Раҳмон дӯстии Ҷомиву Навоиро 'намунаи ибратомӯзи дӯстии тоҷику узбак' хонд
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоише барои таҷлил аз 600-умин солгарди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, шоъир ва орифи бузурги қарни 15-и милодӣ, аз дӯстии деринаи мардумони тоҷику узбак ёдоварӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи 4 октябр зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш, ки ҳамзамон бо маросими таҷлил аз рӯзи забони расмӣ (5 октябр) дар Тоҷикистон доир шуд, дӯстии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бо Амир Алишери Навоиро улгӯе барҷаста аз дӯстии мардумони тоҷику узбак хонд.
Вай аз ҷумла гуфт: "Дар байни пайравони Мавлоно шогирди бовафояш Алишери Навоӣ мақоми хосса дошт ва яке аз аввалин тарҷумонҳои осори ӯ маҳсуб мешуд. Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид, устоду шогирд, бародар бо бародар буд, ки ҳеҷ ғаразе дар худ надошт."
Оқои Раҳмон ҳамчунин ба байте аз достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ишора кард, ки дӯстию рафоқати шогирдаш Навоиро чунин баён мекунад:
Хосса, ки ба боғи ошноӣ, Бар шохи вафо бувад Навоӣ.
Ба гуфтаи ӯ, Алишери Навоӣ низ дар марги "устоди бузургвор ва бародари ҷонияш" Абдурраҳмони Ҷомӣ марсияи ҷонсӯзе суруда, "ҳангоми қироати он аз забони Мавлоно Ҳусайн Воъизи Кошифӣ ҳама мегирянд." Оқои Раҳмон ин марсияро "яке аз беҳтарин намунаҳои шеър дар адабиёти тоҷикии форсӣ" хонд:
Ту бирафтиву дили халқи ҷаҳон зор бимонд, То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар идома гуфт: "Дӯстӣ ва садоқати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ, ки дар ин ду мисраъ баръало эҳсос мешавад, намунаи барҷаста ва ибратомӯзи дӯстии халқҳои тоҷику узбак ба шумор меравад."
Нуриддини Абдурраҳмон бинни Аҳмад бинни Муҳаммад маъруф ба Ҷомӣ ва мулаққаб ба Хотамушшуъаро 24 обони 793-и хуршедӣ (18 августи соли 1414 ) дар ҳаволии шаҳри Ҷом мутаваллид шуда ва 27 обони 871 (21 августи 1492) дар Ҳирот даргузаштааст.
Амир Алишери Навоӣ, шоъир, донишманд ва вазири Султон Ҳусайни Бойқарои Гурконӣ, соли 844-и хуршедӣ (1441-и милодӣ) дар Ҳирот мутаваллид шуда ва соли 907 (1501-и милодӣ) даргузашт. Вай чанд сол вазир буд ва баъд ба тариқати Нақшбандия пайваст ва Абдурраҳмони Ҷомиро пири худ баргузид.
Навоӣ аз нахустин шуъарое буд, ки дар канори форсӣ ба туркӣ ҳам шеър гуфт ва ба ҳамин ҷиҳат ба "Зуллисонайн" машҳур буд. Бархе тазкиранивисон гуфтаанд, ки бо тавсияи Ҷомӣ ӯ ба туркӣ суруданро оғоз кард. Дӯстии ин ду шоъири бузург дар тазкираҳо ба сабт расидааст.
Ихтилоф бо Тошканд
Тоҷикҳо худро меросбари бузургони адаби порсӣ, аз ҷумла Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, медонанд ва узбакҳо Мир Алишери Навоиро сардафтари адабиёти узбак ба шумор меоваранд. Дар маҳофили муштарак аз дӯстии ин ду ба унвони улгӯи "дӯстии ҷовидонаи ду миллат" ҳамеша ёд мекунанд.
Аммо ёдоварии Эмомалӣ Раҳмон аз дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ дар ҳолест, ки тайи ду даҳаи истиқлоли Тоҷикистону Узбакистон равобити ду кишвар бо ҳам беш аз пеш ба тирагӣ гаройидааст. Аз авохири даҳаи 1990 ба ин сӯ миёни ду кишвар низоми раводид ҷорӣ шуда, иртибототи ҳамлу нақлӣ башиддат коҳиш ёфтааст.
