Эродҳои Шӯрои сиёсии сусиол-демукротҳо аз фаъъолияти ИНИТ

  • 20 Сентябр, 2013
Ҳакимов
Image caption Оқои Ҳакимов гуфт, бо вуҷуди баъзе ихтилофи назарҳо дар Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ ҲСДТ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ хоҳад кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон гуфтааст, дар ҷараёни пешниҳоди Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзад ба интитхоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар “нақзи баробарҳуқуқӣ ва усулҳои демукросӣ” мушоҳида шудааст.

Ин шӯро гуфтааст гурӯҳи кории Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи ин кишвар (ИНИТ) аз салоҳиятҳои худ фаротар рафта ва дар мавриди номзади ягонаи ИНИТ тасмими ниҳоӣ гирифтааст.

Масъулони ҳизбисусиёл-демукротҳо, яке аз бахшҳои умдаи иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон дар ин бора баёнияе нашр кардаанд.

Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари ҲСДТ, рӯзи ҷумъаи 20 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки раёсати ҷаласаи умумии ИНТИ-ро ба ӯҳда дошт, эроду пешниҳодҳои ширкаткунандагони ин ҷаласаро нодида гирифта ва имкон надод, то аз толор номзадҳои дигар пешниҳод шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ҳакимов, номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, аз ҷониби аъзои Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ мувофиқа шуда ва хатари тасвиб нашудани ин номзад дар иҷлоси умумӣ вуҷуд надошт.

Дар баёнияи Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ки шоми панҷшанбеи 19 сентябр, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш шуд, наҳваи пешниҳоди номзадии хонуми Бобоназарова ба интитхоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун “нақзи баробарҳуқуқӣ ва усулҳои демукросӣ” арзёбӣ шудааст.

Дар баёния омадааст, бо ин вуҷуд ҲСДТ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пуштибонӣ карда ва дар корзори интихоботии ин номзад низ фаъъолона ширкат хоҳад кард.

Шикоф дар иттиҳодияи?

Ҳамзамон, масъулони ҲСДТ сару садоҳо дар мавриди пайдо шудани шикоф дар суфуфи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро рад карданд.

Далели ширкат надоштани Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ дар Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки куллияи аъзои Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ ширкат дошта ва номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд, ба бемории ӯ рабт доштааст.

Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари ин ҳизб он рӯз дар Анҷумани Ҳизби демукроти Тоҷикистон ширкат доштааст.

Ҳамчунин, Маҳмадшо Ясавиев, раиси бахши шаҳрӣ ва Шӯҳрат Қудратов, узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба ситоди интихоботии ИНИТ шомил шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон хабар дод, ки Анҷумани ин ҳизб барои пешниҳоди номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳанӯз маҳалли баргузории анҷуман мушаххас нашудааст. Кохи Иттиҳоди касаба ва рестурони “Каён” дархости ин ҳизб барои баргузории анҷуманро рад кардаанд.

'Шояд анҷуманро дар кӯча баргузор мекунем'

Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари ҲСДТ гуфт: “Имкон дорад дар кӯча анҷуманро баргузор кунему аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ кунем. Аммо ин амал ба гирдиҳамоӣ марбут мешавад. Тибқи қонун мо бояд 10 рӯз пеш аз ҳукумати шаҳр барои гирдиҳамоӣ иҷоза гирем. Давлат ба ин васила моро ба қонуншиканӣ таҳрик мекунад. Масъулияти ин ҳодиса ба ӯҳдаи мо хоҳад шуд.”

Оқои Ҳакимов гуфт, ҳоло ду бино барои баргузории анҷумани ҳизб интихоб шуда ва ба хотири пеш наомадани мушкил аз эъломи нишонии онҳо худдорӣ шудааст.

Зимнан, Анҷумани 10-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади пешниҳодии Иттиҳодияҳои нерӯҳои ислоҳотхоҳи ин кишвар барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро пуштибонӣ кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва Акбари Тӯраҷонзода, чеҳраи саршиноси мазҳабию сиёсии Тоҷикистон дар Ситоди Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ узвият надошта ва ашхоси боэътимоди Ойниҳол Бобоназарова, номзади ИНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар маҳсуб мешаванд.

Матолиби муртабит