Юриши гурӯҳе аз мардони ношинос ба дафтари ҳизби сусиёл-демукрот
Гурӯҳе аз мардон ба дафтари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон юриш бурда ва хостори қатъи маҳфили ин ҳизб барои таҷлил аз фарорасии баҳор ва солгарди Акашариф Ҷӯраев, овозхони маъруф, шуданд.












Як нафар аз миёни афроди муътариз ба аъзои ҳизби сусиёл-демукрот дар ҳоле ки сурати худро пинҳон медошт, аз ҳама филмбардорӣ мекард


Ин афрод, ки дертар дар дафтари ҲСДТ ҳозир шуданд, худро кормандони пулиси ноҳияи Сино муъаррифӣ карда ва хостанд, ки ҳозирон бо онҳо ба идораи пулис раванд.
