Боздошти яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов ба иттиҳоми тақаллуб

  • 7 Март, 2014
ЗокировImage copyrightBBC World Service
Image caption Фахриддин Зокиров ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт шудааст

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндониро, ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт кардааст.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи дигари оқои Саидов, рӯзи ҷумъаи 7 март гуфт, ки қабл аз зуҳри панҷшанбеи 6 март кормандони ин ожонс оқои Зокировро барои додани шаҳодат даъват карда ва сипас ӯро боздошт кардаанд.

Оқои Қудратов гуфт, ки кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Фахридди Зокиров бар асоси моддаи 274-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми "қаллобӣ" парвандаи ҷинойӣ боз карда ва бозрасии ин парвандаро бозрасони парвандаи Зайд Саидов ба уҳда доранд.

Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, вукалои мудофеъи Зайд Саидов, баъд аз зуҳри ҷумъаи 7 март дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе боздошти оқои Зокировро "қасоси Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Ожонси мубориза бо фасод аз вукалои мудофеъи Зайд Саидов" унвон карданд.

Ба гуфтаи онҳо, вукалои мудофеъ собит кардаанд, ки натиҷаи озмоишҳо дар мавриди муваккилашон сохта ва туҳмат аст ва ин талошҳои вукалои мудофеъ мунҷар ба тасмими интиқомҷӯёнаи оқои Ғоиб шудааст.

Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ибрози назар дар бораи ин гуна иддаъои вукалои мудофеъи Зайд Саидов худдорӣ карданд.

Дар моҳи майи соли 2013 Зайд Саидов, тоҷири саршинос, ба иттиҳоми ришвахорӣ, чандзанӣ, сӯиистифода аз мақом, қаллобӣ ва таҷовуз ба номус боздошт шуда ва дар моҳи декабри соли гузашта ба муддати 26 сол равонаи зиндон шуда буд.

Як манбаъ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки боздошти Фахриддин Зокиров бар асоси баҳси пешини ӯ бо як ниҳоди бонкӣ сурат гирифтааст.

Ин манбаъ гуфт, ки оқои Зокиров чанд сол қабл барои корхонааш аз бонк ба маблағи як милюн дулор вом дарёфт карда ва то ҳол тавонистааст танҳо 600 ҳазор дулори ин вомро пардохт кунад.

Гуфта мешавад, Фахриддин Зокиров ба ҳангоми дарёфти вом амволашро ба гарав гузошта ва дар сурати пардохт нашудани вом бонк метавонад ин амволро тасарруф кунад. Дар чунин шароите, ин қазия бояд миёни бонк, муштарияш ва додгоҳ ҳал шавад ва мудохилаи Ожонси зидди фасод раво нест.

Ба ин далел, бархе аз коршиносон боздошти Фахриддин Зокировро ба фаъъолияти хидматияш ва баҳсҳои ӯ ва вукалои мудофеъи дигари Зайд Саидов бо масъулони Ожонси мубориза бо фасод марбут хондаанд.

Зимнан, ин вукалои мудофеъ, бахусус Шуҳрат Қудратов, пештар аз мавориди таъқиб ва таҳдидҳо алайҳи худ тавассути паёмакҳои телефунӣ шикоят карда буданд.

Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, ҳамчунин гуфтанд, ки дар сурати идомаи фишору таҳдид аз ҷониби ниҳодҳои интизомӣ онҳо ба сафоратҳои кишварҳои урупоӣ муроҷиъа карда ва аз ин кишварҳо дархости паноҳандагии сиёсӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва раиси "Кунсерсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон" зимни интишори як баёния иттиҳоми ворида алайҳи Фахриддин Зокировро сохтагӣ хонда ва боздошти ӯро "оғози ҷанг алайҳи вукалои мудофеъ" хондааст.

Ба гуфтаи оқои Зойиров, иттиҳоми Ожонси мубориза бо фасод бар асоси моддаи 247, қисми 4, алайҳи оқои Зокиров аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст набуда, танҳо ниҳодҳои додситонӣ метавонанд тибқи ин модда парванда боз кунанд.

"Кунсерсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон" аз ҳамаи ҳуқуқдонҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват кардааст, ки аз фишору истибдоди ниҳодҳои давлатӣ бар вукалои мудофеъ ва намояндагони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Фахриддин Зокиров, монеъ шаванд.

Матолиби муртабит