'Эътирози' гурӯҳе номаълум дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе
Image copyrightBBC World ServiceДар ҳоле ки сафири Бритониё дар Тоҷикистон ба Бадахшон сафар карда, гурӯҳе аз афроди номаълум ба назди сохтмони сафорати ин кишвар дар Душанбе юриш бурда ва боздошт шудаанд.
Ин воқеъа баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 10 июн иттифоқ уфтода ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, бештари ин афрод занон будаанд. Ин хабарро манобеъи сафорати Бритониё дар Тоҷикистон низ таъйид карданд, вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.
Як манбаъи сафорат ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар мавриди ин ҳодиса "танҳо сафир метавонад изҳороти расмӣ пахш кунад." Аммо ба гуфтаи ӯ, сафир дар ҳоли ҳозир дар устони худмухтори Бадахшон аст.
Ин манбаъ гуфт, ки кормандони сафорат аз сохтмон берун нарафтанд ва хабар надоранд, ки дар берун чи иттифоқе уфтод: "Деворҳои сафорат баланд аст, мо наметавонистем бибинем, ки чи ҳодиса аст, аммо посбонҳо хабар доданд, ки дар берун гурӯҳе ҷамъ шудаанд."
Хабаргузориҳои маҳаллӣ дар истинод ба бархе аз шоҳидони ин ҳодиса навиштаанд, ки муътаризон ба сӯи сохтмони сафорат санг андохтаанд. Торнамои "ASIA-Plus" аз қавли шоҳидони айнӣ нивишта, ки нахуст панҷ зан ба сӯйи бинои сафорат санг андохтанд ва баъд чаҳор мард ба онҳо пайвастанд.
Ин хабаргузорӣ менависад: "Вақте ки посбонони сафорат талош карданд аз ин иқдоми занон ҷилавгирӣ кунанд, чаҳор марди дигар ҳам ба онҳо пайвастанд. Мардон посбонҳои сафоратро кутак заданд ва занон ба андохтани сангу шиша ба сохтмони сафорат идома доданд. Дурбинҳои бинои сафорат хароб шуд."
Шоҳидони айнӣ ҳамчунин мегӯянд, ки дақоиқе пас аз ин воқеъа маъмурони пулис дар маҳал пайдо шуда ва ин афродро ба идораи пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонӣ бурданд.
Як мақоми пулиси шаҳри Душанбе ин хабарро таъйид кард, вале гуфт, ки ҳанӯз парвандае дар бораи ин ҳодиса боз нашудааст: "Аввал тафтиши пешакиро анҷом медиҳанд ва баъд шояд парванда боз кунанд."
Сабаби эътироз ё ҳамлаи ин афрод ба сохтмони сафорати Бритониё дар Душанбе маълум нест, вале гуфта мешавад, ки онҳо шиъорҳое дар бораи "Помир" ва "Бадахшон" сар медоданд.
Ин воқеъа дар ҳоле рух дод, ки рӯзи сешанбе Робин Урд-Исмит, сафири Бритониё, ба устони худмухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, сафар кардааст. Манобеъи сафорат гуфтанд, ки ҳадафи ӯ ошноӣ бо вазъият дар Хоруғ, маркази устони Бадахшон, пас аз нооромиҳои ахир аст.
Сафари ӯ ба Бадахшон пас аз нооромиҳои 21-24 май дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, ки дастикам панҷ кушта бар ҷо гузошт, сурат мегирад. Он замон сафорати Бритониё шаҳрвандонашро аз хатароти амниятӣ дар Бадахшон ҳушдор дода ва аз онҳо хоста буд, ки аз сафар ба ин минтақа худдорӣ куанд.
Дар пайи даргирии мусаллаҳона байни маъмурони пулис ва шуморе аз афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир, ки рӯзи 21 май дар яке аз маҳаллоти пурҷамъияти шаҳри Хоруғ рух дод, ҷавонони маҳаллӣ сохтмонҳои пулис, додситонӣ ва додгоҳи вилоятро ба оташ кашиданд.
Давлати Тоҷикистон кумисиюни вижае барои таҳқиқи ин ҳаводис таъсис додааст, ки Шеръалӣ Хайруллоев, ёвари раисҷумҳур дар масоили амниятӣ ва вазири дифоъи пешин, раҳбарии онро ба дӯш дорад.
Манобеъи маҳаллӣ дар Бадахшон мегӯянд, ки норизоятии мардуми маҳаллӣ аз замони амалиёти нофарҷоми нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ки 24 июли соли 2012 сурат гирифт, маншаъ мегирад. Ин амалиёт беш аз 40 кушта ва чандин захмӣ барҷо гузошт ва ба эътирозоти густарда доман зад.
Аз сӯи дигар, ба эътиқоди таҳлилгарон, мақомоти Тоҷикистон аз он замон то ба ҳол нисбат ба сафарҳои диплумотҳои ғарбӣ ба ин минтақаи кӯҳистонӣ ҳамвора суизан доштаанд.
Бадахшон ба хотири аносири забонию мазҳабӣ бо соири манотиқи Тоҷикистон мутафовит аст. Мардуми ин минтақа бештар пайрави фирқаи шиъаи Исмоъилия ҳастанд, ки пешвояшон Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони Чаҳор, аз сармоядорони бонуфуз дар Бритониё маҳсуб мешавад.
