КБҲ: Боздошти Фахриддин Зокиров хилофи мавозини байналмилалист

  • 11 Март, 2014
Фахриддин ЗокировImage copyrightBBC World Service
Image caption Кумисиюни Байналмилалии Ҳуқуқдонҳо мегӯяд давлати Тоҷикистон бояд аз вукалои мудофеъ ҳимоят кунад

Кумисиюни Байналмилалиии Ҳуқуқдонҳо (International Commision of Jurists) боздошти яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидовро таҳдиде барои фаъъолияти мустақилли ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Ин созмон бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон хостааст амонати вукалои мудофеъро ҳифз кунад ва аз низоми адолати кайфарӣ барои таҳдид ва иръоби вукалои мудофеъ суиистифода накунад.

Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва вазири қаблии саноеъи Тоҷикистон, ки дар зиндон ба сар мебарад, рӯзи панҷшанбеи 6 март ба иттиҳоми тақаллуб аз сӯйи масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд.

Гуфта мешавад боздошти оқои Зокиров ба вом гирифтани ӯ аз як бонк, ки зоҳиран чанд сол пеш анҷом шуда ва то кунун бахши аъзаме аз бидеҳии худро пардохтааст, рабт дорад, - амре, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, аз салоҳияти Ожонси зидди фасод берун аст.

Дар баёнияи худ Кумисиюни Байналмилалиии Ҳуқуқдонҳо аз он ибрози нигаронӣ карда, ки ин амр ба фаъъолияти ҳирфаии оқои Зокиров, яъне дифоъи фаъъолонаи ӯ аз Зайд Саидов, марбут аст.

Ҳамчунин, ин созмон навишта, ки ду вакили дигари вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон, бо фишор ва таҳдидҳо дар робита бо фаъъолияти ҳирфаияшон рӯбарӯ шудаанд.

Рушин Пилой (Róisín Pillay), раҳбари Барномаи Урупои Кумисиюни Байналмилалиии Ҳуқуқдонҳо, гуфта, ки таъқиби қонунии вукалои мудофеъ барои фаъъолиятҳои ҳирфаии онҳо бо мавозини байналмилалӣ дар мавриди истиқлоли вукалои мудофеъ муғоир аст ва системи адолати кайфариро зери суол мебарад.

Вай афзудааст: "Дар иҷрои вазоифи ҳирфаии худ вукалои мудофеъ бояд аз таҳдид, озору азият, тарс додан ва таъқиби худсарона бояд озод бошанд. Кумисиюни Байналмилалиии Ҳуқуқдонҳо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, ки амонати вукалои мудофеъро ҳифз кунанд ва аз низоми адолати кайфарӣ барои таҳдид ва таъқиби вукалои мудофеъ суиистифода накунанд."

Тибқи усули асосии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи нақши вукалои мудофеъ, ҳисоби вукалои мудофеъ аз қазияи муваккилони онҳо ҷудост ва давлат муваззаф аст вукалои мудофеъро аз ҳамла ва иръоб, аз ҷумла таъқибу боздошти худсарона ҳифозат кунад.

Қаблан Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва раиси Кунсерсиюми ҳуқуқдонҳои Тоҷикистон, бо интишори як баёния иттиҳоми ворида алайҳи Фахриддин Зокировро сохтагӣ ва боздошти ӯро "оғози ҷанг алайҳи вукалои мудофеъ" хонда буд.

Бархе аз коршиносон боздошти оқои Зокировро ба фаъъолияти ҳирфаияш ва баҳсҳои ӯ ва вукалои мудофеъи дигари Зайд Саидов бо масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон марбут хондаанд.

Аммо Ожонси зиддифасод то ҳол дар бораи далоили боздошти ӯ расман хабаре пахш накардааст.

Матолиби муртабит