Шӯрои сиёсии ҲСДТ юриши гурӯҳе аз занон ба дафтарашро маҳкум кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) бо интишори як баёния юриши гурӯҳе аз занони тарафдори Президент Раҳмон ба дафтари ин ҳизбро шадидан маҳкум карда ва ин иттифоқро нақзи ҳуқуқи ҳизб ва раҳбараш Раҳматилло Зоиров хондааст.
Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот, ки баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 13 декабр мунташир шуд, баҳам задани нишасти хабарии як сиёсатмадор тавассути гурӯҳе аз занон дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳодисае бесобиқа дар 10 соли ахир унвон шудааст.
Дар ин баёния омадааст: "Пурсишҳо ва таҳлили наворҳо маълум кард, ки ин занон як гурӯҳи махсуси муташаккил дар шаҳри Душанбе буда, кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе онҳоро ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекардаанд. Аз ҷумла, як корманди Кумитаи амнияти миллӣ ва се корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон будани онҳо муъайян карда шуд."
Ҳамчунин, рӯшан шудааст, ки аз ҷумлаи занҳои муътариз ба оқои Зоиров ду нафар дар тазоҳуроти назди сафорати Омрико дар моҳи апрели соли ҷорӣ низ ширкат доштаанд. Ин тазоҳуроти гурӯҳе аз занон ва навҷавонон дар эътироз ба озодии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон ва паноҳандаи Омрико, аз боздошт дар Укройн барпо шуда буд.
Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот мегӯяд, яке аз занон, ки рӯймоли сафед дар сар дошта ва Раҳматилло Зоировро ба барафрӯхтани оташи ҷанг дар шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта муттаҳам карда буд, дарвоқеъ корманди собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст.
Ин зан зимни эътироз ба оқои Зоиров иддаъо дошт, ки шавҳараш дар амалиёти низомии 24 июли соли гузашта дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст. Аммо ба гуфтаи аъзои Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот, таҳқиқоти ҳизбӣ мушаххас карда, ки ин зан аслан шавҳар ва ё фарзанде надоштааст.
Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот иддаъои занҳои муътариз ба раҳбари ин ҳизб, мабнӣ бар ин ки гӯё сокинони биноҳои наздик ба дафтари ҲСДТ ҳастанд, бепоя талаққӣ шудааст.
Фаъъолони ҳизбӣ юриши занон ба дафтари худро амале созмонёфта ва ҳидоятшуда аз тарафи як“гурӯҳи махсуси муташаккил” аз ниҳодҳои амниятию интизомии Тоҷикистон хондаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳануз ҳеч вокунише ба ин иддаъо накарда, вале Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи гузашта ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки агар иддаъои оқои Зоиров дуруст бошад, пас ӯ бояд асомии кормандони пулисро эълом кунад.
Зимнан, Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот дар мавриди ин иттифоқ ҳамчунин имрӯз ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдааст. Дар ин нома аз додситонии кул тақозо шуда, ки шахсияти занҳои муътариз ба оқои Зоиров ва маҳалли корашонро мушаххас кунад ва ба ин ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ диҳад.
Худдории занон аз мулоқот бо Зоиров
Гурӯҳе аз занон, ки худро тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, муъаррифӣ карданд, субҳи сешанбеи 10 декабр ба дафтари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот юриш бурда ва нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров, раҳбари ин ҳизбро, ба ҳам заданд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки онҳо гуфта буданд, ки дар бораи нишасти хабарии раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот (ҲСДТ) аз шабакаи иҷтимоъии Фейсбук хабар ёфтаанд, рӯзи гузашта оқои Зоиров тавассути ин шабака занҳои муътариз ба худро барои мулоқот ба дафтари ин ҳизб фарохонда буд.
Оқои Зоиров қаблан ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки аз ин тариқ мехоҳад бифаҳмад, ки ин занҳо чи касоне ҳастанд ва ҳадафашон аз юриш ба дафтари ҳизби сусиёл-демукрот ва баҳам задани нишасти хабарии ӯ чист.
Аммо бо вуҷуди даъвати оқои Зоиров дар шабакаи Фейсбук, занҳои муътариз ба ӯ рӯзи ҷумъаи 13 декабр дар дафтари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ҳозир нашудаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, гуфт, ки ба ин тартиб, фурсати ҳалли мусолиматомези ин қазия аз миён рафта ва мақомоти ҳизбӣ аз баҳам задани нишасти хабарии оқои Зоиров тавассути ин гурӯҳи занон ба додситонӣ шикоят хоҳанд бурд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ҳакимов, рӯшан шудааст, ки ин гурӯҳ аз занон аз вуҷуди шабакаи иҷтимоъии Фейсбук дар интернет чандон хабаре надошта ва юриши онҳо ба дафтари ҳизби сусиёл-демукрот аз сӯйи як ниҳоди вижаи давлатӣ тарҳрезӣ шудааст.
Ин гурӯҳи занҳо се рӯз қабл, замоне ки Раҳматилло Зоиров пас аз сафари ахири худ ба Укройн, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон нишасте хабарӣ барои рӯзноманигорон барпо карда буд, ба таври ногаҳонӣ вориди дафтари ҳизби сусиёл-демукрот шудаанд.
Ба гуфтаи хабарнигороне, ки дар ин нишаст ҳозир буданд, занҳои муътариз ба оқои Зоиров дарафтода ва нисбат ба ӯ алфози қабеҳ ба кор бурдаанд. Онҳо, аз ҷумла, ӯро “хоини миллат” хондаанд.
Гуфта мешавад, занҳои муътариз худро тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, хонда ва Раҳматилло Зоировро, ки аз мухолифони умдаи оқои Раҳмон ба шумор меояд, ба барафрӯхтани оташи ҷанг, аз ҷумла амалиёти маргбори нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ дар тобистони соли 2012, муттаҳам кардаанд.
Ба далели шӯру ғавғое, ки ин гурӯҳи занҳо дар дафтари ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолиф, бапо карданд, оқои Зоиров маҷбур шудааст нишасти хабарии худро қатъ кунад.
