ду ҷониб ва воқеъияти он мушаххас шавад.
Шокирҷон Ҳакимов, муоъвини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон
Чанд маротиб таъкид шуда буд, ки мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, қабл аз анҷоми кор ва бидуни ҳукми суд (додгоҳ) наметавонад як касро ҷинояткор эълом кунад. Зеро, ки қонуни асосӣ ва қонунгузории Тоҷикистон усули эҳтимолияти бегуноҳиро пазируфтааст. Ва ин яке аз шартҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд дар робита ба риъояти ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд низ ҳаст.
Дар ин замина бояд гӯям, ки қонунгузории Тоҷикистон тарзи амалӣ кардани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯйиро муққаррар кардааст. Ва агар дарвоқеъ маълумоте буд, ки гурӯҳи муъайяни сокинони Бадахшон дар мошин маводди мухаддир доранд ва ё барои содир кардани ҷиноят куҷое равона буданд, пас усулҳо ва роҳҳои бисёре, бидуни халалдор кардани зиндагии осоиштаи мардуми оддӣ ва татбиқ кардани тарҳҳо вуҷуд дорад.
Вале боъиси таъассуф аст, ки шояд аз камтаҷрибагӣ ё бесалоҳиятӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ваколати хидматиашон берун омаданд. Аммо то чи ҳад аз ин ваколат баромаданд ҳадди онро мақомоти марбутаи давлатӣ таввасути таъсиси кумисиюни вижа ва ё зимни баррасии парвандаҳо дар додгоҳ бояд баррасӣ кунанд.
Дар афкори ҷамъиятӣ чунин аст. ки гӯиё доираҳои муъайян дар муташанниҷ гардидани авзоъ дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд ва ин хеле бад аст. Ҳамчунин бояд ташабусси созмонҳои ҷамъиятиро ба инобат гирифт ва хуб мебуд, ки ин корро ба анҷом расонанд ва ақидаи мардуми таҷаммуъкардаро ба инобат гиранд.
Вале ман гумон мекунам, ки мардум дар Бадахшон вижагии хосе доранд, ҳуввияти худро нигоҳ доштаанд, ҷасоратро доранд ва дар мавриди ҳалли мушкилот дар заминаи умумияти мақсадҳо, метавонанд дафъатан таҷҷамӯъ кунанд.
Аммо воқеъияти фарҳангии сиёсии имрӯзиро низ бояд дар назар гирифт, чунки бархе аз доираҳои муъайян ва нашрияҳо, бахусус дар маркази Тоҷикистон ба таври худ, омилу сабаб ва шарту шароити мушкилоти навбатии ба амал омадаро тафсир мекунанд, ки ин хуб нест. Аз ин рӯ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоъӣ, ки имрӯз дар баробари мақомоти интизомӣ фаъъолони созмонҳои иҷтимоъӣ дар бораи масъалаи мавҷуда иборози ақида мекунанд ва онро натанҳо ба мардуми Тоҷикистон балки ҷомеъаи ҷаҳонӣ мерасонанд.
Замоне, ки ба воқеъаи оташ кашидани биноҳҳоро арзёбӣ мекунанд, бояд дар назар дошта бошанд, ки ба ибораи ҳуқуқӣ мардум дар ҳолати эҳсосӣ қарор мегиранд, чунки яке аз афроди наздик ба онҳо ва ё шинос кушта шуд мешаванд ва тарзи ҳалокати онҳо низ номуъайян аст. Ва аз ин рӯ маҳкум кардани ин амалро бидуни таҳлил ва таҳқиқи амиқи ин воқеъ нодуруст мешуморам.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон
Ман ҳушдор додам, ки дар шароите ки Толибон дар ноҳияи Юмгони Афғонистон қарор доранд, яъне маконе, ки мақбараи Носири Хусрав, пири мардуми Бадахшон он ҷо ҳаст ва ҷои муқаддас барои исмоилиёни ҷаҳон аст ва ҳамчунин ин макон ба шаҳр ба Хоруғ наздик аст, идомаи нооромиҳо дар Бадахшони Тоҷикистон ба суди мардуми ин минтақа нахоҳад буд.
