Баёнияи созмонҳои ҷомеъаи маданӣ барои дифоъ аз Шуҳрат Қудратов

  • 24 Июл, 2014
Қудратов ва ЗокировImage copyrightBBC World Service
Image caption Аз аввали соли ҷорӣ ду вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ дар Тоҷикистон, боздошт шудаанд

Масъулони бархе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯянд, ки аз афзоиши мавориди боздошти вакилони мудофеъ дар ин кишвар шадидан нигарон ҳастанд.

Ин созмонҳо аз давлати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки парвандаҳои вакилони мудофеъи боздоштшуда бетарафона ва мунсифона, бидуни ширкати онҳо дар парвандаҳои сиёсӣ ба унвони вакили мудофеъ баррасӣ шаванд.

Шуморе аз ҳуқуқдонҳо ва созмонҳои узви Эътилоф алайҳи шиканҷаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 24 июл баёнияеро дар ин маврид пахш карданд.

Дар ин баёния аз масъулони давлатӣ дархост шуда, ки расидагӣ ба қазияи Шуҳрат Қудратов ва Фахириддин Зокиров, ду вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, бидуни фишор ва бо риъояти истондордҳои миллӣ ва байналмилалӣ, кидавлати Тоҷикистон онҳоро пазируфтааст, анҷом шавад.

Муаллифон нивиштаанд: "Бояд гуфт, ки Шуҳрат Қудратов вакили мудофеъи шахсиятҳои маъруфи дигаре чун вазири собиқи дохила Ёқуб Салимов ва тоҷир Ҷӯрабек Охунов буд, аз Диловаршо Қосимов, ки ба қатли язнаи раисҷумҳур Холмуъмин Сафаров муттаҳам шуда буд, дифоъ кард, ва ҳамчунин аз манофеъи хабаргузории "Осиё-Плас" дар қазоёи пурсарусадои маданӣ намояндагӣ кард."

Дар баёния ҳамчунин аз кормандони интизомӣ дархост шуда, ки аз дахолати мустақим ва ғайримустақим дар фаъъолияти вукалои мудофеъ ва саркӯбии онҳо ба ҳар шева худдорӣ варзанд.

Масъулони ин созмонҳо ва бархе аз вукалои мудофеъи Тоҷикистон, ки зери ин баёния имзо мондаанд, мегӯянд, замоне ки вакили мудофеъ боздошт мешавад, маъмурони давлатӣ бояд дар бораи боздошти ӯ ба Анҷумани вукалои мудофеъ дар зудтарин фурсат хабар диҳанд. Ҳамчунин, онҳо бархурдории вукалои боздоштшуда аз хадамоти вакили мудофеъро амри зарурӣ унвон кардаанд.

Онҳо бо ишора ба мавозини байналмилалӣ дар бораи фаъъолияти вукалои мудофеъ, ки давлатро муваззаф месозанд аз вукало ҳимоят кунад, таъкид кардаанд, ки вукалои мудофеъ набояд мавриди таъқибу фишор ва пайгарди қазоӣ қарор бигиранд.

Дар баёнияи омадааст: "Беҷазо мондани омилони таъқибу фишор бар вукалои мудофеъ дар кишвар дар фаъъолияти вакилони дигар низ таъсир мегузорад. Ин амр кайфияти кори онҳоро пойин мебарад ва онҳоро водор мекунад, ки аз бархе фаъъолиятҳо дар заминаи дифоъ аз муттаҳамон худдорӣ кунанд ва ҳамроҳ бо аъзои хонаводаҳояшон дар биму ваҳшат ба сар баранд."

Ин баёния дар пайи боздошти Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ аз сӯйи масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон пахш шудааст. Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, ки оқои Қудратов яке аз муваккилонашро ба додани ришва ба қозии парванда водор кардааст.

Тибқи гузорише, ки дар торнамои ин ниҳод мунташир шуд, оқои Қудратов муттаҳам шуда, ки "барои ҳукми сафедкунанда баровардан" аз Амиралӣ Суламаев, муваккилаш, 2500 дулори омрикоӣ гирифта ва қасд доштааст ин пулро ба ҳайси ришва ба Ш. Низомов, қозии парванда, пардохт кунад.

Дар ин гузориш омадааст: "Шуҳрат Қудратов барои амалӣ намудани ин мақсади ғаразнокаш мунтазам ба утоқи кории судя (додрас) Низомов даромада, ӯро дар ҳузури котиби маҷлиси судӣ барои бар ивази маблағи пора баровардани ҳукми сафедкунанда нисбати зерҳимояаш Амиралӣ Суламаев моил намудааст."

Шаби гузашта телевизиюнҳои давлатӣ навореро пахш карданд, ки ба иддиъои онҳо, оқои Қудратовро ба ҳангоми гирифтани пул нишон медод, вале дар ин навор аслан рӯшан нест, ки ӯ чи кор мекунад.

Тарафдорони оқои Қудратовро боздошти ӯро ба фаъъолияташ дар заминаи дифоъ аз Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва сиёстмадори зиндонӣ, ва интиқодҳои мукаррарш аз давлат рабт медиҳанд.

Шуҳрат Қудратов дувумин вакили мудофеъи Зайд Саидов, аст, ки дар шаш моҳи ахир аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасод дар шароити машкук боздошт мешавад.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ ин ожонс Фахриддин Зокиров, яке аз дигар аз вакилони мудофеъи оқои Саидовро низ ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт карда буд.

Матолиби муртабит