Пешниҳоди Раҳмон барои мубориза бо Доъиш

  • 10 Октябр, 2014

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки нерӯҳои вижаи кишварҳои мустақили ҳамсуд бояд фаъъолиятҳои худро ба сурати фаврӣ дар муқобала бо Доъиш ҳамоҳанг кунанд.

Бино ба гузоришҳои расида аз Русия, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора дар суханроонии худ дар нишасти сарони кишварҳои мустақили ҳамсуд дар Минск ибрози назар кардааст.

Бино ба гузориши РИА Новости, ожонси хабарии Русия, оқои Раҳмон пешниҳод карда, ки нерӯҳои вижаи кишварҳои ҳамсуд бояд дар якҷоягӣ бо фаъъолияти гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" мубориза кунанд.

Ӯ гуфтааст, ба нерӯҳои вижа бояд фавран дастурҳои мушаххас барои аз байн бурдани "Давлати исломӣ" дода шаванд.

Тибқи гузориши РИА Новости оқои Раҳмон гуфтааст: "Мо ҳама дар бораи омилҳои ба истилоҳ "Давлати исломиро"медонем. Ҳоло пайваста гузоришҳо мерасанд, ки дар ҷангҳо барои таъсиси ба истилоҳ "хилофати исломӣ" аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои собиқ шӯравӣ ширкат доранд. Ва шумори онҳо аз садҳо то ҳазорҳо хонда мешавад... Пешниҳод мекунам ба нерӯҳои вижа ва ниҳодҳои зирабти мо фавран дастурҳои мушаххас дода шавад, то онҳо талошҳои худро барои аз байн бурдани ин хатар ҳамоҳанг кунанд."