Боздиди Раҳмон аз мақарри воҳиди вижаи “Олфо”
Дар иртибот бо 20-умин солгарди таъсиси воҳиди вижаи зиддитеруристии “Олфо”-и Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Президент Раҳмон аз ин ниҳод дидан карда ва бо вазъи омодагии тахассусии он ошно шудааст.
Бино ба иттилоъи торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозон дидор карда ва аз 'шуҷоъату корнамоиҳояшон дар мубориза алайҳи терурисм' ситоиш кардааст.
Гуфта мешавад воҳиди вижаи “Олфо” бо фанноварию таҷҳизот ва силоҳу муҳиммоти ҷангии мудерн муҷаҳҳаз буда ва аъзои ин ниҳод дар созмон додани амалиёт барои озод кардани гаравгонон ва бо усули кӯҳнавардӣ ворид шудан ба сохтмонҳои баландошёна маҳорати зиёди касбӣ доштаанд.
Ҳамчунин, ин воҳиди вижаи низомӣ дорои бахши омӯзиши сагҳои пайҷӯ буда ва аз ин сагҳо дар амалиёт алайҳи террурисм истифода мешавад.
Дар воҳиди вижаи зиддитеруристии “Олфо”-и Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон беш аз 1500 афсару сарбоз хидмат мекунанд ва барои фаъъолияти онҳо шароити зарурии моддию фаннӣ фароҳам шудааст.
