Додгоҳи Хатлон хусусисозии корхонаи муштараки "Тоҷиказот"-ро ғайриқонунӣ эълом кард
Image copyrightReutersДодгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон дархости масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро дар мавриди ғайриқонунӣ эълом кардани хусусисозии корхонаи “Тоҷиказот”-ро ба суди ин ожонс ҳал кард.
Қозии ин парванда рӯзи душанбеи 23 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳукм имрӯз баъд аз муҳокимаи ин парванда дар додгоҳ эълом шудааст.
Саидхӯҷа Сангаков мегӯяд, ки ин парванда тибқи дархостҳои моддаҳои 165, 169 ва 174 Қонуни мурофиъаи иқтисодии Тоҷикистон муҳокима шуд.
Оқои Сангаков афзуд: “Шартномаҳои муассисаӣ аз 25 декабри соли 2001 ва протукули маҷлиси умумии ҷамъияти саҳомии корхонаи муштараки “Тоҷиказот“ дар бораи ба имзо расонидани муассисон дар мавриди таъсиси додани ин корхона ва шартномаи фурӯши саҳмияҳои ин корхона аз 29-уми октябри соли 2003 ба Хайрулло Саидов ва гувоҳнома дар мавриди фурӯши ин саҳмияҳо беэътибор дониста шудаанд.”
Хайрулло Зайдов, писари Зайд Саидов, тоҷири зиндонии Тоҷикистон аст ва гуфта мешавад, ки 5 дар сади саҳмияҳои ин корхонаро доро будааст.
Зайд Саидовро дар моҳи декабри соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон дар содир кардани чор ҷурм, аз ҷумла таҷовуз ба номус муқасир донист ва барои 26 сол равонаи зиндон карда буд.
Яке аз муттаҳамони аслии ин парванда ширкати қибрисии “Хайрин Ҳолдинг Лимитед” буд, ки шартнома дар мавриди фурӯши саҳмияҳо ба молики он беэътибор дониста шуд.
Ҳамакнун корхонаи “Тоҷиказот” ба моликияти Кумитеи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гузаштааст.
Қаблан 75 дар сад аз саҳоми ширкати "Тоҷиказот", ба ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитед”, ки Дмитрий Фиртош раиси он аст, таъаллуқ дошт.
Ба гуфтаи оқои Сангаков дар муҳокимаи додгоҳӣ Александр Перепелица ба намояндагӣ “Хайрин Ҳолдинг Лимитед” ширкат доштааст ва ӯ мегӯяд, ки ин ширкат ҳақ дорад дар тӯли як моҳ аз ҳукми додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят бибарад.
Дмитрий Фиртош сармоядори укройнӣ ва раиси ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитед”, дар моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯйи пулис дар Утриш бо дархости ҷониби Укройн боздошт шуд. Он замон гуфта мешуд, ки оқои Фиртош он замон ба ришвадиҳӣ муттаҳам шуда буд, вале баъди чанде аз боздошгоҳ озод шуд.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дархости масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар мавриди ғайриқонунӣ эълом кардани хусусисозии корхонаи мавсум ба “Гулистон” дар ин шаҳрро низ ба суди масъулони ин ожонс ҳал карда буд.
Гуфта мешавад 95 дарсад аз саҳомии ин корхона ба Дмитрий Фиртош, сармоядори укройнӣ, ва панҷ дарсад аз он ба яке аз Хайрулло фарзандони Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, мутаъаллиқ буд.