Бисёре аз таҳлилгарон ихтилофи назар ва носозгорӣ миёни руасои ҷумҳурии ду кишварро омили аслии ба тирагӣ гаройидани равобити ин ду ҷумҳурии собиқи шӯравӣ медонанд. Вале бархе дигар бар ин назаранд, ки ихтилофоти ду кишвар реша дар тақсимоти марзию ҷуғрофиёии авоили даврони Шӯравӣ ва эҷоди ҷамоҳире ба номи Тоҷикистону Узбакистон дорад.
Тоҷикон муътақиданд, ки дар он даврон бахши аъзаме аз манотиқи тоҷикнишин, бавижа шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, ки гаҳвораи тамаддуни эронӣ ва фарҳангу адаби порсӣ хонда мешаванд, дар сояи сиёсатҳои мустабиддони Истолин ва нуфузи ҷараёни понтуркисм баноҳақ ҷузъе аз қаламрави Узбакистон шудаанд.
Ҳарчанд ихтилофи назарҳо дар ин бора миёни аҳолии фарҳанг ва илму адаби ду кишвар дар замони Шӯравӣ низ матраҳ буда, вале сиёсатмадорон бештар аз шиъори "тоҷику узбак як миллатанду ба ду забон ҳарф мезананд" ҳамвора кор гирифтаанд, ҳарчанд тафсири рӯшане аз он ироа намедоданд.
Тайи ҳудуди понздаҳ соли ахир мавзӯъи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷануби Тоҷикистон ба оташи ихтилофоти ду тараф рӯған рехтааст. Узбакистон, ки аз сарзаминҳои фарох ва мазореъи густардаи панба бархурдор аст, ин тарҳро барои муҳити зист ва арсаи кишоварзии худ хатарбор медонад.
Тоҷикистон, ки кӯҳистони камзамин вале саршор аз об насибаш шуда, ба дунболи тавлиди энержӣ ва касби даромад аз фурӯши нерӯи барқи изофӣ аст. Тошканд ҳамчунини нигарон аст, ки Душанбе бо сохти садде ба буландои 335 метр ҷараёни обро ба мазореъи Узбакистон кунтрул кунад. Аммо мақомоти тоҷик ин иддиъоро ҳамвора рад карда ва мегӯянд, ки ҳаққи ҳамсоягонро муроъот хоҳанд кард.
Мутолеъоти фаннию зистмуҳитии тарҳи "Роғун" аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ, ки натоиҷаш ахиран эълом шуд, мақомоти тоҷикро ризоятманд карда, ҳарчанд ин ниҳоди молии байналмилалӣ хостори тавофуқи ҳамаи кишварҳои минтақа дар мавриди ин тарҳ шудааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ҳудуди яку ним сол пеш ба ин сӯ талош кардаанд дар муносиботи худ бо Узбакистон бознигарӣ кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар баҳори соли гузашта Узбакистонро дар садри авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор дод. Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, ахиран дар чорчӯби нишасти раҳбарони Гурӯҳи Шонгҳой аз Душанбе боздид кард.
Ҳарчанд ёдоварии оқои Раҳмон аз дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ бо таваҷҷуҳ ба солгарди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ амре табиъӣ ба назар мерасад, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ӯ аз ин фурсат ҳам мехоҳад ба суди равобит бо Узбакистон "истифодаи сиёсӣ" кунад.
Забони форсӣ дар Узбакистон
Ин ёдоварӣ дар ҳолест, ки ахиран гурӯҳе аз фаъъолони сиёсии мухолифи давлати Узбакистон мавзӯъи расмият бахшидан ба забони форсӣ (тоҷикӣ) дар канори узбакӣ дар Узбакистонро матраҳ кардаанд.
Қаноъат Одил, узви Анҷумани Осиёи Миёна, як созмони ғайридавлатӣ, ки дар Суэд сабт шудааст, зимни суханронӣ дар як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо хостори "додани мақоми расмӣ" ба забони форсии тоҷикӣ дар Узбакистон шудааст.
