Юриши занони ҳомии Раҳмон ба Зоиров: авбошӣ ё озодии баён

  • 11 Декабр, 2013
Занҳо
Image caption Рӯзи гузашта гурӯҳи занҳо дар дафтари Ҳизби сусиёл-демукрот тазоҳур карда будан

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, ки дар садад аст рӯзи панҷшанбеи 12 декабр дар мавриди юриши гурӯҳе аз занон ба дафтари ин ҳизб ба додситонӣ шикоят барад.

Оқои Зойиров рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр гуфт, ки фаъъолони ҳизби сусиёл-демукрот феълан машғули таҳқиқи ҳувияти заноне ҳастанд, ки рӯзе қабл нишасти хабарии ӯро мухтал карданд.

Ӯ гуфт аз гуфтугӯ бо руасои маҳаллаҳои наздик ба дафтари ҲСДТ чунин бармеояд, ки ин афрод сокинони хиёбони Маяковскии ноҳияи Сино нестанд ва аз манотиқи дигари шаҳр омадаанд. Ин дар ҳолест, худи занон гуфта буданд, ки сокинони хиёбони Маяковский ҳастанд.

Субҳи сешанбеи 10 декабр тақрибан 10 нафар аз занон, ки худро тарафдори сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мехонданд, ба таври ногаҳонӣ вориди дафтари ҲСДТ шуда ва ба Раҳматилло Зойиров дарафтоданд ва ӯро ба ноором кардани авзоъи Тоҷикистон муттаҳам карданд.

Ба далели шӯре, ки ин гурӯҳи занон дар дафтари ҳизби сусиёл-демукрот бапо карданд, оқои Зойиров маҷбур шуд нишасти хабарии худро қатъ кунад. Ин рӯйдод ба вокунишҳои тунде дар шабакаҳои иҷтимоъӣ доман задааст. Мо низ аз бархе шахсиятҳои сиёсию иҷтимоъӣ хостем назароти худро бо мо дар миён гузоранд:

Исмоъил Талбаков, муъовини раҳбари ҳизби кумунист:

"Умуман, мудохила дар фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоъӣ ва ғайридавлатӣ як амали ғайриқонунӣ аст. Бояд аз ин гуна амалҳо қотеъона ҷилавгирӣ шавад, дар ғайри ин сурат дар ҷомеъа ин боъиси падидаҳои номатлуб мешавад.

Ҳар ҳизби сиёсӣ дар доираи ваколату салоҳият ва ойинномаи худ фаъъолият мекунад. Шаҳрвандоне, ки ба ин аҳзоб муносибате надоранду кори онро халалдор мекунанд, ин корашон бо одоби инсонӣ ва қонунҳои Тоҷикистон мухолиф аст. Ин амал “авбошӣ” маънидод шуда, бояд дар чорчӯби қонун арзёбӣ шавад.

Бояд маърифати сиёсии шаҳрвандони кишвар боло бурда шавад ва дар ҷомеъа таҳаммул нисбат ба ақоиди мухталиф таблиғ шавад. Ҳар ҳизби сиёсӣ фикру ақидаи худро дорад, агар қонуншиканӣ кунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад."

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ:

"Ин ҳодиса нигаронкунанда аст. Шаш моҳ қабл, ҳизби мо низ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо чунин ҳодисае рӯбарӯ шуда буд. Гурӯҳе аз сокинони шаҳр, умдатан занҳо, бо шиъорҳои “Мо намехоҳем ҷанг шавад” ва “Намехоҳем дар Кӯлоби мо чунин чорабинӣ баргузор шавад” ба дафтари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб омада ва як тадбири ҳизбиро мухтал карданд.

Ин тадбири ҳизбӣ таҷлил аз мавлуди Ҳазрати Муҳаммад, паёмбари Ислом, буд. Ин афрод то охири ҳамоиш дар атрофи сохтмони ҳизб таҷаммуъ карданд, аммо ҷасорати ворид шудан ба дохили дафтари ҲНИТ-ро надоштанд. Эҳсос мешуд, ки ин гурӯҳ аз ҷониби касе ҳидоят шудааст.

