Раҳматилло Зойиров аз натоиҷи интихобот ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд

  • 15 Ноябр, 2013
Зойиров
Image caption Оқои Зойиров аз мусаваббаи КМИҲ дар бораи натоиҷи интихобот ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот Тоҷикистон аз мусаваббаи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) дар бораи натоиҷи интихоботи раёсатии ҷумҳурӣ ба Додгоҳи олии ин кишвар шикоят бурд.

Оқои Зойиров, ки рӯзи ҷумъаи 15 ноябр, бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт, субҳи имрӯз мусаваббаи КМИҲ –ро дарёфт карда ва бар асоси ин санад дар мавриди "баргузор нашудани интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр" ба Додгоҳи олӣ шикоят кардааст.

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар авоили ҳафтаи ҷорӣ зимни як баёния гуфта буд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳудуди 33 дарсади раъйдиҳандагон ширкат карда ва аз ин лиҳоз, ин интихобот "баргузоршуда маҳсуб намешавад".

Дар ин баёния таъкид шуда буд, агар 50 дарсад аз интихобкунандагони дохили Тоҷикистон пойи сандуқҳои раъй рафта бошанд ва фақат 5 дарсад аз теъдоди умумии муҳоҷирони корӣ, ки теъдодашон яку ним милюн аст, дар интихобот ширкат карда бошанд, пас мизони мушорикати умумӣ чизе ҳудуди 33 дарсад хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 13 ноябр, ба ҳангоми эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар, мушорикати раъйдиҳандагон дар ин интихоботро 90,1 дарсад арзёбӣ кард.

Бар асоси натоиҷи ниҳоӣ Эмомалӣ Раҳмон бо касби 84,23 дарсади раъйи мардум дар миёни 5 рақиб пирӯз шудааст.

Ҳамзамон, Раҳматилло Зойиров таъкид кард, дар ҳоле ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад, ки аз қабл барояш натиҷагирии додгоҳ дар қиболи ин даъво рӯшан буда, аммо “бо ин вуҷуд мехоҳад ба хотири ба ҷомеъа равшан сохтани моҳият ва табиъати ҳокимияти судии Тоҷикистон шикоят барад.”

Зимнан, ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ба далели пазируфта нашудани дархосташ дар бораи лағви номзадии Эмомалӣ Раҳмон ва сабти номи Оқниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби КМИҲ ин ҳизб интихоботи 6 ноябри соли ҷориро таҳрим карда буд.

Ҳамчунин,ҷиноҳи Мирҳусейн Назриеви ҳизби сусиёлист, ҷунбиши “Ватандор” ба раҳбарии Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон ва Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” низ интихоботи раёсати ҷумҳурии кишварро таҳрим карда ва аз ҷонибдорони худ даъват карда буданд, ки дар рӯзи интихобот ба пойи сандуқҳои раъй нараванд.

Вале Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат расман интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим накарда ва гуфта буд, ки “аз ширкат дар интихобот худдорӣ мекунад.”

Матолиби муртабит