Давлат ду бор ба ин минтақа низомиён фиристод ва ҳоло дар Бадахшон истифода аз нерӯи низомӣ барои рафъи нооромӣ набояд сурат бигирад. Ҳамчунин, барои мубориза бо қочоқчиёни маводди мухаддир низ аз аслиҳа набояд истифода шавад. Дар даврони Шӯравӣ низ бо қочоқчиёни ин мавод мубориза мекарданд, аммо ҳеҷ гоҳ чунин амалиёт муҷиби марги сокинони ғайринизомӣ намешуд.
Барои роҳ надодан ба чунин нооромиҳо давлати Тоҷикистон бояд барномаҳоеро барои рафъи мушкилоти зиёде, ки мардум ба он дар вилояти Бадахшон мувоҷеҳанд, роҳандозӣ кунад. Яке аз мушкилоти мавҷуда зиндагии бади иҷтимоъии мардум ва бекорӣ дар миёни ҷавонон дар Бадахшон аст, ки давлат бояд барномаҳои зиёдеро барои рафъи ин мушкилот анҷом диҳад. Ҳамчунин барои ҳифзи забонҳои кӯчаки Бадахшон низ таваҷҷуи бештареро бояд кард.
Ман ошкоро мегӯям, ки наҳваи муборизаи давлат, ки дар водии Рашт, вилоятҳои Суғд ва Кӯлоб аз он истифода шуд, дар вилояти Бадахшон қобили қабул нахоҳад буд. Зеро Бадахшон ҳамеша минтақаи мавриди таваҷҷуҳи жеупултикии кишварҳои бузург аст.
Саидҷаъфар Исмонов, Раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон
Сабаби асосие, ки ҷавонон дар Бадахшон зуд ба амалиётҳои давлатӣ вокуниш мекунанд, ин бекорӣ аст. Мақомот бояд дар нахустин маврид дар бораи таъмини кор барои мардум иқдом кунанд. Дуввум ин воқеъа бояд аз ҳар ду тараф таҳқиқи воқеъӣ шавад. Сатҳи ақлонӣ ва зеҳнии марум низ бояд дар дараҷае қарор дошта бошад, ки онҳо дарк кунанд, ки бо сӯзондани биноҳои маъмурӣ мушкил ҳалл нахоҳад шуд. Зеро ин биноҳо боз ҳам аз молиёте, ки худи марум пардохт мекунанд, дубора барқарор мешаванд.
Аз ин воқеъот маълум мешавад, ки мақомоти маҳаллии Бадахшон дар қиболи ба кор ҷалб кардани ҷавонон, ҷалб кардани сармоя, яъне кор бо мардум бо тарзи ҷадид заъиф ҳастанд. Набошад куштани бигузор ва ҷинояткор бошад аммо куштани ӯ дар маркази шаҳр нодуруст аст. Бояд вайро боздошт мекарданд ва ҷинояткор будани ӯро собит кунанд ва пасон ӯро додгоҳ маҳкум кунад. Аз ин рӯ таҳқиқоти ин ҳодиса ҳатмист, ки кадом ҷониб аввал шуда тирпаронӣ кардааст? Зеро кушта шудани ҳатто як кас ин фоҷеъа аст, ки як инсон кушта шуд.
Ба назари ман касбияти (ҳирфаӣ будани) кормандони интизомие, ки дар ин воқеъа даст доштанд, паст аст. Профессонализм (кори ҳирфаӣ) дар он ҷо намерасад. Ҳамчунин бояд аз воқеъаи соли 2012 дар Бадахшон, ки ду сол сипарӣ мешавад, мақомот бояд сабақ мегирифтанд. Мо қарор кардем, ки намояндагони ҳизби худро ба шаҳри Хоруғ фирситем ва бо мардум ва аъзои ин ҳизб дар мавриди асли ин воқеъа суҳбат кунем.
