Интиқоли Фахриддин Зокиров ба боздошгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceВукалои мудофеъи Фахриддин Зокиров мегӯянд, ки муваккилашон аз боздоштгоҳи Вазорати додгустарии Тоҷикистон ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии ин кишвар интиқол ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир аз ҳукук ва манофеъи оқои Зокиров чаҳор вскили мудофеъ ҳимоят мекунанд ва Мавлудҷон Солеҳов, яке аз онҳо, мегӯяд, ки вазъи муваккилаш дар боздоштгоҳ бад нест.
Оқои Солеҳов рӯзи душанбеи 24 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки интиқоли муваккилаш ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 март анҷом шуда, муғойир бо қонуни ин кишвар нест.
Вай ҳамчунин мегӯяд: “Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон маро дар ҷараёни интиқоли Фахриддин Зокиров аз як боздоштгоҳ ба боздошгоҳи дигар гузоштанд.”
Дар ҳоле ки оқои Солеҳов баъид медонад, ки дар боздоштгоҳи амниятӣ алайҳи муваккилаш фишорҳое сурат бигирад, аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили дигари оқои Зокиров мегӯяд, ки яке аз ангезаҳои интиқоли муваккилаш ба боздоштгоҳи амниятӣ “ворид кардани фишор бар оқои Зокиров аст.”
Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва вазири қаблии саноеъи Тоҷикистон, ки дар зиндон ба сар мебарад, рӯзи 6 март тибқи моддаи 247-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, ба иттиҳоми тақаллуб аз сӯйи масъулони Ожонси мубориза бо фасод боздошт шуд.
Масъулони ин ожонс мегӯянд, ки боздошти оқои Зокиров ба вом гирифтани ӯ аз як бонк дар соли 2011 рабт дорад.
Мавлудҷон Солеҳов низ мегӯяд, ки муваккили вай дарвоқеъ дар соли 2011 аз бонке дар вилояти Хатлон як милюн дулор вом гирифта ва то ҳол 600 ҳазори онро пардохт кардааст.
Оқои Солеҳов мегӯяд, ки Фахриддин Зокиров иттиҳомоти ворида алайҳи худро қазияе шаҳрвандӣ медонад ва боздошти худро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад.
Кумисиюни Байналмилалиии Ҳуқуқдонҳо (International Commision of Jurists) рӯзи 11 март бо пахши баёнияе боздошти Фахриддин Зокировро таҳдиде барои фаъъолияти мустақилли ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон унвон карда буд.
Дар ин баёния масъулони ин созмон аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки ин амр ба фаъъолияти ҳирфаии оқои Зокиров, яъне дифоъи фаъъолонаи ӯ аз Зайд Саидов, марбут аст.
Аммо Мавлудҷон Солеҳов имрӯз гуфт: “Ҳоло бисёре аз расонаҳо боздошти Фахриддин Зокировро ба қазияи ҳимояти ӯ аз Зайд Саидов рабт медиҳанд. Аммо ин нодуруст аст. Баҳси кунунӣ баҳси молӣ буда ва ба сиёсат ҳеҷ рабте надорад.”
Бо ин вуҷуд бархе аз коршиносон ва раҳбарони аҳзоби мухолифи давлат боздошти оқои Зокировро ба фаъъолияти ҳирфаияш ва баҳсҳои ӯ ва вукалои мудофеъи дигари Зайд Саидов бо масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон марбут медонанд.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва раиси Кунсерсиюми ҳуқуқдонҳои Тоҷикистон, бо интишори як баёния иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Зокировро сохтагӣ ва боздошти ӯро "оғози ҷанг алайҳи вукалои мудофеъ" хонда буд.
