Вокунишҳо ба боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони мунтақиди давлат

  • 22 Июл, 2014
Шуҳрат ҚудратовImage copyrightBBC World Service
Image caption Боздошти Шуҳрат Қудратов аз сӯйи масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталифе дар ин кишвар рӯбарӯ шуд

Боздошти Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили Зайд Саидов, тоҷир ва сиёсатмадори зиндонӣ, аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталифе дар ин кишвар рӯбарӯ шудааст.

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот, аз умдатарин аҳзоби мухолифи давлат дар Тоҷикистон, боздошти оқои Қудратовро як иқдоми "таҳрикомез" аз сӯйи масъулони ин ожонс хондааст.

Вай бо пахши баёнияе гуфтааст, ки ин ниҳод бояд аз Ожонси мубориза бо фасод ба "Ожонси иқдомҳои таҳриккунанда" табдили ном кунад.

Оқои Зоиров баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 21 июл ин баёнияро мунташир карда ва дар он омада, ки масъулони ин ниҳод оқои Қудратовро ба додани ришва муттаҳам кардаанд.

Аммо ӯ меафзояд: "Иттиҳомоти вориди алайҳи оқои Қудратов бар асоси суханони як қозӣ, ки гуфтааст "ӯ ба ман ришва пешниҳод" карда, ворид шудааст. Ин иддиъо ҳокӣ аз он аст, ки далели воқеъӣ вуҷуд надорад ва он танҳо баҳонае барои боздошти Қудратов аст."

Дар баёния бо ишора ба овардани шавоҳиде аз сӯйи як қозии додгоҳ омадааст, дар сурате ки ин шавоҳид дуруғ бошад, пас ин иқдоми қозӣ ба эътибори додгоҳҳо дар Тоҷикистон латмаи ҷиддӣ ворид хоҳад кард.

Оқои Зоиров бо ёдоварӣ аз қазия додгоҳии Шуҳрат Қудратов ва Моҳира Бобораҷабова афзудааст, ки қозии додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бидуни ширкати оқои Қудратов дар додгоҳ ҳукми онро эълом кард, ки ин амр муғойир бо қавонини маҷҷуда дар Тоҷикистон аст.

Дар баёнияи оқои Зойиров аз фаъъолияти додгоҳҳои Тоҷикистон башиддат интиқод шуда ва аз ҷумла омадааст: "Ба суди хонуми Бобораҷабова ҳал кардани муҳокима аз сӯйи додгоҳ ин иҷрои амри ҳукумати иҷроия, аз ҷумла ожонси мубориза бо фасод аст."

Аз ин рӯ, оқои Зоиров гуфтааст, ки додгоҳҳо дар ин кишвар ҳеҷ гуна қудрати қазоӣ надоранд ва танҳо "таҷассумгари мустақими беқонунии додогоҳҳо" ва адами истиқлоли қазоӣ дар ин кишваранд.

Вай хонум Бобораҷабоваро, ки дар қазияи додгоҳии Зайд Саидов низ ба унвони шоҳид ширкат карда буд, яке дигар аз омилони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон барои муҷозоти афроди мухолиф унвон кардааст.

Оқои Зоиров суол гузошта, ки кай фаъъолияти Ожонси мубориза бо фасод, ки ба иддиъои ӯ, таъаҳҳудоти аслии худро иҷро намекунад ва алайҳи қонуни асосии ин кишвар кор мекунад, мутаваққиф хоҳад шуд? Ва ӯ посух аз ин суолро аз мақомоти марбута ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зомини иҷрои Қонуни асоси ин кишвар аст, ҷӯё шудааст.

