Раҳмон хостори муҷозоти 'омилони нооромӣ' дар Хоруғ шуд
Image copyrightBBC World ServiceБа дунболи нооромиҳои рӯзи гузашта дар Хоруғ, маркази устони Бадахшон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласае корӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратии ин кишвар баргузор карда ва дар ин ҷаласа хостори кашф ва муҷозоти омилони нооромиҳои дирӯз дар ин шаҳр шудааст.
Дар ин ҷаласа, ки субҳи рӯзи панҷшанбеи 22 май барпо шуд, Эмомалӣ Раҳмон масоили марбут ба "зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият"-ро баррасӣ кардааст.
Он гуна, ки торнамои расмии риёсати ҷумҳурӣ менависад, оқои Раҳмон ба мақомҳои амниятӣ ва пулис "доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон" супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин бо дастури раисҷумҳур як гурӯҳи кории муташаккил аз мақомҳои Додситонии кул, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба раҳбарии Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисҷумҳур дар масоили амнияти миллӣ, таъсис ва ба Хоруғ эъзом шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи риёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон субҳи имрӯз ҳамчунин муколимае телефунӣ бо Шодихон Ҷамшедов, устондори Бадахшон, анҷом дода ва гузориши ӯро аз вазъи вилоят шунидааст.
Вай ба устондори Бадахшон дастур додааст, ки "барои муътадил намудани вазъи бамиёномада чораҳои муассир андешида шавад. Таъкид гардид, ки вазъият дар шаҳр бояд таҳти назорати мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошад ва волоияти қонун бечуну чаро таъмин гардад."
"Тирандозӣ аз Ҷипи сиёҳ"
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо пахши иттилоъияе, хабар додааст, ки амалиёти рӯзи гузашта дар Хоруғ барои боздошти Мунаввар Шанбиев, як фарди мазнун дар қочоқи маводди мухаддир сурат гирифтааст. Вале дар ҷараёни амалиёт ӯ ва ҳамроҳонаш ба сӯи кормандони пулис тирандозӣ кардаанд, ки дар натиҷа, чаҳор корманди пулис захмӣ шудаанд.
Онгуна, ки торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, амалиёт барои боздошти оқои Шанбиев замоне сурат гирифт, ки ӯ бо ду тан аз ҳамроҳонаш савори як мошини "Ҷип"-и сиёҳ аз назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ ба самти сохтмони шуъбаи пулиси шаҳр дар ҳаракат буданд.
Дар ин ҷо кормандони пулис талош кардаанд, мошини ӯро нигоҳ доранд: "Аммо Шанбиев мошинро манъ накарда, ба болои кормандони шуъбаи мазкур ронда, бо автомашинаи хидматӣ бармехӯрад."
"Дар ин ҳолат аз автомашинаи ӯ Худоихонов Собир, соли таваллудаш 1976, зода ва сокини Хоруғи боло ва Абдурасулов Фрайдун, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Хоруғ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба тарафи кормандони пулис муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд."
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки дар ин тирандозӣ Давид Ниёзбеков ва Хушвақт Кушанбеков, ду корманди шуъбаи пулиси маҳаллӣ, ва ҳамчунин Маъруф Зеваршоев ва Алишо Ҳамроев, ду узви нерӯи вижаи пулис, маҷрӯҳ шудаанд. Сипас, дар тирандозии кормандони пулис ба сӯи ин афрод Собир Худоихонов кушта шуда ва ду тани дигар маҷрӯҳ ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Ин ҳодиса хашми шумори зиёде аз ҷавонони маҳаллиро барангехта ва ба гуфтаи пулис онҳо нахуст мошини хидматии пулис ва сипас биноҳои шуъбаи пулиси маҳаллӣ, додситонӣ ва додгоҳи вилояти бадахшонро ба оташ кашидаанд. Беназмӣ дар шаҳр 3-4 соъат идома ёфтааст ва муътаризон мошинҳои оташнишониро низ иҷозаи наздик шудан ба биноҳо надодаанд.
