Нахустин дидори Зойиров бо муваккили боздоштшудааш Шуҳрат Қудратов
Image copyrightBBC World ServiceРаҳматилло Зойиров, ҳуқуқдон ва раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, ки вакили мудофеъи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони боздоштшуда аст, аз нахустин дидори худ бо муваккилаш хабар дод.
Вай бо судури баёнияе дар сафҳаи худ дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки оқои Қудратов то кунун дар сохтмони Ожонси мубориза бо фасод нигаҳдорӣ мешуд ва имрӯз (25 июл) ба боздоштгоҳ мунтақил мешавад.
Оқои Зойиров афзуда, ки вазъияти муваккилаш муътадил ва ӯ дар мавқеъи худ устувор аст, аз лиҳози эҳсосотию маънавӣ худро қавӣ ҳис мекунад ва ҳеч шикояте дар бораи ғизояш надорад.
Фирӯз Холмуродов, бозраси ожонс, раҳбарии гурӯҳи таҳқиқи парвандаи оқои Қудратовро ба уҳда дорад ва ин парвандаро мустақиман Умед Раҳмонов таҳқиқ мекунад.
Оқои Зойиров меафзояд: "Дармавриди бозрасҳо шикояте нест, вале эҳсос мешавад, ки онҳо ба қазия рӯйкарди яктарафа ва иттиҳомомезе доранд. Ин амр дар ҷараёни дидори яке аз бозрасҳо бо мазнун (Қудратов), ки дар ҳузури ман доир шуд, эҳсос мешуд. Бозрас аз посух а суолҳои мазнун Шуҳрат Қудратов ва вакили ӯ, яъне ман, худдорӣ мекард."
Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки имрӯз Шуҳрат Қудратов бо як шоҳиди аслии ин қазия дар ҳузури бозрасҳо ва вакили мудофеъаш суҳбати рӯбарӯ дошта, ки ҳарфҳои шоҳид бо мазнун зидду нақиз будааст.
Ба гуфтаи оқои Зойиров, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастури ҳабси Шуҳрат Қудратовро, ки ба торихи 21 июл аз сӯи Ожонси мубориза бо фасод ба занни ришвадиҳӣ боздошт шуд, содир кардааст.
Тибқи ин дастур, қарор аст оқои Қудратов то поёни таҳқиқи парванда дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шавад, аммо оқои Зойиров мегӯяд, ки бо тасмими додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мувофиқ нест ва дар мавриди он ба марҷаъи болоӣ шикоят хоҳад кард.
Шуҳрат Қудратов рӯзи 21 июл ба занни гирифтани ришва аз муваккилаш Амиралӣ Суламаев, ки гӯё баъдан мехоста ба қозӣ бидиҳад, дар назди бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сӯи кормандони Ожонси мубориза бо фассоди Тоҷикистон боздошт шуд.
Ин ожонс пештар оқои Қудратовро муттаҳам карда буд, ки барои ҳалли баҳси додгоҳии муваккилаш Суламаев дуву ним ҳазор дулор аз ӯ гирифта ва ин пулро гӯё мехостааст ба Шерзод Низомов, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ "ба унвони ришва" бидиҳад, то ин қазияро ба нафъи Амиралӣ Суламаев ҳал кунад.
Шуҳрат Қудратов яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва раҳбари ҳизби тозатаъсиси “Тоҷикистони нав”, аст, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон ба сар мебарад.
Тарафдорони ӯ мегӯянд, ки боздошти оқои Қудратов ва Фахриддин Зокиров, вакили дигари оқои Саидов, дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.