'Як-як аз миён бурдани мухолифон'

Шаби гузашта Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори табъидии мухолифи давлат ва раҳбари ҷунбиши "Ватандор" низ дар вокуниш ба боздошти Шуҳрат Қудратов ин амрро талоши мақомоти Тоҷикистон барои "аз миён бурдани мухолифон ба таври инфиродӣ" хондааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Атовуллоҳ боздошти Шуҳрат Қудратовро талоши давлат барои "як-як аз миён бурдани мухолифон" хондааст

Вай бо интишори баёнияе аз ҷумла нивишт: "Боздошти Шуҳрат Қудратов аз озодӣ маҳрум кардани ҳар яки мо мебошад! Мубориза барои озодии Шуҳрат мубориза барои озодии ҳамаи мост! Аз ҳамаи рӯзноманигорон, мудофеъони ҳуқуқи башар, фаъъолони ҷомеъаи маданӣ ва мардумони одӣ хоҳиш мекунам, ки барои ҳимоят аз ин вакили мудофеъ бархезанд."

Оқои Атовуллоҳ ҳамчунин аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ хоста, ки ба ҷойи аксҳои худ дар пруфойлашон аксҳои Шуҳрат Қудратовро гузоранд. Вай аз раҳбарони аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ низ хостааст, ки аз ин ҳуқуқдони мунтақиди давлати Тоҷикистон диофъ кунанд.

Ин рӯзноманигори табъидӣ ва аз мунтақидони сарсахти Эмомалӣ Раҳмон аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе тақозок ардааст, ки барои озодии фаврии Шуҳрат Қудратов бар давлати Тоҷикистон фишор оваранд.

Оқои Атовуллоҳ атбоъи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳонро низ ба баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон барои ҳимоят аз оқои Қудратов фаро хондааст.

Дар ҳамин ҳол, Иззат Амон, раҳбари Иттиҳодияи ҷавонони тоҷик дар Русия, низ бо пахши иттилоъияе аз норизоятии худ нисбат ба боздошти оқои Қудратов хабар додааст.

Оқои Амон аз ҷумла гуфтааст: "Ҳабси (боздошти) Шуҳрат Қудратов дорои ангезаҳои сиёсӣ ва суфоришӣ будани ҳабси Зайд Саид ва вакили ӯ Фахриддин Зокировро нишон медиҳад."

Оқои Амон аз намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва масъулони сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон даъват кардааст, ки нисбат ба боздошти Шуҳрат Қудратов бетафовут набошанд.

Иттиҳоми 'ришвахорӣ'

Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Шуҳрат Қудратовро субҳи рӯзи душанбеи 21 июл боздошт кардаанд. Ба гуфтаи як масъули ин ниҳод, оқои Қудратов бар асоси моддаҳои 32, 36 ва 320-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба "омодасозӣ ва талош барои иртикоби ҷурм, ҳамдастӣ дар ҷурм ва додани ришва" муттаҳам шудааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҳоло оқои Зокиров дар боздоштгоҳ ба сар мебарад

Ин манбаъ мегӯяд, ки шикоят аз аъмоли оқои Қудратовро онҳо аз як қозии додгоҳ дарёфт кардаанд. Аммо бисёре аз коршиносон боздошти Шуҳрат Қудратовро ба вакили Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, будани ӯ рабт медиҳанд. Вай тайи як соли ахир яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов буд ва аз ӯ дифоъ мекард.

Ӯ дувумин вакили мудофеъи оқои Саидов аст, ки аз сӯйи ин ниҳод боздошт мешавад. Дар моҳи марти соли ҷорӣ масъулони ин ожонс Фахриддин Зокиров, яке аз дигар аз вакилони мудофеъи оқои Саидовро ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт карда буданд. Ҳоло оқои Зокиров дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Зайд Саидов, аз мубтакирони таъсиси ҳизбе бо номи "Тоҷикистони нав" буд, ки моҳи майи соли 2013 боздошт шуд. Авохири соли гузашта Додгоҳи олӣ ӯро барои 26 сол маҳкум ба зиндон (ба иловаи мусодираи амвол) кард.

Додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор парванда дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, ришваситонӣ ва маҳрум кардани худсаронаи инсон аз озодӣ мурҷим шинохт. Аммо оқои Саидов ва вукалои мудофеъи ӯ мегуянд, ки вай бегуноҳ аст.

Таҳлилгарон боздошт ва зиндонӣ шудани оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд боздошти вай ба эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва бими мақомот аз эҳтимоли рақобати ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ, рабт дорад.

Матолиби муртабит