Донишгоҳи Эксетер: Содиқов ба Хоруғ сафаре илмӣ дошт
Image copyrightBBC World ServiceДонишгоҳи Эксетери Бритониё бо судури баёнияе хабар дод, ки сафари Александр Содиқов, пажӯҳишгари боздоштшуда, ба Бадахшон, сирфан ба корҳои пажӯҳишии ӯ марбут аст.
Дар баёнияи ин донишгоҳ, ки рӯзи сешанбеи 17 июн дар ихтиёри Би-би-сӣ қарор гирифт, омада, ки ин пажӯҳишгари тоҷик машғули анҷоми мутолеъоте дар бораи мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна будааст.
Дар баёнияи Донишгоҳи Эксетер омадааст: "Александр Содиқов, пажӯҳишгари маҳаллӣ, ки бар асоси қарордоде бо Донишгоҳи Эксетер ба пажӯҳиш машғул аст, ҳангоми анҷоми мусоҳиба бо як намояндаи ҷомеъаи маданӣ дар шаҳри Хоруғ аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шудааст. Аммо сафари ӯ ба Бадахшон сирфан ба корҳои илмию пажӯҳишияш муртабит аст."
Ин баёния меафзояд: "Содиқов дар чорчӯби тарҳе бо номи "Зуҳури қудратҳо ва мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна", ки аз сӯйи Шӯрои пажӯҳишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъии Бритониё ҳимояти молӣ мешавад, ба анҷоми пажӯҳиш машғул буд. Донишгоҳи Нюкосел ва Донишгоҳи Бредфурд ҳам дар ин тарҳ саҳим ҳастанд."
Оқои Содиқов рӯзи душанбе аз сӯйи маъмурони амниятии Тоҷикистон пас аз анҷоми мусоҳиба бо Алим Шерзамонов, аз фаъъолони сиёсии мухолифи давлат дар Бадахшон, ки раҳбарии муътаризон ба норомиҳои ахир дар шаҳри Хоруғро ба уҳда дорад, боздошт шуд.
'Ӯ пажӯҳишгар аст, на ҷосус'
Субҳи рӯзи сешанбе Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо судури баёнияе эълом кард, ки оқои Содиқов ба занни ҷосусӣ барои кишваре хориҷӣ боздошт шудааст. Ин ниҳод оқои Содиқовро ба доштани иртиботи "махфиёна" бо диплумоте хориҷӣ муттаҳам карда, вале аз ин диплумот ном набурдааст.
Дар ин баёния омадааст: "Ҳангоми вохӯрии махфӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Содиқов А.И. вазифадор карда шуд, ки ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар карда, бо риъоят кардани талаботи махфикорӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алим Шерзамонов ва дигарон вохӯрӣ кунад. Ҳангоми мулоқот аз шаҳрванд Шерзамонов А. тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ (ҷосусӣ) дорад, маълумот дастрас намояд."
Аммо Дуктур Ҷон Ҳизершо, устоди Донишгоҳи Эксетер ва раҳбари илмии оқои Содиқов, дар суҳбате ихтисосӣ ба нашрияи ASIA-Plus иддиъои ниҳодҳои амниятиии Тоҷикистонро дар бораи "ҷосус будани" Александр Содиқов рад карда ва гуфтааст, ки "ӯ ҷосус на, балки пажӯҳишгар аст!"
Оқои Ҳизершо, ки раҳбарии пружеи "Зуҳури қудратҳо ва мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна"-ро ба уҳда дорад, мегӯяд, ки оқои Содиқов дар чорчӯби ин тарҳ ба анҷоми пажӯҳиш дар Тоҷикистон машғул аст.
Ин тарҳ бо 500 ҳазор дулор ҳимояти молии Шӯрои пажӯҳишҳои иқтисодию иҷтимоъии Бритониё анҷом мешавад. Мавзӯъи он рӯйкарди тоза ба пажӯҳиши мунозеъотест, ки дар байни солҳои 2005 ва 2012 дар Тоҷикистону Узбакистон ва Қирқизистон иттифоқ уфтодаанд.
Дуктур Ҳизершо ибрози умедворӣ карда, ки мақомоти Тоҷикистон ҳарчи зудтар Александр Содиқовро раҳо кунанд, то ӯ дар зудтарин фурсат ба назди хонавода ва духтари хурдсолаш баргардад.
Александр Содиқов, ки худ зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аст, дар гузашта дарбархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид, кор мекард. Вай дар солҳои ахир дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо ба унвони унвонҷӯ (PhD) ба таҳсил машғул буд.
Оқои Содиқов ҳамчунин сардабири башхи Осиёи Миёнаи торнамои "Global Voices Online" буд, ки мақолоташ дар торнамои "Tajikistan Monitor" низ ҳамвора мунташир мешуд. Вай дар мақолоти худ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекард.
'Суизан нисбат ба кишварҳои ғарбӣ'
Дар ҳамин ҳол, бархе аз диплумотҳои ғарбӣ рӯзи сешанбеи 17-уми июн тавассути шабакаҳои иҷтимоъӣ аз боздошти оқои Содиқов дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо ҳамзамон ибрози умедворӣ кардаанд, ки мақомоти тоҷик ӯро базудӣ раҳо кунанд.
Бори нахуст аст, ки як пажӯҳишгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон ба занни ҷосусӣ барои кишваре хориҷӣ боздошт мешавад. Ҳарчанд манобеъи амниятӣ аз ин кишвар ном набурдаанд, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомоти тоҷик дар солҳои ахир нисбат ба кишварҳои ғарбӣ суизан доранд.
Ахиран гурӯҳе машкук аз мардону занон дар пайи сафари сафири Бритониё ба Бадахшон дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе таҷаммуъ карда ва ба сӯйи бинои сафорат санг андохтанд. Ин воқеъа мунҷар ба шикастани дурбинҳои атрофи сохтмони сафорат шуд.
Як мавриди нигаронии мақомоти тоҷик ин буда, ки гӯё бархе аз кишварҳои ғарбӣ қасд доранд мардуми Бадахшонро, ки умдатан исмоъилимазҳаб ҳастанд, ба ҷудоиталабӣ таҳрик кунанд. Аммо ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон, ин нигаронӣ ҳеч поя ва асосе надорад.
Улфатхоним Мамадшоева, як фаъъоли иҷтимоъӣ дар Бадахшон, мегӯяд: "Ман аз забони ягон инглис ё фаронсавӣ ё олмонӣ нашунидаам инро. Мардуми Бадахшон ҳам дар фикри рӯзгори худанд, вақташон ҳам нест, ки фикри ҷудоӣ кунанд. Бадахшониҳо медонанд, ки онҳо қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон астанд."
Зимнан, ба гуфтаи манобеъи огоҳ, сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба Бадахшон баъд аз норомиҳои охири моҳи май маҳдуд шудааст, ҳарчанд манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки вазъият дар минтақа ором аст.
Соҳибназарон мегӯянд, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ дар моҳи июли соли 2012, ки беш аз 40 кушта барҷо гузошт, ба беэътимодии мардуми маҳаллӣ доман задааст. Аз он замон бад-ин сӯ ҳар иқдоми ниҳодҳои давлатӣ бо вокуниши тунди бархе аз мардуми маҳаллӣ рӯбарӯ мешавад.
