Душвориҳои мулоқоти вакили мудофеъ бо Шуҳрат Қудратов
Image copyrightBBC World ServiceВакили мудофеъи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони саршинос, ки моҳи гузашта ба иттиҳоми додани ришва боздошт шуда буд, аз мушкил дар заминаи дидор бо муваккилаш шикоят кардааст.
Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот ва ҳуқуқдони саршинос, ки дифоъ аз мавқеъи оқои Қудратовро бар уҳда гирифтааст, ҳамчунин гуфтааст, шикоёт ва дархостҳои ӯ, ки дар муддати беш аз 10 рӯз ба масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ироа кардааст, бидуни посух мондаанд.
Оқои Зоиров, рӯзи душанбеи 11 август бо пахши баёнияе дар ин маврид хабар дода ва гуфтааст, ки аз пахши муҳтавои шикоёт ва дархостҳояш худдорӣ мекунад.
Аммо ӯ гуфтааст, ки ҳамаи ин дархостҳо барои ҳалли мунсифонаи қазияи муваккилаш будааст, вале масъулони ин ниҳод бо баҳонаи дар сафари хидматӣ будани бозраси парванда баррасии ин дархостҳоро ба таъвиқ андохтаанд.
Ӯ гуфт, ки имрӯз низ бо ин баҳона масъулони ин ожонсӣ аз матраҳ кардани шикоёт ва дархостҳои вай худдорӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, як масъули бахши иттилоъоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар заминаи дидори вукалои мудофеъ бо муваккилонашон дар ин ниҳод душворӣ вуҷуд надоштааст.
Бахтиёр Юусупов, рӯзи душанбеи 11 август дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Ҳамагуна мулоқотҳои адвокатҳо (вакилони мудофеъ) бо боздоштшудагон, ки қонуни ҷинойии Тоҷикистон муъайян кардааст, дар ожонсӣ риъоят мешавад.”
Аммо оқои Юусупов гуфт, ки дар мавриди шикоёт ва дархостҳои вакили мудофеъаи Шуҳрат Қудратов иттилоъе дар даст надорад.
Рӯзи 21 июли соли ҷорӣ масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи саршинос, ки аз мавқеъи Зайд Саидов, соҳибкори маъруфи зиндонӣ дифоъ карда буд, боздошт карданд.
Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, ки оқои Қудратов, яке аз муваккилонашро ба додани ришва ба қозии парванда водор кардааст.
Торнамои ин ниҳод баъд аз ду рӯзи боздошти ӯ иттилоъеро мунташир кард, ки дар он, оқои Қудратов муттаҳам шуда, ки "барои ҳукми сафедкунанда баровардан" аз Амиралӣ Суламаев, муваккилаш, 2500 дулори омрикоӣ гирифта ва қасд доштааст ин пулро ба ҳайси ришва ба Ш. Низомов, қозии парванда, пардохт кунад.
Дар пайи боздошти оқои Қудратов, Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдон ва раҳбари Ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), эълом кард, ки дифоъ аз ин фардро бар уҳда хоҳад гирифт.
Шуҳрат Қудратов дувумин вакили мудофеъи Зайд Саидов, аст, ки дар шаш моҳи ахир аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасод дар шароити машкук боздошт мешавад.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ ин ожонс Фахриддин Зокиров, яке аз дигар аз вакилони мудофеъи оқои Саидовро низ ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт карда буд.
Бисёре аз коршиносон боздошти ин ду вакили мудофеъро ба фаъъолиятҳои ҳирфаии онҳо рабт медиҳанд.
