Боздошти сиёсатшинос Александр Содиқов ба иттиҳоми ҷосусӣ

  • 17 Июн, 2014
СодиқовImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Содиқов пижӯҳишгари Донишгоҳи Турунтуи Конодо аст, ки дар бораи кишварҳои Осиёи Миёна таҳқиқ мекунад

Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як баёния аз боздошти Александр Содиқов, як сокини шаҳри Душанбе, дар Хоруғ ба ҳангоми дидораш бо Алим Шерзамонов, раҳбари муътаризони ҳаводиси охири моҳи май дар ин шаҳр хабар дод.

Дар баёнияи ин ниҳод оқои Содиқов, ки пажӯҳишгари масоили сиёсӣ дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо буда ва дар бораи ихтилофот дар кишварҳои Осиёи Миёна пажӯҳиш мекунад, ба ҷосусӣ муттаҳам шуда ва иддиъо шуда, ки ӯ бо дастури кишварҳои хориҷӣ ва бо истифода аз маболиғи онҳо ин корро анҷом медод.

Ин кумите менависад: "Вохурӣ рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи (иқоматгоҳи) нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пӯшиши фаъъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ (мушаххас) ва маблағи пулӣ бо ҳисоби дулор барои иҷрои ин супориш дастрас кард."

Дар идомаи ин баёния омадааст: "Ҳангоми вохӯрии махфӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Содиқов А.И. вазифадор карда шуд, ки ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар карда, бо риъоят кардани талаботи махфикорӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алим Шерзамонов ва дигарон вохӯрӣ кунад. Ҳангоми мулоқот аз шаҳрванд Шерзамонов А. тибқи саволномаи тайёр кардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ (ҷосусӣ) дорад, маълумот дастрас намояд."

Ба ҳангоми баргузории ин дидор дар яке аз поркҳои шаҳри Хоруғ оқои Содиқов аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Александр Содиқов, ки худ зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд мебошад, тӯли чанд соли ахир дар созмонҳои байналмилалӣ ифои вазифа мекард ва ахиран ба пажӯҳиш машғул буд. Вай дар солҳои ахир дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо ба унвони унвонҷӯ (PhD) ба омӯзиҳшу пижӯҳиш машғул буд.

Вай ҳамчунин виростор ё сардабири башхи Осиёи Миёнаи торнамои "Global Voices Online" буд, ки мақолот ва блогҳояш дар сойти "Tajikistan Monitor" низ ҳамвора мунташир мешуд. Вай дар мақолоти худ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекард.

Дар ҳамин ҳол, Алим Шерзамонов, раҳбари муътаризони ҳаводиси охири моҳи май дар шаҳри Хоруғ, дар тамосе телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо оқои Содиқов танҳо дар бораи ҳаводиси ахир дар ин шаҳр суҳбат кардааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Алим Шерзамонов, ки раҳбари бахши маҳаллии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар Бадахшон аст, ахиран ба унвони раҳбари муътаризон дар Хоруғ муъаррифӣ шудааст

Оқои Шерзамонов боздошти Александр Содиқовро идомаи фишорҳои мақомот бар раҳбарони мухолифон дар шаҳри Хоруғ унвон кард. Вай афзуд: "Агар вазъ чунин идома ёбад, ман водор мешавам то чанд рӯзи дигар дар бораи тарки ватан тасмими худро расман эълом бикунам."

Тазоҳуроти ахир дар шаҳри Хоруғ рӯзи 22-уми май баъд аз воқеъаи тирандозӣ ба сӯйи худраве, ки ба гуфтаи кормандони интизомӣ афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир савори он буданд, ва куштаву захмӣ шудани иддае аз сокинони шаҳр барпо шуда буд.

Бештари афроде, ки дар майдони марказии шаҳри Хоруғ тайи се рӯз баъд аз ин ҳодиса таҷаммуъ карданд, тақозояшон ин буд, ки афроди масъул дар ин тарандозӣ муҷозот шаванд ва иддае аз кормандони интизомӣ дар вилояти Бадахшон аз вазоифашон барканор шаванд.

Дар ниҳоят, ҷонибҳо ба созишҳое даст ёфтанд ва кумиссиюни муштараке ба таҳқиқи ин ҳодиса оғоз кард. Алим Шерзамонов, ки дар рӯзҳои тазоҳуроти ахир ба унвони раҳбари муътаризон муъаррифӣ мешуд, узви ин кумисиюн интихоб шуд.

Вале оқои Шерзамонов ахиран борҳо изҳор доштааст, ки ниҳодҳои интизомӣ аз мулоқоти вай бо намояндаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ҷомеъаи мадании Бадахшон монеъ мешаванд.

Ба гуфтаи соҳибназарон, равобити миёни сокинони шаҳри Хоруғ ва мақомоти Тоҷикистон баъд аз ҳаводиси соли 2012, замоне ки аз ду ҷониб беш аз 40 нафар кушта шуданд, хадшадор шуда буд. Аз он замон бад-ин сӯ ҷавонони бадахшонӣ ҳар амали ниҳодҳои давлатиро бо вокуниши тунде истиқбол мекунанд.

Матолиби муртабит