Вай мегӯяд: "Касе аз таърих огоҳ аст, медонад, ки тоҷик ва узбак як миллат ҳастанд, ки ба ду забон такаллум мекунанд. Фарҳангу урфу одоб ва тафаккури тоҷикону узбакон дар Узбакистон ва Тоҷикистон яксон аст."
Ба гуфтаи оқои Одил, агар як чунин тасмиме гирифта нашавад, "омили тоҷикӣ" дар Узбакистон мумкин аст "ба инфиҷоре" мунҷар шавад, бавижа агар авомиле хориҷӣ аз таҷрубаи Криме дар Узбакистон истифода кунанд.
Оқои Одил мегӯяд: "Бо машрӯъ шудани забони тоҷикӣ ё ҳамон форсӣ дар Узбакистон мо ба сурати утумутик дар фарҳанги бузурги форсӣ саҳим хоҳем шуд. Дар мероси Абӯъалии Сино, ки дар қаламрави Узбакистон таваллуд шуда ва ё Умари Хайёму Фирдавсиву Рӯдакӣ ва дигарон саҳим хоҳем шуд. Яъне, мо баробар бо тоҷикон меросбари ин фарҳанг хоҳем шуд."
Албатта, то инқилоби уктубр забони форсӣ дар бахши аъзаме аз Осиёи Миёна забони байналмилалӣ буд ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро дарвоқеъ дар мароҳили мухталифе аз торих, бавижа дар давраҳои Сомониён ва Гуркониён, марокизи аслии такомул ва интишори забону адаби порсӣ маҳсуб мешуданд.
Қабл аз поярезии давлати Шӯравӣ дар Варорӯд ҳам забони расмии Иморати Бухоро забони форсӣ буда ва шуъарову нивисандагон ва овозхонҳои зиёде, аз ҷумла мақомсароён, дар дарбори амирони Бухоро ба забони форсӣ сухан мегуфтанд ва месуруданд.
Вале пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 сухан гуфтан ба форсӣ маҳдуд ва ҳатто мамнӯъ шуд. Чунончи торихнигорон мегӯянд, ки Абдурраъуфи Фитрат, нивисандаи маъруф, ки понтуркист шуда буд ва вазорати маъорифро ба уҳда дошт, афродеро, ки дар идорааш ба порсӣ такаллум мекарданд, ҷарима мекард.
Пешниҳоди оқои Одил дар бораи ба расмият шинохтани забони форсӣ дар Узбакистон бо истиқболи фаровоне дар шабакаҳои иҷтимоъӣ рӯбарӯ шуда, вале мақомоти ду кишвари Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз ҳеч вокунише ба он накардаанд. Ҳарчанд ёдоварии оқои Раҳмон аз дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ ба маънои алоқамандии ӯ ба эҷоди равобити беҳтар бо Узбакистон арзёбӣ мешавад.
Нақши Нақшбандия
Яке аз муштаракоти дигари ин ду кишвар пайравии бештари мардуми минтақа аз мактаби фиқҳи ҳанафӣ ва ҷараёни нақшбандия аст, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ низ аз пешвоёни ин мактаб ва ин ҷараён буд. Алишери Навоӣ ҳам аз муридони Ҷомӣ буд ва аз ҳамин тариқат пайравӣ мекард.
Оқои Раҳмон дар бораи ин ҷараёни тасаввуф гуфт: "Ба тариқати нақшбандия, ки як шохаи ороми тасаввуф буда, бо исломи расмӣ, махсусан мазҳаби ҳанафии он мувофиқати зиёд дорад, гаравидани шахсияти фавқулъодаи адабӣ, илмӣ ва ирфоние мисли Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ набуд."
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, олами эҳсосу андешаҳои Ҷомӣ бо шиъорҳои пайравони тариқати Нақшбандия, аз ҷумла “ба зоҳир ба халқ ва ба ботин бо Ҳақ”, “дил ба ёру даст ба кор” бисёр наздик буд.
Вай афзуд: "Суханҳои машҳури Мавлоно дар бораи тамоман маънӣ надоштани низои шиъаву суннӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд. Ва ин як вокуниши оқилонаву ошкоро ба муқобили гурӯҳе аз мутаъассибон буд, ки зери пардаи дини мубини ислом аз рӯи таъассуб ва ҷаҳл дар байни намояндагони равияҳои гуногуни динӣ оташи низоъро доман мезаданд."
