Сафири Эрон ба Президент Раҳмон эътимоднома супурд

  • 18 Ноябр, 2014

Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон, ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар эътимодномаро таслим кард.

Оқои Фағонӣ қаблан ба ҳайси сафири Эрон дар Афғонистон ифоъи вазифа карда, дар ҳафтаи гузашта вориди Душанбе шуда буд.

Зимнан, пас аз поёни ваколати Алиасғари Шеърдӯст дар моҳи октябри соли гузашта дар муддати як сол сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон таъйин нашуда ва Сайидмаҳмуди Садрӣ ба таври муваққат раёсати сафорати Эрон дар шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 18 ноябр, дар канори сафири Эрон суфарои ҷадиди Қирғизистон, Мексико, Остролиё, Зеланди Нав, Дания, Словенӣ, Портуғол, Ҳана ва Иттиҳодияи Урупо ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома супурдаанд.

Президент Раҳмон зимни муборакбодӣ дар иртибот барои касби чунин мақом ибрози умедворӣ кардааст, ки онҳо “барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон ва минтақаи мо саҳми намоёни худро мегузоранд.”