Зоиров аз паёмакҳои таҳдидомези телефунӣ алайҳи худ хабар дод

  • 3 Январ, 2014
Раҳматилло Зоиров
Image caption Оқои Зоиров гуфт дар охирин номае, ки ӯ дарёфт кард, навишта шуда буд, ки “рӯзи охират расидааст”

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), яке аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати ин кишвар, аз дарёфти паёмакҳои телефунии таҳдидомез алайҳи худ хабар додааст.

Раҳматилло Зоиров рӯзи ҷумъаи 3 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар соли гузашта низ вай чунин номаҳои таҳдидомезро дарёфт мекард.

Оқои Зоиров мегӯяд: "Рӯзи якуми январ, яъне замони таҷлил аз аввалин рӯзи соли нав, ба телефуни ҳамроҳи ман номае омад, ки дар он таҳдид ба ҷони ман кардаанд."

Вай афзуд, ки матни чунин номаҳо кӯтоҳ буда ва дар охирин номае, ки ӯ дарёфт кард, навишта шуда буд, ки "рӯзи охират расидааст."

Оқои Зоиров мегӯяд, ки шумораи бархе аз телефунҳо маълум набуданд, вале чанд шумораи дигар бо таҳдидҳоро ӯ сабт карда ва қарор аст фардо дар мавриди ин таҳдидҳо масъулони Дафтари таҳқиқоти ҷиноии шаҳри Душанберо дар ҷараён гузорад.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи декабри соли равон гурӯҳе аз занон ба дафтари ҳизби сусиёл-демукрот, ки дар он ҷо нишасти матбӯъотии оқои Зоиров дар ҷараён буд, юриш бурда ва ин нишастро баҳам заданд.

Ин занон, ки худро тарафдори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, муъаррифӣ карданд, ба оқои Зоиров даруфтода ва бо истифода аз алфози тунду тавҳиномез ӯро “хоини миллат” хонданд.

Рӯзи дигар оқои Зоиров аз амали ин занон ба масъулони зидахл, аз ҷумла Вазорати умури дохила ва Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурда буд.

Тавре ки оқои Зоиров мегӯяд, таҳқиқи ин воқеъа аз сӯйи Дафтари таҳқиқоти ҷиноии шаҳри Душанбе идома дорад ва ҳанӯз вай посухи мушаххасе ба шикояти худ дарёфт накардааст.

Раҳматилло Зоиров раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот ва аз мухолифони сарсахти оқои Раҳмон мебошад.

Вай дар замони пешниҳоди номзадҳо ва муборизоти интихоботии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон оқои Раҳмонро ба нақзи Қонуни асосии Тоҷикистон муттаҳам карда буд.

Иддае аз афроди мухолиф бо сиёсатҳои давлат интизор доштанд, ки оқои Зоиров дар поизи соли гузашта аз сӯйи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаб ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад мешавад, вале чунин нашуд.

Бисёриҳо ӯро яке аз рақибони билқувваи оқои Раҳмон дар ин интихобот арзёбӣ мекарданд.

Дар Тоҷикистон дар гузашта низ бархе аз мухолифони давлат ва ё намояндагони аҳзоби сиёсӣ пёмҳо ё номаҳои таҳдидомезе дарёфт кардаанд. Аз ҷумла, мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" дар соли 2013 аз дарёфти номаҳои таҳдидомез тавассути телефунҳои ҳамроҳ шикоят карда буданд.

Матолиби муртабит