Варзишгарони беҳтарини соли Тоҷикистон мушаххас шуданд

  • 23 Декабр, 2013
Назаров
Image caption Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини соли Тоҷикистон эълом шуд

Бар асоси назархоҳии хабарнигорони бахши варзиши Тоҷикистон Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик варзишгари беҳтарини соли 2013 арёзбӣ шуд.

Оқои Назаров дар соли ҷорӣ дар мусобиқоти байналмилалии варзиши сабук дар Олмон ва Брозил барандаи медоли тило шуда ва дар мусобиқоти мушобеҳе дар Жопун соҳиби медоли нуқра шуда буд.

Ба феҳристи 10 варзишгари беҳтарини соли Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик низ шомил шудааст.

Ин паҳлавон дар мусобаи байналмилалии гӯштини навъи “кураш” дар Туркия дар моҳи ҷорӣ дар вазни то 90 килугромм медоли тилоро ба даст овард.

Ӯ ҳамчунин, дар мусобиқаи самбо дар шаҳри Санкт-Питерзбурги Русия дар зинаи дуюм ҷой гирифта буд.

Ба ин феҳрист, ҳамчунин, Алишер Аҳмадов дар бахши кикбосинг, Саидҷалол Саидов, кураш, Меҳрангез Алиева, теэквондо ва варзишгарони дигар шомил шудаанд.