Раҳмон: Муттаҳидӣ омили муҳими ҳалли мушкилот аст
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳамдигарфаҳмӣ,муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллатро аз омили муҳими ҳалли ҳама гуна мушкилот ва рушду тавсеъаи кишвар” арзёбӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбеи 6 октябр дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Панҷ дар ҷануби Тоҷикистон дар ин замина ибрози назар кардааст.
Дар ҳоле раиси ҷумҳурӣ мардумро ба ваҳдату муттаҳидӣ фаро хондааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоъии Интернет, бахусус, “Facebook” даъватҳо барои тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати феълӣ дар яке аз майдонҳои шаҳри Душанбе дар рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ пайдо шудаанд.
Давлати Тоҷикистон расман дар мавриди ин гуна ҳодиса ибрози назаре накарда, вале ба гуфтаи корбарони Интернет дастрасӣ ба шабакаҳои маъмуле чун “Facebook” маҳдуд шудааст.
Торнамои хабарии “Asia-Plus” аз масдуд шудани ҳудуди 300 торнамои хабарӣ дар Тоҷикистон хабар дода ва аз қавли коршиносон ин иқдоми давлати ин кишварро ба пахши даъватҳо барои тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳри Душанбе марбут хондааст, ки дар чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоъии Интернет мунташир шудаанд.
Зимнан, дар намози Иди Қурбон дар рӯзи якшанбеи 5 октябр, дар бештари масоҷиди шаҳри Душанбе аз намозгузорон даъват шуд, ки аз ширкат дар ҳамчунин тазоҳурот худдорӣ кунанд.
Аз ҷумла, имом-хатиби масҷиди Ҷарқишлоқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Душанбе мухолифони дар ғурбатбудаи давлати Тоҷикистонро “хоинон ва ватанфурӯшон” хонда ва гуфт, ки ин афрод қасд доранд кишварро дубора ба нооромиҳо бикашанд.
Дар ҳамин ҳол, Президент Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҳутал, маркази тиҷоратӣ ва коргоҳи хайётӣ дар ноҳияи Панҷ ширкат кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 10 соли ахир барои рушди иқтисоди ин ноҳия аз буҷети давлати Тоҷикистон ба миқдори 223 милюн сомонӣ тахсис шуда ва ин маболиғ дар бахшҳои сохтмон, навсозии роҳҳои иртиботӣ ва пуштибонӣ аз буҷети маҳаллӣ масраф шудааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон аз навоҳии Қумсангиру Бохтари вилояти Хатлон низ дидан карда ва бо ҷараёни ҷамъоварии маҳсули панба ва омодагиҳо ба мавсими сармо ошно шавад.