Ишораи оқои Раҳмон ба байте машҳур аз Абдурраҳмони Ҷомист, ки мегӯяд:
Эй муғбача аз меҳр бидеҳ ҷоми маям, К-омад зи низоъи шиъаву суннӣ қайам! Гӯянд, ки Ҷомиё, чи мазҳаб дорӣ? Сад шукр, ки харшиъаву сагсуннӣ наям"
Абдурраҳмони Ҷомӣ замоне зиста буд, ки ихтилофи шиъаву суннӣ дар Эрон боло гирифт ва дар ҷангҳои мазҳабии миёни Сафавиён ва Шайбониён мардуми зиёде ба ҷиҳати шиъа ё суннӣ будан ба қатл расиданд.
Тазкиранивисон гуфтаанд, замоне ки лашкариёни шоҳ Исмоъили Сафавӣ ба мазори Ҷомӣ дар Ҳирот расиданд, ҳар куҷо "номи ӯро метарошиданд ва "Ҷомӣ"-ро "хомӣ" мекарданд." Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, тафовути мазҳабӣ ё ихтилофи шиъаву суннӣ имрӯз ҳам бар равобити кишварҳои Осиёи Миёна, бавижа Тоҷикистону Узбакистон, бо Эрон то ҳадде соя андохтааст.
Бо ин ҳол, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ ба муносибати таҷлил аз 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ хостори таҳияи як барномаи муштараки ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ миёни ниҳодҳои илмию омӯзишии се кишвари Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон шуд.
Оқои Раҳмон аз чанде аз донишмандону пажӯҳишгарони тоҷик, монанди Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Аловаддин Баҳоваддинов, Мӯсо Раҷабов, Аълохон Афсаҳзод ном бурд, ки дар пажӯҳиши осори Абдураҳмони Ҷомӣ нақши боризе доштаанд.
Ӯ аз ҷумла ба таҳқиқоте, ки Аълохон Афсаҳзод, ҷомишиноси тоҷик, анҷом дода, ишора кард ва гуфт, ки осори ӯ миёни аҳли илму адаби "кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғонистон" эътибори хосса дорад.
Оқои Раҳмон афзуд: "Ин ҳамкории илмии судманд намунаи равшани он аст, ки донишмандони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон метавонанд дар заминаи мероси муштаракамон корҳои бузурги илмӣ ва адабиро анҷом диҳанд. Умед аст, ки раёсатҳои муҳтарами ниҳодҳои илмии ин се кишвари ҳамзабон дар ин бора андеша мекунанд ва як барномаи ҳамкориҳои илмиву фарҳангиро муштаракан таҳия менамоянд."
Дар робита бо ин мавзӯъ, раиси ҷумҳур ба масъулони Фарҳангистони улум ва муассисаҳои дигари илмиву омӯзишии Тоҷикистон дастур дод, ки "дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд."
Вай ҳушдор дод: "Мо набояд фаромӯш кунем, ки имрӯз дар марҳалаи ҷаҳонишавии равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ қарор дорем. Агар кишварҳо, бахусус кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, дар фаъолияти худ ҳамоҳангӣ надошта бошанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ барояшон душвор хоҳад шуд."
Суханони оқои Раҳмон дар ин бора дар ҳолест, ки манобеъи эронӣ худи ӯро ба надоштани тамоюли ҷиддӣ ба равобити илмию фарҳангии наздиктаре бо Эрон муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад,мақомоти тоҷик чанд сол қабл пешниҳоди лағви дуҷонибаи визо барои атбоъи эронӣ ва тоҷикро напазируфтаанд.
Гузашта аз ин, пешниҳоди ифтитоҳи шуъбаҳои чанде аз донишгоҳҳои Эрон солҳост дар дасти баррасии ҳукумати Тоҷикистон буда ва мақомоти тоҷик то кунун ҳеч посухе ба ҷониби Эрон надодаанд. Ин дар ҳолест, ки чандин донишгоҳи Русия шуъаби худро дар Тоҷикистон бароҳатӣ боз кардаанд.