Дар иттилоъияи пулис омадааст: "Ҳангоми бетартибиҳо ва гирифтани пеши роҳи издиҳоми гурӯҳи одамон дар назди Шӯъбаи пулиси шаҳри Хоруғ, коромӯзи шуъбаи мазкур Ашуров Гавҳар Ёрмамадович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятӣ ҳалок гардид."
"Амалиёте, ки шаҳрро ошуфта кард"
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд пайгарди қонунии Мунаввар Шанбиев ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир пас аз он шурӯъ шуда, ки як фарди боздоштшуда дар бораи даст доштани ӯ дар ин ҷурм иттилоъ додааст.
Ширинбек Ширинбеков, сокини ноҳияи Шуғнон, рӯзи 20 май дар ноҳияи Ванҷ ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир (16 килуграм ҳашиш ва бангдона) боздошт шудааст. Пулис мегӯяд, ки дар ҷараёни бозҷӯии оқои Ширинбеков вай иқрор карда, ки ин маводро аз Мунаввар Шанбиев дарёфт кардааст.
Дар иттилоъияи пулис омадааст: "Дар натиҷаи гузарондани амалҳои тафтишотӣ ӯ дар нишондодаш баён кард, ки як ҳафта пеш шаҳрванд Шанбиев Мунаввар, соли таваллудаш 1972, ҳамдеҳааш, бо як автомашинаи "Ҷип"-и рангаш сиёҳ омада, ба ӯ ин миқдор маводи мухаддирро дода, фармудааст, ки ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад, ки ӯро дар он ҷо интизор мешаванд."
Пулис мегӯяд, ки шаҳодати оқои Ширинбеков дар ҳузури вакили мудофеъ ва афроди холис гирифта ва филмбардорӣ ҳам шудааст. Як рӯз пас аз ин, кормандони пулиси маҳаллӣ амалиёт барои боздошти оқои Мунавваровро анҷом додаанд, амалиёте, ки ба ошуфтагӣ дар шаҳр доман зад.
Он гуна, ки аз иттилоъияи пулис бармеояд, дар ин амалиёт ду нафар кушта шудаанд, ки яке аз онҳо коромӯзи шуъбаи пулиси маҳаллӣ будааст. Аммо рӯзи гузашта гузориш шуда буд, ки дар ин амалиёт дастикам се нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, дар ин воқеъа чаҳор корманди пулис ва ду тан аз афроди мазнун дар қочоқи маводди мухаддир маҷрӯҳ шудаанд.
Шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, тайи солҳои ахир маҳалли даргириҳое маргбор будааст. Дар амалиёти муштараки нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар авохири моли июли соли 2012, ки пас аз кушта шудани як мақоми амниятии вилоят дар ин шаҳр сурат гирифт, беш аз чиҳил нафар кушта шуданд.
Ин амалиёт низ, ки ба гуфтаи мақомоти додситонӣ барои боздошти чаҳор фармондеҳи бонуфузи мухолифони пешин дар ин вилоят анҷом шуда буд, ба эътирозоти густардаи мардуми маҳаллӣ доман зад.
Додситонии кулли Тоҷикистон он замон эълом карда буд, ки Толиббек Айёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Имомназар Имомназаров ва Ёдгор Маҳмадасламов ба иртикоби ҷароими мутаъадиде, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои ҷиноӣ, ҳамли ғайримуҷози аслиҳа ва қочоқи маводди мухаддир, муттаҳам мешаванд.
Як моҳ пас аз он амалиёт Имомназар Имомназаров, яке аз ин фапрмондеҳон, дар манзилаш дар шароити машкук кушта шуд. Аммо бо гузашти ду сол аз он замон додситонӣ ҳеч яке аз се фарди дигари муттаҳам ба иртикоби ҷароими мухталиферо боздошт накардааст.
