'Мамонеъат' аз дидори сафири Бритониё бо фаъъолони маданӣ дар Хоруғ
Image copyrightBBC World ServiceБархе аз фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон мегӯянд, ки маъмурони амниятӣ аз дидори сафири Бритониё дар Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеъаи мадании ин вилоят монеъ шудаанд.
Ба гуфтаи онҳо, давлат моил нест, ки диплумотҳои хориҷӣ зимни мулоқот бо мардуми маҳаллӣ дар бораи нооромиҳои охири моҳи май дар маркази устони Бадахшон иттилоъи олтернотив дарёфт кунанд.
Алим Шерзамонов, яке аз фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон, рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми июн дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки Робин Урд-Исмит аз замони вурудаш ба Бадахшон таҳти муроқибати маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Вай гуфт: "Оқои Исмит дар Хоруғ таҳти ғамхории нерӯҳои амниятии вилоят қарор дошт ва дар меҳмонхона тақрибан шабеҳи ҳабси хонагӣ ба сар мебурд. Маъмурони амниятӣ иҷоза надоданд, ки касе ба назди сафир равад ва ё сафир бо касе дидору гуфтугӯ кунад. Ба ин тартиб, давлат намехоҳад, ки сафир назари мустақиллеро дар бораи ҳаводиси ахир дар Хоруғ бишнавад."
Оқои Шерзамонов афзуд, ки мақомот чунин тасмимро гӯё ба далоили амниятӣ иттихоз кардаанд. Ҳарчанд худи вай мегӯяд, ки феълан вазъ дар Хоруғ ором аст ва мардум машғули корҳои рӯзмарраи худ ҳастанд.
'Кумак ба сафир'
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон низ дар бораи бурузи ноамнӣ дар Хоруғ дар рӯзҳои ахир гузорише пахш накардаанд. Вале торнамои расмии вазорати хориҷаи Бритониё дар бораи таҳдидҳои амниятӣ барои шаҳрвандонаш дар Бадахшон ҳушдор додааст.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, шаби гузашта дар як минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳаволии шаҳри Хоруғ даргирие рух додааст. Манбаъ афзуда, ки ба ин далел дар хиёбонҳои Хоруғ афзоиши теъдоди нерӯҳои амниятӣ ва пулис мушоҳида шудааст.
Манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки ба ҳамин далел шаби гузашта сафири Бритониё дар Тоҷикистон аз меҳмонхона “Серено” дар Хоруғ ба бустонсарои раиси ҷумҳури Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
Худи оқои Урд-Исмит, ки рӯзи сешанбе ба Хоруғ рафта ва рӯзи чаҳоршанбе ба Душанбе баргашт, таъйид кард, ки шаби гузашта садои тирандозӣ дар он сӯи марз дар Бадахшон шунида шудааст.
Вай дар бораи ин хабар ки маъмурони амниятӣ аз мулоқоти ӯ бо фаъъолони ҷомеъаи маданӣ монеъ шуданд, чизе нагуфт, аммо иброз дошт, ки маъмурони амниятӣ ба ӯ "хеле кумак карданд."
Аз сӯи дигар, манобеъи маҳаллӣ гуфтаанд, ки оқои Урд-Исмит бо устондори Бадахшон ва шаҳрдори Хоруғ дар бораи вазъияти ин вилоят ва имкони сафари гардишгарони бритониёӣ ба ин минтақа мулоқот кардааст.
Сафари кӯтоҳи сафири Бритониё ба устони Бадахшон дар ҳолест, ки баъд аз зуҳри рӯзи гузашта гурӯҳе аз занону мардон дар назди сохтмони сафорати ин кишвар дар Душанбе таҷаммуъ карда ва ба гуфаи шоҳидони айнӣ ба сӯи сохтмони сафорат санг андохтаанд.
Сабаби эътироз ё ҳамлаи ин афрод ба сохтмони сафорати Бритониё маълум нест, вале бархе шоҳидон гуфтаанд, ки онҳо ба дидори сафир аз Бадахшон эътироз доштанд. Пулис пештар хабар дод, ки ин афродро боздошт карда, вале сарнивишти онҳо ҳамакнун маълум нест.
'Суизан ба хориҷиён'
Сафари Робин Урд-Исмит ба Бадахшон пас аз нооромиҳои 21-24 май дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, ки дастикам панҷ кушта бар ҷо гузошт, сурат мегирад. Он замон сафорати Бритониё шаҳрвандонашро аз сафар ба Бадахшон ба далоили амниятӣ ихтор дода буд.
Дар ҳамин ҳол, Суҳроб Шарипов, узви порлумон, рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон гуфтааст, ки сафари суфарои хориҷӣ ба манотиқи марзӣ бояд аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ танзим шавад, "то мақомот тавонанд амнияти онҳоро дар ин нуқтаҳои ҳассос хубтар таъмин кунанд."
Таҳлилгарон мегӯянд, аз замони амалиёти маргбори нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ дар 24 июли соли 2012, ки беш аз чиҳил кушта барҷо гузошт, мақомоти тоҷик нисбат ба сафари диплумотҳои хориҷӣ ба ин минтақа бадгумон ҳастанд. Он замон мақомот ҳама гуна иртибот бо минтақаро масдуд карда буданд.
Чанде пеш сафари иддае аз диплумотҳои дигари урупоӣ низ ба Бадахшон ва иддиъои дидори онҳо бо афроди бонуфузи мухолиф дар минтақа нигарониҳое дар миёни мақомоти Тоҷикистон ба дунбол доштааст.
Шеръалӣ Хайруллоев, ёвари амниятии раисҷумҳур ва вазири дифоъи собиқ, ки раҳбарии кумисиюни таҳқиқи ҳаводиси ахир дар Хоруғро ба дӯш дорад, гуфтааст, ки дар нооромиҳои ахир дар маркази Бадахшон "қудратҳои хориҷӣ даст доранд," ҳарчанд ӯ аз ҳеч кишваре ном набурдааст.
Вале мунтақидон ва мухолифони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки маншаъи ноамнӣ дар Бадахшон ва манотиқи дигари ин кишвар сиёсатҳои ба гуфтаи онҳо нокоромади давлати таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тайи беш аз ду даҳаи ахир зимоми қудратро дар даст дорад.
Ба гуфтаи онҳо, фақру фасоди густарда, тамаркузи қудрат дар дасти гурӯҳе аз намояндагони як минтақа, ки ғолибан бо ҳам иртиботи хешутаборӣ доранд, саркӯби мухолифон ё рондани онҳо аз саҳна, бекорӣ ва муҳоҷирати беш аз як милюн нафар ба Русия заминасози норизоятиҳои густардаи иҷтимоъист.
