Раҳматилло Зойиров омодаи истеъфо аст
Image copyrightBBC World ServiceРаҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукротҳои тоҷик (ҲСДТ) аз омодагиаш барои истеъфо хабар дод.
Дар баёнияе, ки ахиран оқои Зойиров мунташир кард, гуфта мешавад, ки то поёни соли оянда анҷумани ҲСДТ раҳбари наверо интихоб карда ва эҳтимол дорад ин номзади зан бошад.
Оқои Зойиров ҳушдор додааст, ки ин тасмимаш бо Шӯрои сиёсии ҲСДТ ҳамоҳанг нашудааст. Вай ҳамчунин хабар дода, ки анҷумани ҳизб феҳрасти номзадҳои ҲСДТ дар интихоботи ояндаи порлумонӣ дар ин кишварро тасвиб мекунад.
Баёнияи оқои Зойиров ба сурати зайл оғоз шудааст: "Дар зиндагии ҳар сиёсамадор лаҳзаҳои меҳварие вуҷуд дорад, ки ӯ вазифадор аст ба таври равшан ва содиқона мавқеъият ва нигариши худро, аз ҷумла дар бораи масъалаҳои барои ҳар як сиёсатмадор ҳассос, баён дорад. Зеро ин масъалаҳо ба таври вижа ба фаъолиятҳои ӯ ва ба таври умумӣ бо сарнавишти ӯ вобастаанд".
Дар идомаи баёния раҳбари сусиёл-демукротҳои тоҷик аз тасмими худ барои истеъфо хабар додааст: "Яке аз чунин масъалаҳо, масъалаи ифои вазифаи раиси ҳизб, аз ҷумла раиси ҲСДТ мебошад. Бинобар ин ман бо эҳсоси масъулият изҳор медорам, ки мӯҳлати кунунии ман дар мақоми раиси ҲСДТ охирин мӯҳлат мебошад. Ин мӯҳлат тирамоҳи соли 2015 ба охир мерасад".
Вай афзудааст: “Анҷумани ҳисоботиву интихоботии ҳизб, ки маро раис интихоб карда буд, 4-уми декабри соли 2011 баргузор шуда буд, ки мутобиқан дар моҳи декабри 2015 ҲСДТ-ро бояд раиси нав сарварӣ намояд. Ва ин сарварро анҷумани ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ, ки дар охири моҳи ноябр ё аввали моҳи декабри соли 2015 баргузор мегардад, интихоб хоҳад кард."
Ин дар ҳолест, ки соли 2015 дар Тоҷикистон баргузории интихоботи порлумонӣ дар назар аст ва ҲСДТ ба унвони яке аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат дар ин озмун вориди мубориза хоҳад шуд.
Оқои Зойиров дар ин робита низ гуфтааст: "Раиси ҳизб ҳар касе аз аъзои Шӯрои Сиёсии ҲСДТ ва ё ҳар фаъоли ҲСДТ метавонад бошад, новобаста аз ин ки номзад ба раис аз марказ аст ё аз нуқтаи дигари кишвар, дар дохили кишвар зиндагӣ мекунад ва ё дар муҳоҷират қарор дорад. Муҳим ин аст, ки ӯ дар ҷалб намудани аъзои муносиб ба хотири навсозӣ ва баланд бардоштани обрӯи ҳизб беҳтарин амалкардҳои ҳизбӣ нишон дода бошад. Номи беҳтарин ва муносибтарин номзадҳоро Шӯрои Сиёсии ҲСДТ муайян менамояд ва интихоби раисро анҷумани ҲСДТ ҳаллу фасл мекунад”.
Раҳматилло Зойиров ҳамчунин ҳадс задааст, ки эҳтимол дорад раҳбарии ҲСДТ-ро яке аз занҳои фаъъоли ҳизбӣ бар ӯҳда бигирад ва афзудааст: "Итминон медиҳам, ки дар сафи ҲСДТ ҳеҷ парокандагие рӯй нахоҳад дод. Сиёсати ҲСДТ на то он рӯзе, ки ман сарвараш ҳастам ва на баъд аз ман тағйир нахоҳад ёфт. ҲСДТ ҳамеша ҳизби қонун, адолат, виҷдон ва аъзову роҳбарони наваш аз хиради сиёсӣ бархурдор хоҳанд буд”.
Зимнан, то ҳол дар заминаи баёнияи ахири Раҳматилло Зойиров на раҳбарияти ҲСДТ ва на аз ниҳодҳои давлатӣ изҳори назаре пахш нашудааст.
Оқои Зойиров тӯли солҳои ахир ба унвони сиёсатмадори мунтақиди шадиди Президент Раҳмон шӯҳрат дорад. ҲСДТ ва шахсан Раҳматилло Зойиров дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ пуштибонӣ карданд. Вале хонум Бобоназарова натавонист миқдори зарурии имзо ҷамъоварӣ карда ва дар Кумиссиюни марказии интихоботӣ сабти ном шавад.
Ба ин далел, бархе аз соҳибназарон баъйид медонанд, ки бо истеъфои Раҳматилло Зойиров ва интихоби номзади зан ба симмати раҳбари ҲСДТ ин ҳизб тавонад ба гунаи қаблӣ дар миёни ҷомеъа мавқеъи қудратманде дошта бошад.
