Зойиров мақомҳои зиндонро ба додгоҳ мекашад

  • 15 Апрел, 2014
Р. ЗойировImage copyrightBBC World Service
Image caption Раҳматилло Зойиров аз ҳуқуқдонҳои шинохта ва аз мухолифони умдаи давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), иддаъои модари Маҳмадраҳим Саидовро рад карда ва эълом кардааст, ки алайҳи ӯ ва раҳбарони яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе ба додгоҳ муроҷиъа мекунад.

Дар моҳи гузашта бархе аз расонаҳои маҳаллӣ аз қавли оқои Зойиров дар бораи ҷон додани Маҳмадраҳим Саидов дар зиндон хабар дода буданд. Ахиран модари оқои Саидов дуруғ будани ин хабарро эълом карда ва ба додгоҳ дар бораи ҷуброни зарари маънавиро тақозо карда буд.

Дар номаи норизоятии оқои Зоиров, ки ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол шуда, иддаъои модари оқои Саидов рад карда шуда ва раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот иддаъо дорад, ки вай дар бораи ҷон бохтани як зиндонии дигар хабар додааст.

Ҳамзамон Раҳматилло Зойиров эълом карда, ки бо матни шикояти модари Саидов ба додгоҳ ошно шудааст ва қасд дорад рӯзи чаҳоршанбе ба додгоҳ бо даъвои “мутақобил” муроҷиъа кунад.

Оқои Зойиров навишта, ки хабари марги як зиндониеро, ки шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, як зиндонии дигар буд, тавассути манобеъи мухталиф дастрас карда ва дар он дар бораи фавти Маҳмадраҳим Саидов иттилоъе пахш накардааст.

Вай муътақид аст, ки чунин иттилоъ барои бадном кардани раҳбари ҲСДТ пахш мешаванд: "Ин хабарро дигар шахсони манфиъатдор махсус ва дидаву дониста, бо истифода аз "каналҳои" боэътимод, пахн кардаанд барои "дискредитатсияи" (беобрӯсозии) Раҳматилло Зойиров. Оид ба ин масъала ва худи хешу таборони Маҳмадраҳим Саидовро, сараввал, Сафаралӣ Саидовро, акнун модараш Сафолова Савлатро, ки имкони дарки масъалаи ҳуқуқиро надоранд, дар ин роҳ истифода мебаранд."

Раҳматилло Зойиров раҳбари яке аз аҳзобии бонуфузи мухолифи давлати Тоҷикистон аст. Тайи як соли ахир ӯ ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, дар расонаҳои давлатӣ ҳадафи ҳамалоти лафзии ончи "фабрикаи ҷавоб" хонда мешавад, қарор гирифтааст.

Матолиби муртабит