Ҳодисаи мушобеҳе, ки дар дафтари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон иттифоқ уфтод, барои давлати демукротик ва ҳуқуқбунёд нанг маҳсуб мешавад.

Чи гуна гурӯҳе аз занҳо метавонанд бидуни иҷозаи шаҳрдорӣ ва мақомоти дигар ба дафтари ҲСДТ ба зӯр ворид шуда, монеъи нишасти хабарӣ шаванд? Ҳамон занҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар назди сафорати Омрико тазоҳур карданд ва ягон ниҳоди давлатӣ монеъи ин амал нашуд.

Тасаввур кунед, як гурӯҳи тарафдорони аҳзоби дигар вориди дафтари ҳизби ҳокими халқи демукротик шавад ва аз тадобири он монеъ шавад. Оё мақомоти Тоҷикистон чунин ҳодисаро таҳаммул мекунанд?

Аз ин лиҳоз, ин ҳодиса нигаронкунанда аст ва мақомот бояд ҷиддан дунболи ин масъала шаванд. Ҳол он ки шахсиятҳо мушаххас ва чеҳраҳои шинос ҳастанд. Умедворем мақомот ҳарфи ниҳоии худро хоҳанд гуфт."

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон:

"Ҳамлаи гурӯҳе аз занҳо ба дафтари ҳизби сусийл-демукрот ва баҳам задани нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб, нақзи ҳуқуқи инсон ва эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи озодии баён маҳсуб мешавад.

Зеро онҳо нишасти хабариро баҳам заданд, Зойировро аз ҳаққи ибрози назар ва хабарнигоронро аз ҳаққи дарёфти иттилоъ маҳрум карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки бархе аз занҳои муътариз дар тазоҳуроти моҳи апрели соли ҷорӣ дар назди сафорати Омрико дар Душанбе низ ширкат доштанд ва аксҳои онҳо дар шабакаи Фейсбук мунташир шудааст, ин як амали созмонёфта ба назар мерасад.

Мо аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон тақозо дорем, то омилони ин ҳодисаро боздошт ва муҷозот кунанд.

Ба назари мо, боздошти ин афрод кори душворе нест. Зеро занҳои муътариз бидуни ниқоб бо рӯйи боз омаданд ва аз онҳо ба миқдори кофӣ акс ва наворбардорӣ шудааст."

Усмон Солеҳ, сухангӯйи ҳизби ҳокими халқи демукрот:

"Ҷомеъаи мо демукротик аст, занҳо ба дафтари ҳизби сусиёл-демукрот рафта, муносибат ва андешаҳояшонро нисбат ба кирдору амалҳои Раҳматилло Зойиров баён карданд. Ин амал нишонаи демукросӣ ва озодӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст.

Аз сӯйи дигар, Раҳматилло Зойиров чаро ҳаводиси як кишвари дигар, нооромиҳо дар Укройнро шарҳ медиҳад? Ҷомеъаи Тоҷикистон аз эътирозҳои шаҳри Киев огоҳ аст. Ҳоҷат нест, ки оқои Зойиров биёяду хабарнигоронро ҷамъ карда, онро шарҳ диҳад. Ин чиз нигаронкунанда аст.

Ҳоло мегӯянд, ки агар чунин ҳодиса дар дафтари ҳизби халқи демукрот рух медод, чи мешуд? Ҳизби мо ба чунин иқдомҳое даст намезанад, ки боъиси нигаронӣ ва эътирози як гурӯҳ ё қишри ҷомеъа шавад.

Иқдомҳои ҳизби халқи демукрот ба манфиъати халқ аст, ба нафъи оромию осудагии мардуми Тоҷикистон аст.

Ба фикри ман, занҳо ягон асос доштанд, ки дар дафтари ҳизби сусиёл-демукрот эътироз карданд. Баъзеҳо шавҳару баъзеи дигараш фарзандони худро аз даст додаанд.

Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки иқдомҳои оқои Зойиров ба нафъи оромию суботи Тоҷикистон нест. Аз ин рӯ, мо аз ин иқдоми занҳои ташаббускор (мубтакир) истиқбол мекунем.

Матолиби муртабит