Зоиров пулисро ба ҳамдастӣ дар юриши занон ба дафтари ҳизбаш муттаҳам кард

  • 12 Декабр, 2013
Зойиров
Image caption Оқои Зоиров гуфт, ки кормандони пулис ба унвони “гурӯҳи пуштибон” аз занҳои муътариз дар дафтари ҲСДТ ҳузур доштанд

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) кормандони Вазорати умури дохилаи ин кишварро ба пуштибонӣ аз юриши гурӯҳе аз занон ба дафтари ин ҳизб муттаҳам кард.

Раҳматилло Зоиров рӯзи панҷшанбеи 12 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар зарфи ду рӯзи ахир фаъъолони ҲСДТ мушаххас кардаанд, ки се марди ҳамроҳ бо гурӯҳи занҳои юришбурда ба дафтари ин ҳизб кормандони пулис будаанд.

Ба гуфтаи оқои Зоиров, кормандони пулис ба унвони “гурӯҳи пуштибон” аз занҳои муътариз дар ин рӯйдод ҳузур доштаанд, то дар сурати зарурӣ аз онҳо ҳимоят кунанд.

Аз ин лиҳоз, ӯ ба зӯр вориди дафтари ҳизби сусиёл-демукрот шудани занҳо ва баҳам задани нишасти хабарии раҳбари ин ҳизбро як амали тарҳрезишудаи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Аммо Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин иддаъро рад кард ва гуфт, ки оқои Зоиров барои исботи иддаъои худ бояд асомии кормандони пулисро эълом кунад.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари ҲСДТ гуфт, ки шахсияти бархе аз занҳои муътариз алайҳи ӯ низ мушаххас шудааст. Аз ҷумла, яке аз ин занон ним сол қабл дар тазоҳуроте дар назди дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон низ ширкат доштааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, рӯзи гузашта ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки шаш моҳ қабл гурӯҳе аз сокинони шаҳри Кӯлоб, умдатан занҳо, бо шиъорҳои “Мо намехоҳем ҷанг шавад” ва “Намехоҳем дар Кӯлоби мо чунин чорабинӣ баргузор шавад” ба дафтари маҳаллии ҲНИТ дар Кӯлоб омада ва ҷараёни як тадбири ҳизбиро мухтал карда буданд.

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, ин тадбири ҳизбӣ таҷлил аз мавлуди Ҳазрати Муҳаммад, паёмбари Ислом, будааст. Ин афрод то охири маҳфил дар атрофи сохтмони ҳизб таҷаммӯъ карда, аммо ҷасорати ворид шудан ба дохили дафтари ҲНИТ-ро надоштанд. Эҳсос мешуд, ки ин гурӯҳ аз ҷониби касе ҳидоят шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар мавриди яке аз занони муътариз алайҳи раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, ки рӯймоли сафед дар сар дошта ва Раҳматилло Зоировро “хоини миллат” хонда буд, иттилоъоте ба даст омадааст.

Раҳбари ҲСДТ гуфт, ки исми ин зан Лола буда ва имкон дорад шавҳараш корманди собиқи ниҳодҳои амниятӣ ё интизомии Тоҷикистон бошад. Зеро ин зан иддаъо дошт, ки дар ҷараёни даргириҳо дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон дар тобистони соли гузашта шавҳарашро аз даст дода ва Раҳматилло Зоировро аз барафрӯзандагони оташи ин ҷанг хонда буд.

Оқои Зоиров гуфт, ки мумкин аст шавҳари ин зан дар суфуфи нерӯҳои давлати Тоҷикистон дар амалиёти шаҳри Хоруғ ширкат карда бошад. Ӯ гуфт, ки дар шикояташ унвонии додситонӣ аз ин ниҳод дархост карда, то ба шиносоии шахсияти шавҳари ин зан мусоъидат кунад.

Интизор меравад раҳбари ҲСДТ фардо, ҷумъаи 13 декабр, шикояти худ аз мудохилаи занҳо дар умури ин ҳизб ва баҳам задани нишасти хабарии раҳбари онро ба Додситонии кулли Тоҷикистон таслим кунад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров аз тариқи шабакаи иҷтимоъии Фейсбук аз занҳои муътариз ба ӯ даъват кардааст, ки соъати 10-и субҳи фардо барои гуфтугӯи ошкор ба дафтари ҳизбаш ҳозир шаванд.

Оқои Зойиров гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи ин гуфтугӯ баёнияи Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот дар бораи юриши шуморе аз занҳо ба дафтари ин ҳизб мунташир хоҳад шуд.

Субҳи сешанбеи 10 декабр гурӯҳе аз занҳо, ки теъдодашон беш аз 10 нафар буд, ба таври ногаҳонӣ вориди дафтари ҲСДТ шуда ва ба Раҳматилло Зоиров, раҳбари ин ҳизб, дарафтоданд ва нисбат ба ӯ алфози тавҳиномез ба кор бурданд ва ӯро “хоини миллат” хонданд.

Ба далели шӯру ғавғое, ки ин гурӯҳи занҳо дар дафтари ҳизби сусиёл-демукрот барпо карданд, оқои Зоиров маҷбур шуд нишасти хабариии худро қатъ кунад.

Матолиби муртабит