Ожонси зиддифасод ҷузъиёти боздошти Шуҳрат Қудратовро эълом кард
Image copyrightBBC World ServiceОжонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтааст, ки Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи саршинос, яке аз муваккилонашро ба додани ришва ба қозии парванда водор кардааст.
Тибқи гузорише, ки рӯзи чаҳоршанбеи 23 июл дар торнамои ин ниҳод мунташир шуд, оқои Қудратов муттаҳам шуда, ки "барои ҳукми сафедкунанда баровардан" аз Амиралӣ Суламаев, муваккилаш, 2500 дулори омрикоӣ гирифта ва қасд доштааст ин пулро ба ҳайси ришва ба Ш. Низомов, қозии парванда, пардохт кунад.
Дар ин гузориш омадааст: "Шуҳрат Қудратов барои амалӣ намудани ин мақсади ғаразнокаш мунтазам ба утоқи кории судя (додрас) Низомов даромада, ӯро дар ҳузури котиби маҷлиси судӣ барои бар ивази маблағи пора баровардани ҳукми сафедкунанда нисбати зерҳимояаш Амиралӣ Суламаев моил намудааст."
Гуфта мешавад, оқои Қудратов соъати 10.55-и рӯзи 21 июли соли ҷорӣ ба ҳангоми дарёфти 1000 дулор аз Амиралӣ Суламаев аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шудааст.
Маъмурони ин ожонс мегӯянд, ки аз Шуҳрат Қудратов 1000 дулори феълӣ ва 1400 дулоре, ки оқои Суламаев қаблан дода буд, ба унвони далели шайъӣ мусодира кардаанд.
Бино ба гузориши Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ин ниҳод рӯзи 21 июли соли ҷорӣ алайҳи оқои Қудратов бар асоси моддаҳои 32, 36 ва 320-и Қонуни кайфарии ин кишвар, яъне "омодасозӣ ва талош барои иртикоби ҷурм, ҳамдастӣ дар ҷурм ва додани ришва" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, боздошти оқои Қудратовро аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасод маҳкум карда ва онро "дорои ангезаҳои сиёсӣ ва рабтдошта ба фаъъолияти касбии вакили мудофеъи ҳуқуқи шаҳрвандон" арзёбӣ кардааст.
Фаъъолони ин ҳизб боздошти оқои Қудратовро ба номаи ахири ӯ ба сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар иртибот бо қазияи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ ва муваккилаш, марбут хондаанд.
Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат, низ боздошти оқои Қудратовро ба фаъъолияти вакили мудофеъӣ ва узвияташ дар ҳизби мухолифи давлат марбут хонд.
Оқои Зойиров зимни як баёния, ки рӯзи чоршанбеи 23 июл мунташир шуд, ба ҳимояти Шӯҳрат Қудратов аз парвандаҳои пурсару садои бозори "Зарнисор", Ёқуб Салимов, фармондеҳи пешини Ҷабҳаи мардумӣ ва вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон ва Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва аз мубтакирон барои таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" ишора кардааст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ӯ, аз моҳи декабри соли гузашта оқои Қудратов мақоми муъовинии раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта ва боздошти ӯ навъи фишор болои намояндагони аҳзоби мухолиф дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси тасмими Шӯрои сиёсии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров ба ҳайси вакили мудофеъ аз Шӯҳрат Қудратов дифоъ хоҳад кард.
Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори табъидии мухолифи давлат ва раҳбари ҷунбиши "Ватандор", низ дар вокуниш ба боздошти Шуҳрат Қудратов ин амрро талоши мақомоти Тоҷикистон барои "аз миён бурдани мухолифон ба таври инфиродӣ" хондааст.
Шуҳрат Қудратов дувумин вакили мудофеъи Зайд Саидов аст, ки аз сӯйи ин ниҳод боздошт мешавад. Дар моҳи марти соли ҷорӣ масъулони ин ожонс Фахриддин Зокиров, яке аз дигар аз вакилони мудофеъи оқои Саидовро ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт карда буданд. Ҳоло оқои Зокиров дар боздошт аст.
Зайд Саидов, вазири пешини саноеъ ва тоҷири маъруф, аз мубтакирони таъсиси ҳизбе ба номи "Тоҷикистони нав" буд, ки дар моҳи майи соли 2013, пас аз эъломи атсмимаш ба таъсиси ин ҳизб боздошт шуд.
Дар моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро бар асоси чаҳор парванда дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, ришваситонӣ ва маҳрум кардани худсаронаи инсон аз озодӣ муҷрим шинохта ва барои 26 сол маҳкум ба зиндон (ба иловаи мусодираи амвол) кард.
